Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Шӯрои уламо аз Ансорӣ ва телевизиони "Висоли ҳақ"


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Шӯрои уламо аз барандагони ТВ "Висоли ҳақ" даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон омада, фазои динии кишварро бо чашмони худ бубинанд ва дар бораи рушди ислом маълумоти дуруст ироа намоянд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, аз масъулону барандагони телевизиони байнулмилалии "Висоли ҳақ" хостааст, ки ба Тоҷикистон омада, фазои диниро бо чашмони худ бубинанд.

Ин шӯро 27 апрел бо пахши изҳороте барномаҳои ТВ "Висоли ҳақ" дар бораи маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ дар кишварро танқид карда, гуфт, "ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрӯзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед."

Ба қавли муаллифони изҳорот, "далели шак овардан ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон, аз ноогоҳии муаллифи ин барнома дарак медиҳад."

"Висоли ҳақ" як шабакаи телевизионии мустақил буда ва ба забони форсӣ барномаҳои динӣ пахш мекунад. Гуфта мешавад, ки он дар яке аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ҷойгир буда ва вазъи дину диндорӣ дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро бештар ба баҳсу баррасӣ мегирад.

Ин посухи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба телевизиони байналмилалии "Висоли ҳақ" дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашн маросимҳои миллӣ низ ба вижабарномаи ин шабака оид ба Тоҷикистон посух дода буд.

Изҳороти Кумитаи дин зидди ТВ "Висоли ҳақ"

Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

​Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳияи як барнома аз сӯи телевизиони "Висоли ҳақ" дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро "иғвоангезӣ" хонд, ки ба гуфтаи масъулонаш ба эҳсоси мардум нохун мезанад. Хашми роҳбарияти ин ниҳод аз ҳарфҳои барандаи барнома - Муҳаммад Ансорист, ки 22 апрел иддао кард, занону духтарони тоҷик дар пӯшидани либос ҳаққи комил надоранд ва мақомот дар муқоиса ба масҷиду мадраса бештар аз фоҳишахонаҳо ва марказҳои дилхушӣ пуштибонӣ мекунанд.

Масъулони Кумитаи дин рӯзи 26 апрел бо нашри изҳороти расмӣ гуфтанд, ки "агар ин нафар заррае ҷавонмардӣ медошт, такрор ба такрор намегуфт, "занҳои тоҷик ба хотири чанд пуле танфурӯшӣ мекунанд". Дар ҳоле ки Ансорӣ хуб медонад, марказҳои танфурӯшиву одамфурӯшӣ дар кадом кишварҳо воқеъ гардидаасту кӣ аз хидмати онҳо истифода мебаранд."

Онҳо бовар доранд, ки дар пушти ин ҳама иттиҳомот "манофеи қудратҳои алоҳидаи фаромиллӣ, гурӯҳӣ ва ё инфиродӣ" меистанд.

​Дар изҳорот гуфта шудааст, агар шабакаи "Висоли ҳақ" ва барандааш Муҳаммад Ансорӣ инсоф медоштанд, набояд муборизаи мақомоти қудратии тоҷик нисбат ба фоҳишаҳоро нодида мегирифтанд. Ва онҳо ин суолро низ пеш гузоштаанд, ки "чаро дар бораи ба қайд гирифтани беш аз 4 ҳазор масҷид дар замони соҳибихтиёрии кишвар сухан намегӯянд? Чаро аз фаъолияти муассисаҳои динии Тоҷикистон лаб

Акси торнамои ТВ "Висоли ҳақ"

Акси торнамои ТВ "Висоли ҳақ"

намекушояд? Чаро аз боби дастгирии роҳбари давлат нисбат ба арзишҳо, осор ва шахсиятҳои исломӣ, тарҷума ва интишори ройгони Қуръони карим, "Саҳеҳ"-и Бухорӣ, бузургдошти Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, фароҳам сохтани фазо ва имконоти муносиб барои адои ҳаҷ ва умра ва амсоли инҳо ҳарфе намегӯянд???"

Шоми 22 апрели соли ҷорӣ Муҳаммад Ансорӣ дар барномаи худ бо номи "Тоҷикистон: дардҳо ва орзуҳо" аз ҳукумати кишвар интиқод кард, ки бо донишомӯзони тоҷик дар мадрасаҳои исломии Мисру Покистон ва Арабистони Саудӣ мушкил дорад, аммо гузоштааст, то 3 ҳазор навҷавон ба Қуми Эрон бираванд. Дар ин барнома Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ сӯҳбат кард.

Оқои Ансорӣ дар барномаи худ аз табдили чанд масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ ёдоварӣ карда, ин саволро дар миён гузошт, ки "Оё медонед, давлати Тоҷикистон бо тасвиби қонуни манъи ҳиҷоб шурӯъ ба бардошти иҷбории рӯсарӣ аз сари хоҳарон ва модарони тоҷик намудааст?"

Аммо Кумитаи дин мегӯяд, дар Тоҷикистон чунин қонуне, ки пӯшидани либоси исломиро мамнӯъ эълон дорад, қабул нагардидааст ва раисиҷумҳур низ дар ин робита дастури мушаххас надодааст. Танҳо, ба гуфтаи мақомоти Кумитаи дин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, занону духтарон ба ҷои тақлид ба бегонагон аз пӯшиши миллие истифода кунанд, ки ҳам меъёрҳои диниро дар худ дошта бошад ва ҳам унсурҳои фарҳангии ниёгонро.

Муҳаммад Ансорӣ

Муҳаммад Ансорӣ

Шабакаи телевизиони мазҳабии “Висоли ҳақ” ки барномаҳояш тариқи моҳвора ва интернет пахш мешавад ва дар Тоҷикистон низ бинанда дорад, дар оғози моҳи апрел эълон кард, дар бораи Тоҷикистон ҳам барномаҳои мустақим дуруст хоҳад кард. Ба қавли масъулони ин шабака, гӯё иқдоми ахири мақомоти тоҷик зидди ришу ҳиҷоб онҳоро ба ин кор маҷбур намудааст.

Ҳоло ин шабакаи телевизионӣ барои бинандаҳои тоҷики худ хатти мустақими тамосҳои телефониро ба роҳ монда, ба пурсиши онҳо посух ё "фатво" медиҳад. Ҳоло саҳифаи ин телевизион дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хатти сириллик низ роҳандаозӣ шудааст.

Тайи як ҳафтаи охир ин дувумин изҳороти Кумитаи дини Тоҷикистон аст, ки нашр мешавад. Рӯзи 24 апрел раҳбарияти ин ниҳод бо пахши як изҳорот сарусадоҳо дар бораи бораи "250 сомонӣ андоз барои риш ва ҳиҷоб"-ро дурӯғ ва фитна донистанд. Онҳо гуфтанд, ҳаргиз ба чунин иқдом даст назадаанд ва бовар доранд, "афроде мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод кунанд".

Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ду акс пайдо шуд, ки дар яке марди ришдор ва дар дигаре зани ҳиҷобдор тасвир ёфтаанд. Муаллифони ин аксҳо гуфтаанд, гӯё барои ришгузорӣ ва ҳиҷоб пӯшидан иҷозатномаи Кумитаи дин зарур аст ва қимати ин иҷозанома баробари 250 сомонист. Вале мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, ҳаргиз чунин тасмим гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG