Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин бозори масолеҳи сохтмонии ноҳия Ҳисор тахриб шуда қарор аст ба ҷойи он бозори дигаре бунёд ёбад. Аммо ин барнома боиси норозигии даҳҳо соҳибкори ин бозор шудааст.

Рустам, яке аз соҳибкорони бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Ҳисор аст, ки алакай нисфи мағозаашро булдозер тахриб кардааст. Вай мегуяд, 8 сол боз дар ин бозор фаъолият мекард, аммо намояндагони мақомоти ноҳия бо булдозер омада ба хароб кардани дӯкону ва мағозаҳо шурӯъ карданд.

Вай мегӯяд онҳоро маҷбур карданд, то масолеҳи ба фурӯшгузоштаашонро аз инҷо бардоранд. Рустам гуфт: “Ман ин қадар маҳсулотро куҷо барам? Хонаам барам? Ман дар хонаи баландошёна зиндагӣ мекунам, нашавад, ки ба ҳаштум ошёна барорам”.

Рустам ҳамчунин дар идома афзуд, ки мақомот барояшон аз ҷойи дигар барои сохтани бозор ҷой ваъда додаанд, аммо ба гуфтаи ин соҳибкор онҳо наметавонанд ба ҷойе, ки ба ҷуз замини ҳамвори ваъдагӣ чизе беш нест, маҳсулоти худро онҷо баранд.

Абдураҳмон Миров, соҳибкори дигари ин бозор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бозори мазкур ошхона дошт, ки дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин буданд. Аммо пас аз дастур ва ё судуре ошхонаи ӯро низ дар қатори бозорҳои дигар тахриб карданд. Миров гуфт: “Ҳаждаҳ набера дорам. Инҷоро вайрон карданд. Ман намедонам, ки аз ин пас зиндагиро чи хел пеш мебарам. Инҷо 15 нафари дигар ҳам бекор монанд. Аламовар ин ки барои мо додани ҷойи дигар барои нуқтаи фурӯш ё ҷой барои сохтани ошхонаро ваъда накарданд.”

Ин соҳибкор ҳамчунин гуфт, ки агар бар ивази ҷойи ошхонааш, ки 15 сол қабл бунёд шуда буд, макони дигареро надиҳанд, ба раисиҷумҳур шикоят мебарад.

Саид, яке аз фурӯшандаҳои дигари ин бозор, ки алакай булдозер мағозаашро тахриб кардааст, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, маҳсулоти боқимондаи мағозаашро ба хона мебарад. “16 сол ман ҳаминҷо кор мекардам. Масолеҳи сохтмонӣ мефурӯшам. Акнун хона мебарем, дигар чи кор кунем. Намедонам, агар ягон ҷойи дигар диҳанд онҷо меравем.”

Аксари тоҷирони ин бозор мегӯянд, даромади аслии зиндагии мо аз ҳамин бозар аст ва дар ҳолати вайрон кардани мағозаҳояшон, онҳо ғайри сафар ба Русия дигар чорае надоранд.

Аммо сармуҳосиби бозори ноҳияи Ҳисор, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар суҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфт, тибқи лоиҳаи нав дар ҷойи ин бозор фурӯшгоҳҳои муосири нав бунёд хоҳад шуд. Аммо ин масъули бозор дар посух ба суоли он ки оё баъди сохта шудани бозори нав тоҷирони мағозаҳояшон тахрибшуда бо нуқтаи фурӯш таъмин мешаванд ё хайр, чизе нагуфт ва сӯҳбат дар ин мавридро масъулияти раҳбарони “боло” донист.

Бузургтарин бозори масолеҳи сохтмонии ноҳия Ҳисор воқеъ дар 30 километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин мекард ва ҳоло маълум нест, фурӯшгоҳи нав, ки ба ҷойи ин бозори бузург бунёд мешавад, тавони бо кор таъмин кардани ин қадар мардумро дорад ё хайр. Мояи норизигии даҳҳо корманди бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ин аст, ки онҳо аллакай пул сарф карда, ҷойи кор гирифта буданд ва ҳоло касе ба онҳо шарҳ намедиҳад, ки ин маблағҳо барои харидории нуқтаҳои фурӯш дар бозори нав истифода мешавад ва ё соҳибкорон бояд дубора пул пардохт кунанд.

Бозори масолеҳи сохтмонии Ҳисор ҳудудан 10 сол боз, ки дар маркази ноҳия амал мекунад ва соҳибкорон аз пойтахт ва ноҳияиҳои атроф низ аз ин бозор масолеҳ харидорӣ мекунанд ва онро дар бозорҳои дигар ба фурӯш мегузоранд.

Дар тӯли чандин соли ахир мақомоти Тоҷикистон бозорҳои кӯҳнаро тахриб карда ба ҷойи бархе аз онҳо фурӯшгоҳҳои замонавӣ бунёд кард. Ин фурӯшгоҳҳо ба сурати умум хубанд, вале он қадар ҷойи корӣ надоранд, ки бозорҳои кӯҳна барои мардум фароҳам мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо, вақте бозорҳои кӯна хароб карда шуданд, тоҷирон пули иҷораро бозпас гирифта натавонистанд ва маҷбур шудан дубора иҷорапулии бештар пардохт кунанд. Нархи иҷорапулӣ дар бозорҳои бузурги мисли бозири масолеҳи сохтмонӣ ба масоҳати он бастагӣ дошта, моҳона то 400 долларро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG