Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи вазорат ба матлаби «Харкафтар бача кард…»


Вазорати маориф ва илми кишвар дар вокунише ба матлаби нашрнамудаи Радиои Озодӣ бо номи "Харкафтар бача кард..." дар китоби дарсии синфи 3» корбурди ин зарбулмасалро дуруст номидааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми апрел матлаберо бо номи "Харкафтар бача кард..." дар китоби дарсии синфи 3» аз баҳсу барраси истифодаи як тезгӯяк дар китоби синфи 3 нашр намуда буд. Дар матлаб дар баробари волидон масъулони таъбу нашри вазорати маориф ҳам пурсида шуда буд, ки онҳо вуҷуди шикоятҳоро аз тарафи волидону рӯзноманигорон тасдиқ карда буданд. "Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард" - зарбулмасал ва тезгӯяке аст, ки дар китоби дарсии синфи 3 ба нашр расида аст, аммо вокунишҳоеро миёни волидон ва ҷомеа ба бор овард ва матлаби радиои Озодӣ ҳам бар ҳамин поя мунташир шуда буд.

Инак, посухи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба матлаби зарбулмасали баҳсии "Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард", ки рӯзи 26-уми май ба радиои Озодӣ расид:

«Ба эроди «Радиои озодӣ» оид ба нодуруст истифода кардани зарбумасал- тезгӯяки «Харкафтар бача кард …» дар китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфи 3

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зарбулмасал - тезгӯяки мазкурро мавриди мутолиа қарор дода, ба чунин хулоса омад:
Тезгӯяки "Харкафтар бача кард..."
Тезгӯяки "Харкафтар бача кард..."
1.Ба тавваҷуҳи «Радиои озодӣ» расонида мешавад, ки калимаи
«хар» ба чанд маъно меояд: чорпои (ҳайвони) боркаши маълум ва ба маънии ҳар чизи дурушту бузург ва ноҳамвор, мисли харпушта, харсанг, хармуш, хармуҳра, харчанг меояд «Фарҳанги Амид», саҳ. 443». Харсанг- санги калон, бузург ва нотарошида (саҳ.447). Ин шарҳ бо андаке тағйири тарзи баён дар «Ғиёс- ул - луғот» (ҷ.1, саҳ.257-258, 299: 301): куллиёти С.Айнӣ ҷ.12 (саҳ.428-429) ва фарҳангҳои дигар омадааст. Яъне калимаи «харкафтар» дар қолаби калимасозии забони тоҷикӣ сохта шудааст. Воқеан, чунин кафтар аз кафтари аслӣ фарқ мекунад аз лиҳози ҷусса: хармуш, хармуҳра, харсанг…

2.Дар адабиёти бадеӣ ҳар ду шакли калима - кафтар ва кабутар истифода мешавад. Ҳатто калимаи «кафтар»-ро, ки баъзе фарҳангҳо: «Фарҳанги забони тоҷикӣ», 1969,ҷ.1 (саҳ. 545) «Луғати тафсирии забони тоҷикӣ», 2010, ҷ.1. (саҳ 629) «Қомуси забони форсӣ ба русӣ» 1985 (саҳ.334) онро иштибоҳан гуфторӣ ҳисобидаанд, дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ истифода шудааст:

Чу сармо шавад, сахт лоғар шаванд,
Ба овоз монанди кафтар шаванд.

Вожаҳои «кафтар»-у «кабутар» ҳар ду дар забон маъмуланд ва бо истифода аз онҳо калимаҳои мураккаби зиёде сохта шудаанд. Барои маълумоти васеъ гирифтан ба фарҳангҳои зикршуда ва ғайра муроҷиат кунед.

3. «Радиои озодӣ» ва ашхоси муддаии дигар бояд бидонанд, ки сарчашмаи матнҳои китобҳои дарсӣ асосан асарҳои адибони пешину муосир ва асарҳои фолклорӣ (чистон, зарбумасалу мақол ва афсонаҳо) маҳсуб мегарданд. Илова ба ин, маводи маҷаллаю рӯзномаҳо низ истифода мешаванд. Ҳангоми зарурат ҳатто худи муаллифон низ метавонанд матнҳо таҳия намоянд. Албатта, синну соли хонандагон ба инобат гирифта мешавад.

