Пайвандҳои дастрасӣ

Хайрулло Саидов: "Умедворем додгоҳ қарори одилона содир кунад"


Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ изҳори нигаронӣ кард, вале гуфт, ки "умед дорам, додгоҳ ҳукми одилона ва дар чорчуби қонунҳои кишвар содир мекунад."

Хайрулло Саидов рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҷойи таассуф аст, ки чунин талабе аз суи айбдоркуннадаи давлатӣ сурат гирифт."

Вай мегуяд, "мо чизи зиёдатӣ намехоҳем, он чи ҳаст, қонун чизеро, ки талаб мекунанд ва далелҳои ироакардаи ҳимояро ба назар бигиранд. Хеле ҷои таассуфу нигаронист, ки ягон далели тарафи ҳимояро ба назар нагирифтанд."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуққуқдони тоҷик ва раҳбари созмони ғайридавлатии "Перспектива+" мегӯяд интизор надошт, ки айбдоркунанда қариб си сол ҳукм талаб кунад.

Бо ин ҳам Хаӯрулло ибрози умедворӣ кард, ки "чун ҳарфи ниҳоӣ дар дасти додгоҳ аст, умед дорам, ки қарори боадолатона ва мунсифонаро содир кунад.".
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуққуқдони тоҷик ва яке аз муддаиёни курсии раёсати ҷуҳмур дар интихоботи президентии соли 2013 мегӯяд, интизор надошт, ки айбдоркунанда қариб сӣ сол ҳукм талаб кунад.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд: "Зайд Саидов террорист набуд, ки ба ӯ 28 соли зиндон талаб шавад. Ӯ як соҳибкор буд ва барои ҷиноятҳои иқтисодӣ умдатан ҷарима баста мешавад ва агар дар бораи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номус сӯҳбат кунем, чанд сол дода мешуд на ин ки 28 сол, ки баробар ба ҳукми абад аст."

Хонум Бобоназарова гуфт, ки қазияи Зайд Саидов танҳо ангезаи сиёсӣ дорад. "Вақте айбдоркунандаи давлатӣ 28 сол мепурсад, додгоҳ маъмулан 2 ё 3 солро кам мекунад ё аслан бетағйир мегузорад" - мегуяд Ойниҳол Бобоназарова. Ҳуқуқдони тоҷик бархӯрди айбдоркунандаи давлатӣ ба қазияи Зайд Саидовро аз ҳадд беш ноодилона ва ғайримунсифона унвон кард.

Исмоил Талбаков: "Дар назди қонун ҳама баробаранд"

Исмоил Талбков, вакили прлумон ва муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 28 соли зиндон гуфт, ки "он чӣ дар мавриди парвандаи Зайд Саидов дар матбуот нашр шудааст, талаби айбдоркунанда сангин аст."

Аммо ҷаноби Талбаков мегуяд, "шояд тарафи айбдоркунанда ва мақомоти тафтишот далелҳое дорад, ки махфӣ ҳастанд ва меъёри он ба ин ҷазо мутобиқат мекунад, ҳол он ки инро мо намедонем."

Бо он ки Исмоил Талбаков аз қазияи бар сари Зайд Саидов омада изҳори таассуф мекунад, вале мегӯяд, "дар назди қонун ҳама баробар аст ва салоҳияти додгоҳ аст, ки ба ҳамаи ҷанбаҳо баҳои обективӣ дода ва ҳукми одилона барорад".

Cаидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раҳбари Ҳизби Исломии Тоҷикистон талаби 28 соли зиндон ба Зайд Саидовро ба маънии "тараҳҳуме ба касе намондааст" арзёбӣ кард.

Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ин ба маъниест, ки "дар нисбати рақибони сиёсӣ ҳеҷ тараҳҳуме вуҷуд надорад ва ин ҳам дар ҳоле, ки Зайд Саидов бештар аз мо ин ҳукуматро ҳимоя мекард."

Ӯ мегӯяд, "агар ин ҳама иттиҳоме, ки мақомот сари Зайд Саидов, фарде, ки дар ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекард, бор кардааст, пас ба ин маънист, ки дигар шахси поку бегуноҳро ёфтан мушкил аст."

Ин вакили порлумон мегӯяд, бо он, ки талаби айбдоркунандаи давлатӣ, маълум аст ва Зайд Саидов муҷрим шинохта хоҳад шуд, аммо ба додраси парванда бастагӣ дорад, ки аз руи адлу қазоват кунад ва ба ӯ ҷазои сабуктаре бидиҳад.

Гулрухсори Сафӣ, шоираи тоҷик аз шунидани хабари талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 28 соли зиндон барои Зайд Саидов ба шок афтод.

Гулрухсор рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар вокуниш ба ин талаби айбдоркунанда дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "Зайд Саидов, шахси ободкор, созанда ва хайрхоҳ аст, на ин ки ҷинояткор."

Ба гуфтаи вай 28 соли зиндон ба афроди қаттол, тахрибкор ва ҷинояткори ашаддӣ дода мешавад. Зайд, ки то кунун фақат ободкорӣ кардааст ва ободкориҳояш дар шаҳри Душанбе ҳувайдост.

Ин шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, "Зайд Саидовро аз замони донишҷӯиям мешиносам ва бовар надорам, ки вай ҷинояткор бошад."

Хонум Гулрухсор бори дигар гуфт, ки "аз ин хабар нороҳатам ва бовар нокарданист, ки ба як шахси хайрхоҳу ғамхор чунин бархӯрде сурат бигирад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG