Пайвандҳои дастрасӣ

Мухлисони "Равшан" бозии тимашонро бо мушкилӣ диданд (Видео)


Садҳо мухлисони дастаи футболи «Равшан» шаби 25-уми феврал дар як гӯшаи шаҳр Кӯлоб барои тамошои бозии «Равшан» ва «Ал Сувайқ»-и Умон ҷамъ омаданд.

Вале бозии мазкурро мухлисон аз шабакаи “beIN Sport 10” ки он ҳам тариқи интернет барои тамошои видеоӣ дуруст шуда буд, хуб тамошо карда натавонистанд. Ба гуфти мухлисон, моҳвораҳое, ки ин шабакаро пахш мекунанд дар минтакаи Кӯлоб мавҷи хуб надоранд. Аз ин рӯ ин бозиро онҳо танҳо тавассути интернети шабакаҳои мобилии кишвар аз шабакаи интернетии «Tv.beIN Sport 10» қисман тамошо карданд.

Бахтиёр Насимов, як мухлиси дастаи «Равшан» зимни сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, умедвор будам, ки бозии дастаи "Равшан"-ро телевизионҳои кишвар нишон медиҳад, зеро дар бисёр маврид дар ин шабакаҳо ҳатто аз дурдастарин гӯшаҳои дунё хабару иттилооти нав дода мешавад ва дастарсии онҳо ба ин шабакаҳо имконпазир буд. Аммо ин бозиро дар ТВ-ҳои кишвар надидем. Бахтиёр мегӯяд, аз як дӯсташ телефонӣ фаҳмидаст, ки дар инҷо бозиро мухлисони зиёд тамошо доранд ва вай ҳам омада бо дигар мухлисон бозии онҳоро тамошо кардааст.

Як нафар мухлиси дигар ҳангоми наворбардорӣ мегӯяд, «наход, ки чаҳор кӯдак дар инфо ин бозиро пахш карда тавонистанду ТВ-ҳои мо не? Ман ҳайрони ин шабакаҳо мешавам.»

Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб соли дуюм аст, ки дар ҷоми АФК- ҳамчун ғолиби Чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад ва чун соли қаблӣ дар ин макон, ки ба истилоҳ «Фан-зона»-и мухлисони «Равшан» маҳсуб меёба, бозиҳои сафарии дастаро тариқи моҳвора ва шабакаҳои интернет якҷоя тамошо мекунанд.

Дастаи "Равшан" бозии авалини худро дар сафар бар дастаи «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-3 бохт, вале мухлисон умедворанд, ки бо такмил додани маҳорати худ, дар бозиҳои минбаъда пирӯз мешаванд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG