Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар дар робита ба куштори сафири Русия


Мақомоти Туркия ду нафарро, бо шумули афсари пулис дар заминаи куштори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анқара, боздошт карданд.

Додгоҳи Анқара ҳукми боздошти ду гумонбар, афсари пулис Серҷан Басир ва савдогар Энес Осим Силинро рӯзи 19 январ содир кард.

Ба ду гумонбари дигар амр шуд, ки дар ҷараёни тафтиши қазия аз шаҳр хориҷ нашаванд.

Андрей Карлов рӯзи 19 декабр дар намоишгоҳи расмҳо аз ҷониби сарбози берун аз хидмати пулис, Мавлуд Олтинтош ба қатл расид. Ин сарбоз бо шиори "Ҳалабро фаромӯш накунед", ки эҳтимолан ишора ба дахолати Русия дар ҷанги шаҳрвандии Сурия буд, ба сӯи сафир тир кушод.

Русия ва Туркия аз тарафҳои ба ҳам мухолифи ҷанги Сурия пуштибонӣ мекунанд. Аммо муносибати онҳо, ки баъди сарозер кардани ҳавопаймои Русия аз тарафи Туркия, дар моҳи ноябри соли 2015 ба сардӣ гаравида буд, дар ин авохир беҳтар шуд.

Ин ду кишвар ҳоло муштаракан музокироти сулҳи Сурияро миёнҷигӣ мекунанд, ки қарор аст 23 январ дар Остонаи Қазоқистон оғоз шавад. Ахран Русия гуфт, ки якҷо бо Туркия ҳамлаҳои ҳавоиро болои мавқеи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сурия пиёда карданд.

XS
SM
MD
LG