Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рустои Қалачӣ ва шаҳраки Красногорски вилояти Оқмуллои Қазоқистон кӯдакон ҳамеша дар ҳоли хоб буданд, ва ба ҳеҷ таконе бедор намешуданд.

Дар яке аз рустоҳо ва шаҳраки вилояти Оқмуллои Қазоқистон кӯдакон аз бемории номаълум ба хоб мерафтанд ва онҳоро бедор кардан ғайриимкон буд ва баъзеҳо ҳатто тамоми шабонарӯз дар чунин ҳолат мемонданд. Коршиносон наметавонистанд сабабҳои чунин ҳолатро маълум кунанд. Гузоришгари вижаи СММ дар ҷараёни боздидаш тирамоҳи соли гузашта аз Остона-пойтахти Қазоқистон аз мақомоти ин кишвар хост, ки сокинони ин русторо ба ҷои дигар кӯч диҳанд.

Ахиран як ҳайати байналмиллалии коршиносон низ аз ҷумла аз ҷумҳурии Чех аз минтақа боздид кард ва сабабҳои ин бемории хобро муайян кард. Мелс Элеоусизов, коршиноси қазоқ роҷеъ ба сабабҳои ин беморӣ аз назари коршиносони байналмиллалӣ ва хулоса онҳо, гуфт:

Элеоусизов: Имрӯз Бердибек Сапарбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон зимни суханонаш аз телевизион изҳор дошт, ки сабаби ин беморӣ гӯё “гази карбон” мебошад. Ман намедонам бо ин изҳороташ вай чиро дар назар дорад, зеро гази карбон аз сӯхтани моеъҳои маъмулӣ ба вуҷуд меояд. Ин изҳоротро ман зери шубҳа мебарам. Ҳамеша дар ин ҷо гази аргон вуҷуд дошт. Албатта, гази карбон ба саломатӣ таъсири бад дорад. Вале дар ин ҷо радиатсия ё ташаъшуъ низ мавҷуд аст. Дар ин минтақа замоне конҳои уран вуҷуд дошт. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳамаи онҳоро бесоҳиб гузоштанд. Ҳатто пул наёфтанд, ки ҳамаи партовҳои уранро гӯр кунанд. Дар давраҳои Шӯравӣ ҳатто мехостанд, ки дар Қазоқистон гӯри ҳастаӣ ё “ядерный могильник “ созанд ва аз саросари ҷаҳон партовҳои уранро ба Қазоқистон оранд. Вале ин кори “девонагӣ” буд. Мо тавонистем ин равандро боздорем. Ҳоло ман намедонам чӣ корҳо дар ин замина анҷом мегирад, чунки маълумот дар ин бора махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Вале агар масъала радиатсия бошад, масъала ҷиддист”.

Озодӣ: Оё ҳукумат барои кӯч додани аҳолии ин манотиқ барномаҳо дорад?

Элеоусизов: Саранҷом мехоҳанд аҳолии Қалачиро кӯч диҳанд ва дар воқеъ чунин ҳам мешавад, барои он ки ин масъала дарди сари ҳамешагӣ аст. Дар давоми солҳои гузашта даҳҳо нафар сокинони ин рустоҳо ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Сокинон шикоят мекунанд, ки аз бемадориву камхунӣ ранҷ мебаранд, сарашон чарх мезанад, бисёр вақт хоболуд ҳастанд ва ҷисман заъиф мебошанд. Ҳаракатҳояшон номураттаб аст. Чунин вазъ мушкилӣ пеш меорад. Ҳукумат барои кӯч додани аҳолӣ аз ин минтақаҳо 2,5 миллион доллар ҷудо мекунад, вале ин пули чандон зиёд нест. Шояд ин дар марҳилаи аввал бошад. Агар раванди кӯч додан оғоз шавад ва ин маблағ кофӣ набошад, ман фикр мекунам, ки боз пули иловагӣ ҷудо мекунанд. Ин масъала на танҳо мушкили зистмуҳитӣ, балки мушкили иҷтимоӣ низ ҳаст”.

Озодӣ: Оё созмонҳои байналмиллалӣ барои ба ҷои дигар бурдани аҳолии минтақа изҳори назар накардаанд. Ба ҳукумат пешниҳодҳои худро надодаанд?

Элеоусизов: Онҳо то андозае аз ин масъала изҳори ташвиш мекунанд, вале он комилан кори ҳукумати Қазоқистон аст. Созмонҳо метавонанд ба нақшаҳои ҳукумат барои ҳар чӣ зудтар кӯч додани аҳолӣ таъсир расонанд. Масъалаи радиатсия дар Қазоқистон ҳассос аст. Ин мушкилиҳо дар ғарби Қазоқистон низ ҳаст. Дар маҳали радиатсия дарахту мева ва сабзиҷот мерӯяд. Вале ман пешниҳод мекунам, ки онро истеъмол накунанд. Дар тарикиби онҳо радиатсия ҳаст.

XS
SM
MD
LG