Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарии РБК ба дасти кормандони ТАСС гузашт


Тасмими барканории раҳбарияти собиқи яке аз маъруфтарин оҷонсиҳои хабарии Русияро бо чопи гузоришҳо дар бораи дороиҳои офшории Путин рабт медиҳанд.

Ҳайати умумии таҳририяии оҷонсии РБК-ро Елизавета Голикова ва Игор Тросников ба ӯҳда гирифтанд. Ин ду нафар аз оҷонсии давлатии ТАСС барои кор ба РБК таъйин шуданд. Дар ин бора рӯзномаи «Ведомости» бо такя ба мазмуни як номаи дохилие хабар медиҳад, ки дар миёни коргарони ин оҷонсӣ рӯзи 7 июл пахш шудааст. Дар ин санад гуфта мешавад, ки Голикова ва Тросников ҳарду раҳбарии редаксияро ба ӯҳда мегиранд ва аз 14 июл ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ хоҳанд кард.

Раҳбарияти собиқи ҳайати муштараки таҳририяи РБК-ро сармуҳаррир Роман Баданин, мудири рӯзнома Максим Солюс ва сардабир Елизавета Осетинская ба ӯҳда доштанд. Ин нафарон рӯзи 13 май аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Баъди ин бисёр дигар коргарон ҳам аз кор дар ин оҷонсӣ даст кашиданд.

Осентинская баъдан гуфт, ки барканории онҳо бо тасмими чопи «бойгонии Панама» рабт дода шуд, ки вуҷуди сармояҳои пинҳонии президенти Русия дар ҷазираҳои офшории Панамаро фош мекард.

Бо пахши як изҳорот моҳи апрели имсол созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" барканории раҳбарияти РБК-ро ҳамчун «иқдоме барои фурӯ нишондани» матбуоти мустақил дар Русия маҳкум кард. Дар Кремл даст доштани мақомоти Русия ба ин амалро шадидан рад карданд.

Иттиҳоди байналмилалии хабарнигорони пажӯҳишгар, як созмони таҳқиқотии байналмилалӣ рӯзи 3 март дар расонаҳои чанд кишвар ҳуҷҷатҳои мавсум ба “Mossack Fomseca”-ро чоп кард. Дар ин ҳуҷҷатҳо бар асоси омӯзиш ва фошсозии 11 миллион санад дар бораи ташкили ширкатҳои офшории доираҳои ҳокими чандин кишвар, хешовандони онҳо, тоҷирон, варзишгарон ва санъаткорон гузориш шудааст. Яке аз бахшҳои муҳими ин санадҳо Русия ва дороиҳои президент Владимир Путинро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, иддао шудааст, ки нафарони наздик ба президент Владимир Путин тавассути бонки “Русия” ва ширкатҳои офшорӣ беш аз 2 миллиард долларро “шустаанд”. Дар Кремл гуфтанд, ки ба ном “ҳуҷҷатҳои панамагӣ” ба “сару садоҳо асос ёфтаанд” ва ҳадафи онҳо Владимир Путин дар робита ба интихоботи ояндаи Русия аст.

XS
SM
MD
LG