Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зат Рас" - "Равшан" 5:1(ВИДЕО)


Бозии аввал ин ду тим дар Турсунзода
Бозии аввал ин ду тим дар Турсунзода

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ аз тими "Зат Рас"-и Урдун бо ҳисоби бузурги 1-5 шикаст хӯрд.

Бозии даври чоруми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва «Зат Рас», барандаи Ҷоми Урдун-2013, шаби 2-юми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии пойтахти Урдун - шаҳри Уммон бо ҳузури 303 тамошогар баргузор шуд. Ҳарорати ҳаво 16 дараҷа гарм буд. Голҳоро мизбонон – Абдулраҳмон Баҳо (ду гол - дар дақиқаҳои 27-ум ва 75-ум), Юсуф Фаҳад (49-ум, 51-ум) ва М.Талъат (67-ум) - ба самар расонданд. Як голи меҳмононро Сайриддин Ғаффоров, легионери «Равшан» аз Узбакистон, дар дақиқаи 62-юм зад.

«Равшан» бо чунин ҳайат бозӣ кард: Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ҳасан Рустамов (капитан), Бахтиёр Ҳасанов, Фаридун Рустамов (Зарифҷон Рустамов,57), Ҳикматулло Расулов, Комрон Саидзода, Муҳаммадҷони Ҳасан (Абубакр Азимов, 68), Сайриддин Ғаффоров, Наврӯз Рустамов (Индус Ҳусейнов, 70),Течи Соломон.
Огоҳонида шуданд: Наврӯз Рустамов, 10 ва Мӯсо Содиқ (84).
Сардовар: Масъуд Туфайлӣ (Сурия).

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 18-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардида буд, “Равшан” аз "Зат Рас” бо ҳисоби 2-3 мағлуб шудааст. Дарвоқеъ, ин бохти чоруми «Равшан» дар Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» мебошад.

«Равшан», ки дар мавсими имсола бесарпараст монда, ба ин далел дучори мушкилоти молӣ шудаву хеле аз бозигаронаш ҳам тарки даста карданд, ҳамагӣ бо 15 бозигар ба Урдун рафта буд. Мухлисонаш аз пеш мегуфтанд, ки бо чунин шароит «Равшан» шонсе барои пирӯзӣ дар Урдун надорад.

Бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Сафо»-и Лубнон ва «Ал Сувайқ”-и Умон шаби чоршанбе дар Варзишгоҳи марказии Бейрут бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Лубнон - бо ҳисоби 1-0 поён ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1«Сафо»44005-112
2«Зат Рас»43019-49
3 «Ал Сувайқ»41033-43
4«Равшан»40045-130

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) - 0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 5-1
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон) – 1-0

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG