Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи бародар ба духтаре, ки мехоҳад, худкушӣ кунад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ҳошияи матлабе роҷеъ ба худкушии Шаҳло Рустамҷоноваи 25-сола номае омад, ки онро намешавад, ба ларзаи дил хонд. Зоҳиран, ин нома барои бисёре аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ такондиҳанда буд, ки даҳҳо нафар ба он посух доданд.

«Ман 26 сол дорам. Аз зиндагӣ чунон дилмонда шудаам, ки мисли девонаҳо мегардам. Касе маро фаҳмида наметавонад. Зиндагӣ кардан намехоҳам. Чанд бор ба худкушӣ даст заданӣ шудам, аммо боз аз роҳам гаштам.

Ҷавонеро 2 сол аст дӯст медораму бо ҳам будем. Ба наздикӣ ӯ бо дигаре оиладор мешавад. Қариб се моҳ мешавад, худамро аз ҳолати ногувор раҳо карда наметавонам. На мусиқӣ, на тамоши филм, на муҳити серодами хонавода, на вохӯрӣ бо дӯстон -- умуман касеву чизе танҳоии маро пур карда наметавонад.

Шабҳо мисли девонаҳо хобам намебарад, рӯзона дар коргоҳ ҳарчанд дар муҳити ҳамкорон ҳастам, вале хаёлам дар дигар ҷой аст. Вуҷудам месӯзад, шабу рӯз фикр мекунам, гӯё чизе маро мегӯяд аз ин дард халос шудан хоҳӣ худро куш.

Шояд хонандаи азиз маро гунаҳкор кунед, ё аҳмақам гӯед, вале ман дар воқеъ чунин ҳолат ҳастам.

Борҳо ба дӯстоштаам занг задам, хоҳиш кардам, ки ақаллан гоҳ-гоҳ дӯстона зангам зан, то аз ин ҳолат халос шавам. Ӯ инро рад кард ва гуфт "Ман бо дигаре оиладор мешавам ва умуман дигар зангат намезанам, ту бояд аз пайи зиндагии хеш шавӣ!"

Бале, шояд ӯ дуруст мегӯяд, аммо ман рӯзҳои гузаштаро фаромӯш карда наметавонам, ӯ ҳамеша дар пеши назарам аст. Ӯ ишқи маро бовар намекунад, ҳамеша маро насиҳат мекунад, охир касе муҳаббати маро бовар карда наметавонад. Касе дарди маро фаҳмида наметавонад.

Умуман зиндагӣ кардан намехоҳам. Дӯстоштаи ман маро фаҳмида наметавонад. Медонам аз зидагим рӯзҳои башумор мондааст. Барои ӯ хушбахтӣ мехоҳам. Агар ӯ дар як моҳ як бор ҳам маро дӯстона занг занад, шояд ман роҳи зидагиямро дигар кунам. Чанд бор хостам аз ошёнаи баланд худро партоям, боз худро доштам, зеро ӯ мохи сентябр тӯй дорад, мехоҳам ӯро аз дурам бошад ҳам, як бор бо либоси домодӣ бубинам. Вақте инсонро одами наздиктаринаш дардашро намефаҳмад ӯро ягона роҳи аз дард халосшавияш худкушӣ аст, ҳарчанде охирататро ҳам месӯзони...»

Аз миёни номаҳое, ки дар посух ба ин сӯзи дил дар ҳошияи матлаби худкушии Шаҳло омаданд, яке бо идрок ва самимияти ҳамсанг таваҷҷӯҳро ба худ кашид. Умедворем, бонуи 26-солаи нависандаи номаи боло садои дили ҳамватани худро шунида бошад ва хуб хоҳад буд, агар ба он посух нависад. Нома чунин аст:

«Хушвахт аз Маскав

Хоҳари нозанину меҳрубон. Офаридгор аз миёни мардум танҳо ба ту яке аз неъматҳояшро, ки шуморааш ҳазорон аст, насиби чашидан додааст. Ин неъматро ҳар кас барои худ, гӯш ба садои дил дода ном мегузорад. Ношукрбанда ношукрӣ мекунаду бо Худову бандааш даст ба гиребон мешавад. Бандаи Худотарс шукронаи неъмати Офаридгор мекунаду орзуи чашидани дигар неъматҳояшро аз даргоҳаш дар дил мепарварад.

Офаридгор ҳеч гоҳ аз даргоҳаш каси орзумандро ноумед намекунад. Зиндагӣ бо пастиву баландиҳояш дилеро меозорад, ки агар он аз санг набошад. Дилеро ки моили раҳму шафкат ва лабрези муҳаббат аст.

Хоҳарҷони ман, модоме ки дили ранҷури ту бесадо месӯзаду сабаби озурдагиашро дар доғи муҳаббат мебинад, барҳақ нақши ин муҳаббат дар қалбат чуқур чой дорад. Барои чӣ дарди дил чунин тоқатнофарсо аст? Чунки Офаридгор дили софу бекинаро чун олудагие пайдо шавад тоза мекунад. Вақте ки ранҷур мешавем, аз Офаридгор бо хитоб мепурсем "чӣ гуноҳе кардаам, ки чунин дарду азоб ба ман раво мебинӣ?!" Бехабар аз тавфиқи Офаридгор.

Хоҳарҷони ман, тасаввур намо, чӣ дарде ҳис мекунӣ ҳангоми тоза кардани хоре, ки ба ангуштат задааст? Офаридгор имрӯз қалби туро тоза мекунад аз олудагии кӯчаке ба хотири неъматҳои бузургтараш, ки дар оянда сазовораш танҳо ту ҳастӣ, на ҳар касе.

Ба хотири ҳамин дили покатро олудаи ифлосиҳои номардон нагардон хоҳарҷони нозанин. Аз ноумедиҳо басе умед аст. Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Уход от жизни это самое простое и решение слабого человека, борец, силный человек не сдается, борется на зло всем смертям. Удачи тебе, хоҳарҷони нозанини ман! Дай мне шанс потанцевать на твоей свадьбе!!!»

Бонуи 26-солаи дорои дили бузург ва пур аз ишқ! Ба ин номаи бародарат чӣ посух медиҳӣ? Оё барояш имконе хоҳӣ дод, ки дар тӯйи арӯсии ту бирақсад? Лутфан, хомӯш набош ва бинавис. Ҳамаи мо интизори номаат хоҳем буд. Хоҳиш мекунем, назаратро бинавис...

Мо -- ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ ва ҳамаи хонандагони ин торнамо. Онҳое, ки мехоҳанд, ба номаи дувум ҳамсадо ва ҳамнаво шаванд, дар шарҳи худ ақида ва дархости худро бинависанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG