Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, 1500 шаҳрванди ин кишвар ба ҳайси “бедарак” сабти ном шудаанд.

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, бинобар ҳисобҳои муқаддамотӣ ҳудуди 1500 шаҳрванди ин кишвар ба ҳайси “бедарак” сабти ном шуда, сеяки онҳо дар муҳоҷирати кории Русия гум шудаанд.

Камолиддин Аҳмадов, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон аз муҳоҷиронест, ки ахиран дар Русия нопадид шуд. Мақомоти ин кишвар ӯро ба рӯйхати нафароне ворид карданд, ки дар қаламрави Русия нопадид шудаанд. Нозирҷон Аҳмадов, падари ин ҷавон рӯзи 2 сентябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки писараш Камолидин баъди адои хидмати ҳарбӣ чандин сол инҷониб ҳамроҳи бародаронаш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт ва то ҳанӯз шаҳрвандии ин кишварро надошт. Вай бори охир ҳамсару духтарчаи ширхораашро низ бо худ бурд. "Камолидин шаби 27-уми июли соли ҷорӣ бо ман телефонӣ сӯҳбат карда буд. Бегоҳи рӯзи дигар вай аз кор омада, автомобилашро назди хона монд ва бо ҳамин дигар касе ӯро надидааст. Инак , 1 моҳу 8 рӯз

Волидони Камолиддини бедарак бо ин акси писар ба маърака омада буданд

Волидони Камолиддини бедарак бо ин акси писар ба маърака омада буданд

шуд, ки аз писарамон дараке намеёбем”, - мегӯяд Нозирҷон Аҳмадов.

Аҳмадов мақомоти пулиси Тоҷикистонро низ аз ҳодисаи гум шудани писараш дар шаҳри Маскав огоҳ кард ва аз онҳо хостааст, ки дар ёфтани ӯ кӯмак кунанд. Ӯ мегӯяд, ки сарнавишти норӯшани писараш аҳли хонаводаашро дар ҳоли изтироб нигаҳ медорад. Камолиддин Аҳмадов рӯзи 2 сентябр ҳамроҳ бо 200 сокини дигари вилояти Суғд дар маҳфили ёдбуди афроди бедаракшуда дар Хуҷанд иштирок дошт. Ҳар сол дар Русия аз дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус даҳҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик кушта мешаванд. Бархеро ҳам кордиҳандаҳо ба хотири напардохтани маош аз байн мебаранд.

Ширкатдорони аслии ин маросим, ки бо ибткори Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишвар, мақомоти Суғд ва созмони “Гулрухсор” ташкил шудааст, асосан хонаводаҳои афроди бедаракшуда буданд. Андре Пакует, раҳбари маъмурияти Салиби Сурх дар Душанбе гуфт, афроди гумшуда фаромӯш нашудаанд ва онҳо пайваста ҷустуҷӯ мешаванд. Ҷаноби Пакует дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кумита бо ҳукумати Тоҷикистон барои сабти ному ҷустуҷӯи бедаракшудагон бо оилаҳои онҳо ҳамкорӣ дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Пакует, мақомоти тоҷик ҳудуди 1500 нафарро ҳамчун афроди гумшуда сабти ном кардаанд. Бархеи онҳо дар давраи ҷанги шаҳвандӣ ва қисме ҳам дар муҳоҷирати корӣ бедарак шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд, зеро кумита барномаи сабти номи афроди гумшударо дар вилояти Суғд ва манотиқи дигар акнун рӯи даст мегирад. Ин барнома дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ва Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Ғолибҷон Мирмуҳаммадов, аз масъулони ҳукумати Суғд гуфт, ки дар баъзе мавридҳо тағйир ёфтани ақидаи инсон, афтидан ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ ва қочоқбарҳо сабаб мешавад, ки бисёр гумшудаҳо аз худ дарак намедиҳад.

Ба гуфтаи Раънохон Камолова, танзимгари барномаи ҷустуҷӯ дар бахши Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар соли равон 24 хонавода барои дарёфти падар ва писарони муҳоҷири худ аз ин созмон кӯмак хостаанд. Камолова мегӯяд, ки дар баъзе ҳолатҳои дигар мисли носозии зану шавҳар ё ҷанҷоли волидон бо фарзандон, хонаводаҳо ба мақомот муроҷиат намекунанд ва бештар аз созмонҳои ҷамъиятӣ ёрӣ мепурсанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Русия ё умуман хориҷ аз Тоҷикистон бедарак шудаанд, пулис ҷустуҷӯ мекунад.

Вале имконоти ин ниҳод барои пайдо кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар зиёд нест ва умдатан бо хабардоркунии ҳамтоёни онҳо аз давлатҳои дигар маҳдуд мешавад. Вале бархе хонаводаҳо, ки наздиконашон бидуни ҳеҷ асосу баҳона гум шудаанд, дарҳол ба пулис муроҷиат мекунанд. Мусоҳиби авваламон Нозирҷон Аҳмадов сокини шаҳри Ғафуров мегӯяд, ба маҳфили ёдбуди гумшудаҳо акси писарашро бо худ овардааст, ки шояд касе ӯро ҷое дида бошад ва мақомоти масъул дар ёфтани фарзандашон ба онҳо ёрӣ расонанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG