Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо аз Душанбе ба қатли раҳбари "Гурӯҳи 24"


Умаралӣ Қувватов, раиси "Гурӯҳи 24"

Умаралӣ Қувватов, раиси "Гурӯҳи 24"

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи куштори Умаралӣ Қувватов дар Истамбул изҳори назар накардаанд, аммо ба қавли раҳбарони баъзе аҳзоб, куштори ӯ тасодуфӣ набудааст.

То ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон дар мавриди куштори Умаралӣ Қувватов -- раҳбари "Гурӯҳи 24" дар Истамбул изҳорот надода, нагуфтаанд, оё ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард ё не. Ба гуфтаи як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, тарафи Тоҷикистон интизори гузориши расмии мақомоти Туркия аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ куштори Умаралӣ Қуватовро маҳкум кард ва афзуд ин як амали иғвогарона аст ва бо ин васила нишон дода мешавад, ки фаъолони сиёсии оппозитсионӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ таҳти хатар қарор доранд. Аз сӯи дигар гуфт ӯ "ин як навъ кӯшиши бесубот нишон додани кишварҳои пасошуравӣ мебошад."

Ба ақидаи ҷаноби Кабирӣ, ҳукуматҳое, ки дар ин робита ангушти ишора сӯйи онҳо дароз мешавад, "бояд бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои худ нишон диҳанд, ки дар чунин рӯйдодҳо даст надоранд ва гумонҳоро аз сари худ дур кунанд."

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, "Борис Немтсов ҳарчанд барои ҳамаи ҷомеаи Русия мақбул набуд, вале куштораш як майдони дигари эътирозҳоро ба вуҷуд овард. Мисли ҳамин, куштори Умаралӣ Қувватов ҳам ҳадафмандона аст. Ӯ ягон сарвазир ва ё мақомдор набуд, аз обрӯву нуфузи хос дар Тоҷикистон бархӯрдор набуд, вале ҳамчун мухолиф баромад мекард ва ба ин шакл кушта шуданаш шояд норозигиҳоро ба вуҷуд орад."

Ҷаноби Шабдолов дар идома аз вуҷуди нерӯҳое дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳадафашон, ба гуфтаи ӯ, ноором кардани ҷомеа аст ва бо чунин кушторҳо ҷомеаро таҳрик медиҳанд ва ба иғво мекашанд.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, "куштори Умаралӣ Қувватов ҳодисаи тасодуфӣ набуд". Ӯ субҳи 6 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, "азбаски Умаралӣ Қувватов як сиёсатмадор буд, марги ӯ моро низ дар ташвиш андохтааст. Вале куштори ӯ тасодуфӣ набуд. Онро аз қабл тарҳрезӣ кардаанд ва ҳарфу ҳиҷои он бештар аз он аст, ки тасаввур мешавад."

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, кушта шудани Умаралӣ Қувватовро "бисёр ҳодисаи нангин ва даҳшатзо" хонда, бо қатли Борис Немтсов дар Русия муқоиса кард ва гуфт: "фаромӯш намекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ду бор барои истирдоди Қувватов муваффақ нашуд. Ҳоло сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демократӣ меравад. Агар ҳукумати Тоҷикистон мавқеашро маълум намекунад, худро ба гунаи ҳукумате муаррифӣ мекунад, ки дигар тоқати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин аз ҳама, ҳатто аз нерӯ ва шахсиятҳои камнуфуз метарсад."

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, мегӯяд, "бо вуҷуди он к​и Умаралӣ Қувватов дар хориҷ ба сиёҳ кардани Тоҷикистон машғул буд, аммо ҳукумат дар куштори ӯ манфиатдор нест". "Қувватов дар хориҷи Тоҷикистон, дар Туркия, кушта шудааст ва тамоми фаъолияти сиёсӣ ва иқтисодии ӯ низ дар берун аз ватан буд. Бино бар ин, ҳеч зарурате набуд, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ӯ сӯиқасд анҷом диҳад," -- гуфт Сайфулло Сафаров.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

​Дар идома Сафаров гуфт, эҳтимол куштори Умаралӣ Қувватов на ба фаъолиятҳои сиёсӣ, балки фаъолиятҳои тиҷорияш рабт дошта бошад.

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд ва баъд аз тарки Тоҷикистон ба иллати ихтилофоти тиҷоратӣ бо шариконаш дар Маскав созмони оппозисюнии "Гурӯҳи 24"-ро таъсис, шаби 5 март дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

Қувватов дар охирҳои соли гузашта ҳамроҳи тарафдораш дар Истамбул боздошт, аммо баъд аз бештар аз як моҳ озод шуд. Худи ӯ гуфта буд, мақомоти Истамбул ӯ ва ҳамроҳонашро барои надоштани қайд боздошт кардаанд. Он вақт вазорати умури дохилии Тоҷикистон асноди Умаралӣ Қувватовро ба Туркия фиристода, истирдоди ӯро талаб карда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба сирқати пул, гаравгонирӣ ва ташкили "Гурӯҳи 24", ки бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ аст, муттаҳам мешавад.

Бино ба бархе аз маълумоти дигар дар ин байн чанд бор ба Қувватов таҳдиди қатл шудааст. Таҳдиди аввал аз ҷониби нафаре садо дода буд, ки худро “шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷонибдори сулҳу оромӣ” муаррифӣ мекард, аммо таҳдиди дуввум аз ҷониби Абу Холиди Кӯлобӣ, ҷангии тоҷике, ки мегӯяд, дар Сурия меҷангад, садо додааст, ки Қувватовро дар сӯистифода аз ислом муттаҳам медонист.

Дар шабакаи радиои интернетии “Зелло”, ки ба минбари сӯҳбатҳои ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта буд, нафаре занг зада, “поёни умрашро кӯтоҳ унвон мекунад”.

Ин нафар, ки аз худ ном намебарад, вале ҳангоми сӯҳбат бештар аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад, дар аввали сӯҳбат ба Қувватов пешниҳоди вохӯрӣ дар Туркияро мекунад, аммо ин пешниҳод рад карда мешавад. Аммо ин ҳамсӯҳбати Қувватов бо таъкид мегӯяд, ҳатман бо ӯ дар Туркия во хоҳад хӯрд. Ин мард, ки бо як лаҳҷаи олуда бо калимаҳои русӣ сӯҳбат мекунад, марги Қувватовро хеле наздик унвон мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG