Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон - дар ҷойи 116-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 17-уми октябр нашр шуд, бо 280 имтиёз як зина боло рафт ва дар мақоми 116-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова, Эстония, Гурҷистон ва Литва пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии даста, рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов бар мунтахаби Қирғизистон, ки дар феҳристи FIFA 6 зина пойин рафт ва дар мақоми 150-ум қарор дорад, бозии дӯстона анҷом дод ва бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Белгия, Уругвай, Швейтсария, Ҳолланд, Италия ва Инглистон ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Баъдан тимҳои Эрон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия қарор доранд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Рейтинги минбаъдаи FIFA 28-уми ноябри соли 2013 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG