Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” ба бозӣ бо “Ал Ярмук” омодагӣ мебинад


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, омодагиро ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2014 бо тими «Ал Ярмук », қаҳрамони секаратаи Яман, ки рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, шурӯъ кард.

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи «Равшан», ба радиои Озодӣ гуфт, «ҷамъомади таълимиву тамринии даста рӯзи якшанбе, 19-уми январ, дар шаҳри Турсунзода оғоз ёфт. Моро дар меҳмонхонаи «Самандар- асри XXI» ҷойгир намуданд. Вале ҳоло ҳайати даста комил нест. Ба машқҳо ҳамагӣ 16 бозигар, ки аз онҳо се нафарашон дарвозабонанд, ҷалб шудаанд. Нимҳимоятгар Абдусамад Ҳоҷибоев бемор аст, бинобар ин ба даста баъди ду-се рӯз ҳамроҳ мешавад. Легионерҳои африқоии мо аз Гана - Гершон Акуффо, Содиқ Мӯсо ва Соломон Течи то охири ҳафта ба Тоҷикистон бармегарданд. Легионери дигари мо, нимҳимоятгар Сайриддин Ғаффоров фардо дар ихтиёри даста мешавад. Ба ғайр аз ин, ду бозигари мо – ҳимоятгар Саидхони Амрохон ва ҳамлагар Наврӯз Рустамов ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21), ки дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург иштирок мекунад, даъват шудаанд. Мо ҳаррӯз ду бор тамрин мекунем. То бозӣ бо «Ал-Ярмук» гузаронидани ду-се бозии санҷиширо ба нақша гирифтаем. Рақибонро маълум накардаем, вале мумкин аст бо дастаҳои Душанбе – ССКА «Помир», «Энергетик» ё «Истиқлол» бозӣ кунем. Инчунин мо дар фикри пурқувват кардани ҳайати даста мебошем. Дар айни ҳол бо якчанд бозигарон гуфтушунид анҷом медиҳем.»

Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал оғоз меёбад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.

Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук» рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.
XS
SM
MD
LG