Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Помир" - "Спартак"-ро А.Бобоев доварӣ мекунад


Абдураҳим Бобоев
Абдураҳим Бобоев

Абдураҳим Бобоевро сардовари бозии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав таъин кардаанд.

Абдураҳим Бобоев, раҳбари кумитаи нозирони Федератсиони футболи Тоҷикистон, сардовари бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав таъин шудааст.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ), Абдураҳим Бобоеви 57-сола аввалин довари FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) азТоҷикистон аст. Вай ба ҳайси довар дар беш аз 20 бозии байналмилалӣ хидмат кардааст. Ёваронаш душанбегиҳо Владимир Домуллоҷонов ва Султон Қосимов мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши Раҳмон Муртазоев (Душанбе) гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав рӯзи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин бозиро Федератсиони Футболи Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии нахустин ширкати “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ (соли 1989) ташкил кардааст.

Дар ин бозии рафиқона дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, ба мисли Юрий Гаврилов, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Георгий Яртсев, Руслан Нигматуллин, Валерий Шмаров, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Юрий Ковтун, Валерий Кечинов, Андрей Пятнитский, Рамиз Мамедов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев ба майдон меоянд. Мураббиҳои даста Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович мебошанд.

Дар ҳайати “Помир” дурахшонтарин ситораҳои футболи солҳои 70 - 80-ум, бо шумули Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Станислав Карасёв, Алексей Чередник, Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Владимир Ермолаев, Олимҷон Рафиқов, Абдуғаффор Юлдошев, Вазген Манасян, Ҳаким Фузайлов, Владимир Долганов, Александр Пилюгин, Наримон Палабуюк, Сулаймон Бобокалонов, Азамат Абдураҳимов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Шӯҳрат Мамадҷонов, Алиёр Ашӯрмамадов, Умед Алидодов ва дигарон бозӣ хоҳанд кард. “Помир”-ро ба ҳайси мураббӣ барои ин бозӣ Мураббии шоистаи СССР Шариф Назаров омода мекунад.

Нархи чиптаи тамошои бозӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ – 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо ин чипта мухлисон метавонанд, инчунин дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми вохӯрии рафиқона доир мешавад, иштирок намоянд. Бурди асосии лотерея - мошини сабукрави тамғаи “Мерседес – Бенс.”

Бозии рафиқонаи собиқадорони “Помир” - “Спартак” рӯзи шанбе соати 17 шурӯъ мешавад. Қабл аз оғози бозӣ ҳунармандони маъруфи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд. Баъдан расми кушоиши бозӣ барпо мегардад.

Ба иттилои масъулини ФФТ, собиқадорони бошгоҳҳои «Помир» ва «Спартак» тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе шоми ҷумъаи 24-уми октябр соати 18.30 меоянд.

XS
SM
MD
LG