4. Зарбумасалу мақол ва тезгӯякҳо моли халқанд. Табиист, ки дар онҳо унсурҳои лаҳҷа вомехӯранд. Зарбулмасал ва ё тезгӯяки «харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард» аз ин гуфтаи боло истисно нест.
Махсусияти зарбулмасалҳо он аст, ки онҳо ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ меоянд. Чунин зарбулмасалҳое, ки ба тезгӯяк табдил ёфта, барои машқу тамрини талаффузи дурусти овозҳо истифода мешаванд, зиёданд. Чунин тезгӯякҳоро ҳам дар эҷодиёти адибон ва ҳам дар фолклор дидан мумкин аст. Онҳо дар дарсҳои забону адабиёт мавқеи муҳим доранд. Ва, чунон ки ишора гашт, чунин тезгӯякҳо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мавқеъ доранд.

5. Ҳадафи истифодаи тезгӯяки мазкур асосан тамрини талаффузи дурусти овози «р» (баъзе кӯдакон ба ҷойи овози «р» «л» талаффуз мекунанд: рафтам- лафтам, рӯбоҳ- лӯбоҳ…) мебошад. Аз нигоҳи таълим баҷост ва ба фаҳму дарки хонандаи синфи 3 мувофиқ аст. Ҷумла аз нигоҳи забонӣ низ дуруст аст.

Ин ҷо муаллифони китоби дарсӣ танҳо як нукта - мантиқро мадди назар надоштаанд. Харкафтар дуруст аст, вале кафтар (ё харкафтар) тухм мекунад ва аз тухм чӯҷа мебарорад. Вале муаллифон бо овардани ин тезгӯяк ҳадафи дигарро низ дар назар доштаанд, ки ин гузоштани проблема – масъалагузорӣ дар таълим мебошад. Бо ин роҳ хонандагон ба баҳс кашида мешаванд: Магар кабӯтар бача мекунад ё тухм? Чаро ин тавр? ва ҳоказоҳо.

7. «Радиои озодӣ» ва муддаиён! Аз ин тезгӯяк фоҷиа насозед. Ин нуқсонҳо ислоҳпазиранд ва агар аз рӯйи воқеият бигирем, ба ҳеҷ ваҷҳ барои ҷомеа зараровару фоҷиабор нестанд. Баръакс, чунин тезгӯякҳо хонандагонро ба ҳушёрию зиракӣ ва дақиқкорӣ ҳидоят мекунанд. Хонандагон бояд доир ба ҳар як андешаи шунидаю хонда хулоса ва нуқтаи назари худро дошта бошанд
8. Даъвогарону ҷӯяндагони нуқсонҳои китобҳои дарсӣ агар номуси ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ дошта, хоҳони пешрафти ҷомеаи навин бошанд, барои таълифи китобҳои беҳтар камар банданд. Муаллифони ин китобҳо аксар омӯзгорони мактабанд ва дар озмуни китобнависӣ ширкат кардаанд. Муаллими мактаб дар шароити Тоҷикистон ҳамин қадар қудрат дорад. Шумо агар боварӣ доред, ки нисбат ба китобҳои мавҷуда китобҳои беҳтар таҳия ва таълиф мекунед, дар озмуне, ки солҳои наздик эълон хоҳад шуд, ширкат варзеду «лаззат»-и муаллифиро чашед ва аз «маблағ»-и ҳангуфти ҳаққи қалами муаллифӣ ғанӣ гардед.

9. Даъвогарон менависанд, ки устодон Б. Камолидднов, М. Лутфуллоев ва Низом Қосим китобро нахондаанд. Барои маблағ шуда номашонро навиштаанд. Ба диққати Шумо мерасонем, ки ин шахсҳо барои мушовирӣ як дирам ҳам нагирифтаанд.

10. Албатта, чунин эродҳо дар оянда ҳам оид ба китобҳои дарсӣ мешаванд. Чунин эродҳо муаллифону мураттибонро ҳушёр месозанд ва минбаъд дар интихоби матн дақиқкор мегардонанд. Танҳо ҳар ду тараф - мунаққидону муаллифонро лозим аст, ки одоби муоширатро риоя кунанд ва аз таҳқири якдигар худдорӣ намоянд. Дар ҳар сурат ғалат аз ғалат фарқ дорад.

Боварии комил дорем, ки агар навиштаи муддаиёнро таҳқиқ бикунем, дар навиштаҷоти онон низ ғалатҳоро пайдо мекунем. Чунон ки Бедил фармудааст.

Хатти тақдир аст холӣ аз ғалат,
Аз хато холӣ набошад хеҷ ғалат.»
XS
SM
MD
LG