Пайвандҳои дастрасӣ

​Мардуме, ки дар пойтахти Тоҷикистон хона харидан мехоҳанд, умедворанд, ки ширкатҳои сохтмонӣ бо суст шудани бозори фурӯши хонаҳо нархи манзилро дар Душанбе пойин биоранд.

Бисёре аз сокинони миёнаҳоли Тоҷикистон фурсатеро мунтазиранд, ки нархи манзилҳои навбунёд дар пойтахти кишвар поён омада, харидорияш барои онҳо осонтар гардад. Чунин “умед” баъди бӯҳрони Русия ва сахт шудани қонуни муҳоҷирату кам ворид шудани пули муҳоҷирон ба Ватан ва то андозае суст шудани бозори як вақтҳо хеле гарму пурдаромади сохтмон дар Тоҷикистон пайдо шудааст.

Ҳоло дар пойтахт як метри мураббаи манзилҳои навбунёд аз 500 доллар сар шуда, вобаста ба маҳалл ва сифати сохтмонаш аз 1000 доллар ҳам гоҳо мегузарад. Дар муҷтамаи "Диёри Қатар", ки як ширкати арабӣ дар соҳили Кӯли Ҷавонон бино мекунад, нархи ҳар метри манзил то ба 3000 доллар дакка мехӯрад.

Сокинон мегӯянд, дар ҳоле ки ҳадди маоши миёна дар кишвар ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 120 доллари амрикоист, бояд барои харидории манзили якҳуҷраӣ ҳадди ақал дар бисотат 25 ҳазор доллар дошта бошӣ. Пуле ки як нафар бо маоши миёна дар Тоҷикистон бояд нахӯрда ва напӯшида, дар зарфи 10 сол ҷамъ кунад.

Ё, ба гуфтаи сокинон, барои харидани хона бояд маоше бигирӣ, ки дар давоми аз як то якуним сол тавонӣ ин миқдор пулро ба соҳибони сохтмонҳо диҳӣ. Ин аст, ки онҳое, ки хона надоранд, интизоранд, бо суст шудани бозори фурӯши хонаҳо ширкатҳои сохтмонӣ, арзиши манзилҳоро пойин биоранд.

Муҳайё Нозимова 30 сол дорад ва соҳиби ду фарзанд аст. Ӯву ҳамсараш ҳамагӣ як сол пеш барои худ дар маҳаллаи “Базаи 3-юм”-и шаҳри Душанбе аз биноҳои навбунёд манзили дуҳуҷраӣ хариданд. Ӯ мегӯяд, барои ин сарпаноҳе, ки тоза пайдо кардаанд, тақрибан даҳ сол пул ҷамъ карданд, аммо боз ҳам бидуни қарз манзил харида натавонистанд. Муҳайё ҳамроҳ бо шавҳараш дар як моҳ 500 доллар маош мегиранд ва аз пасандозашон ҳамагӣ 30 дарсади пули хонаро пардохт карда тавонистаанду бас.

Муҳайё Нозимова мегӯяд, хонаашонро ба қимати 35 ҳазор доллар харида, қисмате аз ин пулро аз наздикон ва хешу табор гирифта

Муҳайё Нозимова

Муҳайё Нозимова

додаанд. Вай ҳарчанд аз қарздор монданаш ғамгин аст, вале аз он хушҳолӣ дорад, ки барои пардохти қарзҳояшон касе дари онҳоро намекӯбад ва ё аз бонк барои пардохти ҳармоҳаи қарзу фоизи он занг намезананд.

Аммо на ҳама мисли Муҳайё метавонад бо ёрии фақат наздикони худ соҳиби манзил дар Душанбе шавад.

Зафар Нозимов, муовини раиси ширкати сохтмонии “Адл Кафолат”, ки чанд сол боз дар Душанбе хонаҳои баландошёна месозад, гуфт, аксари муштариёни онҳо пули хонаро аз замони гузоштани пойдевор то анҷоми корҳои таъмираш пардохт мекунанд. Ба қавли ӯ, онҳо низ мехоҳанд бо пойин овардани нархи манзил саффи муштариёни худро бештар карда, манзилҳои бунёдкардаашонро зудтар бифурӯшанд.

“Вале, то ҷое медонед, нарху навои маҳсулот ва кори сахту сангини сохтмон дар ҳоли ҳозир ба ин имкон намедиҳад,” - афзуд ӯ.

Бунёди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳудудан дар 8-10 соли охир суръати тоза касб кард. Дар тӯли ин солҳо муҳоҷирони корӣ солона ба кишвар то 4 миллард доллар ворид мекарданд ва ин сатҳи зиндагии мардумро то андозае боло бурд. Ин қишри аҳолӣ бозори гармеро барои ширкатҳои сохтмонӣ ба вуҷуд овард.

Аммо дар ин авохир бинобар шадид шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, ихроҷи ҳазорон муҳоҷир ва уфти башиддати қурби рубли русӣ интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфт ва талабот ба хонаҳои навсохт низ дигар ба андозае нест, ки як ва ҳатто ним соли пеш.

Ҳоло хонаҳои навро дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон умдатан онҳое харидорӣ мекунанд, ки маоши хуб ва ё пасандози кофӣ доранд.

Видеое дар ин бора дар Ютуб:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG