Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба таъхир уфтод


Мусобиқаи 23-юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бояд 5-уми апрел оғоз меёфт, ба 12-уми апрел гузаронида шуд.

Ба иттилои Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, сабаби як ҳафта дертар гузаронидани оғози мусобиқаи имсола сари вақт напардохтани маблағи ҳаққи дархости бошгоҳҳои «Энергетик» (Душанбе), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Кӯлоб) ва ССКА «Помир (Душанбе) ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ширкат дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2014 мебошад.
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қарор кард, ки оғози мусобиқот аз 5-6-уми апрел ба 12-13-уми апрел гузаронида шавад. Мӯҳлати ниҳоии супурдани маблағи дархости дастаҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба чемпионати Тоҷикистон-2014 рӯзи 9-уми апрел муқаррар шудааст.

Ба ҷуз ин, кумитаи иҷроияи ФФТ раҳбарони бошгоҳҳои футболи «Энергетик», «Далерон-Ӯротеппа», «Парвоз», «Равшан» ва ССКА «Помир»-ро ба таври қатъӣ огоҳ намуд, ки дар мавриди сари вақт напардохтани маблағи ҳаққи дархост ва тартиби ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мӯҳлати муқарраршуда даста ба чемпионати Тоҷикистон дар мавсими нав роҳ дода намешавад.

Инчунин бо сабаби ширкати қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Равшан» - дар сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 мӯҳлати гузариш барои бозигарони ин даста то 11-уми апрел тамдид карда шавад.

Менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, инчунин иброз дошт, масъалаи маблағгузории минбаъда ба бошгоҳи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки аввалин шуда дар байни дастаҳои лигаи олӣ ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии имсоларо пардохт кардааст, то ҳоло ҳал нашудааст.
XS
SM
MD
LG