Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Реал” барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо шуд


«Реал»-и Мадрид барои бори 11-ум барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо гардид.

Дастаи «Реал»-и Мадриди Испания, ки дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо тими дигари Мадрид – “Атлетико”-ро аз рӯи силсилаи пеналтӣ шикаст дод, барои бори 11-ум ғолиби мусобиқоти асосии бошгоҳии футболи Аврупо шуд.

Ин бозӣ шаби шанбеи 28 май дар варзишгоҳи «Сан Сиро»-и шаҳри Милани Италия доир гашт. Зарбаи ҳалкунандаро Криштиану Роналду аз силсилаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 15-уми дидор Серхио Рамос, капитани “Реал”, боз кард. Голи ҷавобии “Атлетика”-ро Янник Феррейра-Карраско дар дақиқаи 79-ум зад.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 48-ум футболбози «Атлетико» Антуан Гризманн аз ҷаримаи 11-метрӣ истифода карда натавонист. Баъди зарбаи бозигари фаронсавӣ тӯб ба тири дарвозаи Кейлор Навас бархӯрд.

«Реал» аз рӯи шумораи ғалаба рекордсмени Лигаи қаҳрамонҳо (бо баҳисобгирии Ҷоми қаҳрамонҳои пешин) мебошад. Ин даста 11 бор ғолиби мусобиқоти пурнуфузтарини бошгоҳии Аврупо шудааст. “Реал” ягона дастаи аврупоист, ки дар мусобиқоти мазкур панҷ бор паиҳам (дар давраи аз соли 1956 то соли 1960) ғолиб омадааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG