Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден метавонад боз 2 соли дигар дар Русия бимонад


Эдвард Сноуден
Эдвард Сноуден

Мақомоти Русия муҳлати истиқомати корманди пешини Оҷонсии миллии амнияти Амрико Эдвард Сноуденро барои 2 соли дигар тамдид карданд. Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.

Захарова дар посух ба изҳороти муовини пешини мудири Раёсати марказии иктишофии ИМА Майкл Морелл ин хабарро дар саҳифаи Фейсбук нашр кард. Морелл гуфт, истирдоди Сноуден "беҳтарин туҳфа барои маросими савганд"-и Доналд Трамп хоҳад буд. Пешниҳоди Мореллро Захарова "идеологияи хиёнат" номид.

Эдвард Сноуден дар солҳои гуногун бо Раёсати марказии иктишофӣ ва Оҷонсии миллии амнияти ИМА ҳамкорӣ дошт. Соли 2013 ӯ санадҳои махфиро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт. Санадҳо ба ин далолат мекарданд, ки мақомоти амрикоӣ аз рӯи шаҳрвандони кишварҳои гуногун назорат мебурданд. Сноуден аз ҷавобгарӣ фирор кард - нахуст ба Гонконг рафт ва баъдтар вориди Русия шуда, ҳаққи истиқомат пайдо кард.

Мақомоти ИМА Сноуденро дар дуздии моликияти давлатӣ, истифодаи ғайриқонунии иттилои марбут ба сирри низомӣ ва қасди ошкор кардани маълумоти дорои сиррӣ давлатӣ айбдор мекунанд.

Бештар аз як миллион сокинони кишварҳои ҷаҳон аз президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама хостанд, ки Сноуденро авф кунад. Обама мегӯяд, Сноуден бояд ба додгоҳи амрикоӣ ҳозир шавад. Ин дар ҳолест, Обама ахиран ҳукми Челси Мэннингро, ки ҳуҷҷатҳои махфии иктишофии ИМА-ро ба WikiLeaks дод, сабук кардааст. Интизор меравад, Мэннинг моҳи май ба озодӣ хоҳад баромад.

XS
SM
MD
LG