Пайвандҳои дастрасӣ

Иддае аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки гузориши солонаи вазорати хориҷии ИМА на ҳама мавориди маҳдудияти озодии динӣ дар Тоҷикистонро пӯшиш додааст.

Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми май дар вокуниш ба гузориши «вазъи озодии дини ин кишвар аз нигоҳи Амрико» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «чанд мавриди маҳдудияте, ки дар гузориши вазорати хориҷии Амрико оварда шудааст, ҳоло ҳам баёнгари комили маҳдудиятҳо ва фишори озодии дину пайравони дин дар Тоҷикистон нест.»

Ин вакили порлумон мегӯяд, дар ҳоле, ки «давлатмардони тоҷик эътироф мекунанд, ки беш аз 99 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон ҳастанд, пас бояд ба арзишҳо ва озодиҳои динии мардум эҳтиром гузоранд ва мардум низ бояд гузошта шаванд, ки ба эътиқоди диниашон пойбанд бошанд.»

Ҷаноби Ҳусайнӣ хитоб ба мансабдорони кишвар гуфт, ки «шумо дар ивази маҳдуд кардани озодиҳои динӣ аз ангезаи динии онҳо истифода кунед ва кишварро обод кунед.»

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ бар ин назар аст, ки «шояд гузориши солонаи вазорати корҳои хориҷии ИМА вазъи озодии дини Тоҷикистонро каме сахттар мавриди интиқод қарор додааст.»

Бо ин ҳам ҷаноби Ҳодизода мегӯяд, ки дар воқеъ гузориш бо факту далелҳои мушаххас оварда шудааст, аммо он ки ҳукумат вокунише нишон намедиҳад, ин суол ҳам аст ва то андозае чунин ба назар мерасад, ки барои ҳукумат арзёбии вазъи озодии дини Тоҷикистон аз сӯи Амрико «ҷолиб нест».

Зеро ба таъкиди ин коршиноси тоҷик гузориш ба ҳукумат равона карда шудааст ва ҳукумат низ бояд ин гузоришро маврид омузишу баррасӣ қарор бидиҳад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун масъулони давлатӣ, ба хусус намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон, ба ин гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико вокунише накарданд.


ВАЗЪИ ОЗОДИИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ АМРИКО

Гузориши Амрико мегӯяд, давлати Тоҷикистон дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ ҳамчунон маҳдудиятҳо эҷод мекунад.

Вазорати хориҷаи Амрико гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард. Дар бахши Тоҷикистони гузориш гуфта мешавад, ки Қонуни асосии ин кишвар озодии динро замонат медиҳад, вале қонунҳо ва сиёсатҳо ин сиёсатҳоро маҳдуд сохта, дар амал, давлат дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Гузориш, аз ҷумла манъ шудани ҳақи адои намоз дар масҷид аз ҷониби занон ва наврасони то 18-соларо зикр мекунад ва мегӯяд, наврасон ҳатто дар сурати доштани ҳамроҳи калонсол бояд иҷозаи Кумитаи динро дошта бошанд.

Гузориш мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон фаъолияти бархе гурӯҳҳои сабтиномнашудаи мазҳаб ва гурӯҳҳоеро, ки “ифротгаро” мешиносад, манъ карда, ҳамчунон аз бурузи гурӯҳҳое изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба ақидаи онҳо, мазҳабҳои ғайрро таблиғ ва ба низоми ҷомиа таҳдид мекунанд. Давлат аз тамоми толибилмони мадориси хориҷӣ тақозо мекунад, ки худро дар Кумитаи дин ва вазоратҳои маорифу умури хориҷии Тоҷикистон сабтином кунанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, бо таҳмили тарзи либоспӯшӣ, пӯшидани ҳиҷоби исломиро барои занону духтарон дар мактабҳову донишгоҳҳо ба далели ҳимоят аз низоми дунявӣ манъ кардааст. Гузориш мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ҳаққи худ барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои мазҳабиро хеле боло мебинад ва дар асл инро ба маънои ҳаққи худ ба тасвиби ҳар навъ фаъолияти динӣ дар кишвар маънидод мекунад.

Аз Тоҷикистон дар бораи мавридҳои табъиз дар заминаи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ расидаанд. Бархе занон ба далели пӯшидани ҳиҷоб ва бархе мардон ба маҳзи доштани риш ҳангоми ҷустуҷӯи ҷои кор ба чунин табъиз дучор шудаанд.

Гузориш мегӯяд, нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик ба 3546 доллар расида, афроди то 18-сола аз ин ҳаққ маҳрум карда шудаанд ва дар бораи мавридҳои фасод дар ҷараёни маросими Ҳаҷҷ низ гузоришҳо расидаанд. Маҳдудияти дигар манъ шудани фурӯши дискҳои мазҳабӣ бидуни муҷаввизи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон аст.

Рӯзи 2 март додгоҳе дар вилояти Хатлон ду сокини маҳаллиро бо ҷурми барангехтани адовати мазҳабӣ 8000 сомонӣ ҷарима баст. Додгоҳ онҳоро дар нақзи қоидаҳои адои намоз тибқи мазҳаби дар Тоҷикистон асосии Ҳанафӣ муҷрим шинохт.

Рӯзи 3 октябр муаззини масҷиди марказии ба номи Хоҷа Яъқуби Душанбе Адашхон Иноятзода нахустин нафаре шуд, ки бо ҷурми додани иҷозат ба намозгузории наврасони то 18-сола 280 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар моҳи май додгоҳи ноҳияи Ваҳдат масҷиди Муҳаммадияи марбут ба хонаводаи маъруфи Тӯраҷонзодаҳоро аз ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа маҳрум кард.

Рӯзи 2 июл шаҳрдории Душанбе истифодаи баландгӯҳо барои қироати азонро манъ кард. Рӯзи 8 август ҳукумати шаҳри Сарбанд дар тамоми масҷидҳо видеокамера гузошт ва як мақоми маҳаллӣ гуфт, ки ҳадаф назорати намозгузорон ва мамониат ба ҳузури наврасон дар намозҳост.

Дар моҳи октябр Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти гурӯҳи насронии Шоҳидони Яҳво дар маврид радд шудани сабтиномаш аз сӯи идороти давлатиро радд кард. Дар моҳи март вазорати адлия созмони байналмилалии “Миллениум”-ро, ки дар вилояти Хатлон амал мекард, дар таблиғи ақидаҳои дини масеҳӣ айбдор кард ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияти ин созмонро манъ ва молумулкашро мусодира кунанд.

Гузориш мегӯяд, давлати Амрико ба таври мунтазам масоили озодии динро бо мақомоти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бо кумитаи дин баҳс мекунад, Сафири Амрико нигаронии кишвараш аз вазъи озодии мазҳаб ва қонунҳои наверо, ки боиси боз ҳам маҳдудтар шудани ин озодиҳо дар Тоҷикистон мешавад, пайваста дар мулоқотҳо бо раиси Кумитаи дин ва вазирони дигари тоҷик дар миён мегузорад. Ходимони сафорат ва мақомоти амрикоие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, бо намояндагони гурӯҳҳои динӣ, аз ҷумла бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо, низ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Ходимони сафорат масоилеро, ки метавонад мояи табъизҳои мазҳабӣ шавад, таҳқиқ ва ин мавридҳоро бо мақомоти тоҷик баҳс мекунад. Дар поёни гузориш омадааст, ки сафорати Амрико дар моҳи Рамазон барои занон ифтор дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG