Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи фурӯши доллари амрикоӣ дар саррофиҳои Душанбе аз марзи 7 сомонӣ гузаштааст, вале қурби расмии доллар 6,67 сомонӣ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи корафтодагон, қимати фурӯши доллари амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳри Душанбе аз марзи аз лиҳози равонӣ муҳими 7 сомонӣ гузаштааст. Чанд корафтодае, ки рӯзи 23 ноябр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфтанд, ки саррофон ҳоло як долларро бо қимати аз 6 сомонию 95 дирам то 7 сомонӣ мехаранд.

Як корафтодаи дигар, ки барои харидории манзили нав доллар харидааст, ба Озодӣ гуфт, 1 долларро аз саррофиҳо бо нархи 7 сомонию 3 дирам харидааст: "Дар бархе саррофиҳо нархи фурӯши долларро бароям 7 сомонию 5 дирам ва ҳатто 7 сомонию 8 дирам ҳам гуфтанд. Ин саррофе, ки ман аз ӯ ба нархи 7 сомонию 3 дирам доллар харидам, боз нархи аз ҳама арзонтаринро бароям пешниҳод карда буд."

Мусоҳиби дигари мо бо номи Ҳафиза мегӯяд, ки барои харидани 1000 доллар ба бисёре аз нуқтаҳои саррофӣ дар Душанбе сар зада, дар ҷавоб "доллар надорем" шунидааст. "Танҳо дар як нуқтаи саррофӣ ҳозир шуданд, ки ба мо доллар фурӯшанд, вале он ҳам ба қимати 7 сомониву 5 дирам. Ин нарх хеле гарон аст. Мо аз дар ҳайратем, ки чаро дар тоблуҳо дигар нарх часпондаанду дар ҷавоб чизи дигар мегӯянд?"

Нархи расмии доллар дар саррофиҳои Душанбе ҳанӯз 6, 73 - 6,75 сомонист

Нархи расмии доллар дар саррофиҳои Душанбе ҳанӯз 6, 73 - 6,75 сомонист

Дар нархномаи овехтаи саррофиҳо дар шаҳри Душанбе нархи хариду фурӯши як доллари амрикоӣ аз 6 сомонию 70 то 6 сомонию 80 дирам нишон дода шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон – ниҳоди масъули танзими риштаи бонкдорӣ ва бозори асъори ин кишвар – низ қурби расмии доллар дар муқобили сомонӣ – пули миллии Тоҷикистонро барои рӯзи 23 ноябр 6 сомонию 67 дирам муқаррар кардааст. Муомилаҳои бонкӣ бо доллар дар ин рӯз бояд тибқи ҳамин қурби расмӣ анҷом шаванд.

Иқтисоддонҳо коