Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муҳоҷирони тоҷикро ба Роғун мебаранд


Мақомот мегӯянд, ки чанде аз муҳоҷирони боздоштшуда дар робита ба қазияи занозанӣ дар Хованское озод шуда, таҳияи аснод барои интиқоли ҷасади се муҳоҷири тоҷик идома дорад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷасади се муҳоҷири кушташудаи тоҷик дар занозании гурӯҳии 14 май дар оромгоҳи Хованскоеи Маскав ба зудӣ ба ватан оварда мешавад. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 16 май ба Озодӣ гуфт, ҳоло таҳияи аснод барои фиристодани ҷасадҳо идома дорад.

Ӯ гуфт, ҷасадҳо то анҷоми таҳқиқи қазияи Хованское нигоҳдорӣ намешаванд: “То ҳадди имкон талош дорем, ки ҷасадҳо дар муддати хеле кӯтоҳ ба Тоҷикстон фиристода шаванд. Айни замон бо наздикону пайвандонашон низ дар тамос ҳастем.”

Аҳмадов мегӯяд, дар пайи ин занозанӣ беш аз даҳ муҳоҷири дигари тоҷик захмӣ шуда, вазъи яке аз онҳо бо номи Кароматулло Ғафуров вазнин арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, ба қавли сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷирт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, чанде аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар робита ба қазияи Хованское раҳо шудаанд.

Ӯ гуфт: "Аз 24 нафари боздоштшуда дар шуъбаи корҳои дохилии Новотроиск 21 нафарашон озод шуданд. Инчунин, 34 нафар аз 42 тани боздоштшуда дар шуъбаи корҳои дохилии Коммунарка озод гардиданд. Бархе аз муҳоҷирони дастгиршуда барои санҷиш ва надоштани шиноснома дар боздошт мондаанд.”

Аз ин пеш сафорати Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳимоят аз ҳаққу манофеи муҳоҷиронашро дархост кард. Сафорати Тоҷикистон гуфт, дар якҷоягӣ бо дигар намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои кишвар дар Русия барои муайян кардани тамоми ҷузъиёти занозании гурӯҳии 14 май низ фаъолона ҳамкорӣ доранд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, гуфт:​"Сафорати Тоҷикистон талош ба харҷ медиҳад, то ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар робита ба ин қазия ҳимоя намояд."

Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Ба қавли ӯ, сафир Имомуддин Сатторов низ ба ҷои ҳодиса рафта, бо вазъ аз наздик ошно шудааст. Ӯ гуфт, "дар зимн, иттилоъ дода шуд, ки оид ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот ҷараён дорад. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шудаанд."

Бино ба иттилои сафорат, беш аз 20 иштирокдори ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонда шудаанд. Сафири Тоҷикистон барои муайян кардани теъдоди умумии муҳоҷирони захмии тоҷик дар ин занозанӣ аз ҳисоби кормандони сафорат, хадамоти консулии сафорат, намояндагии ВКД дар Маскав ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон як гурӯҳ ташкил додааст.

Видео аз маҳали занозанӣ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони расмии Тоҷикистон муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки тақрибан соати 12-и рӯзи 14 май ба ҳудуди гӯристон "шахсони барои онҳо номаълум" ворид гардида, ҳамла кардаанд. Ин афрод ҳангоми ҳамла аз силоҳ истифода намудаанд. Сарвар бахтӣ мегӯяд, "чи тавре муҳоҷирони меҳнатӣ хабар доданд, ҳамлагарон аз муҳоҷирони меҳнатӣ “ҳақпулӣ” хостаанд."

Намояндаи Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав Александр Никитин гуфта буд, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Рӯзи 14 май байни ду гурӯҳ дар назди дарвозаи марказии оромгоҳи Хованское занозании сахт сурат гирифт ва ба тирпарронӣ печид. Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин занозанӣ 3 нафар кушта шудаанд. Исми кушташудаҳо, ки ҳарсе зодагони шаҳри Роғуни Тоҷикистон будаанд, низ эълон шудааст:

Масъулияти занозанӣ дар оромгоҳи Маскав бар дӯши кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

1. Хушаков Суҳроб Таваралиевич (1990)

2. Ризоев Иноят Қаноатович (1977)

3. Собиров Сайнуриддин Нозилович (1974)​

Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, бузургтарин оромгоҳ дар пойтахти Русия ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст. Сафорати Тоҷикистон дар Масква мегӯяд, дар ин оромгоҳ дар мавсими корӣ муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ фаъолият мекунанд. Ба қавли масъулони сафорат, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гӯристон асосан бо корҳои санги болои қабр, гӯрканӣ ва ободонии қабрҳо машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG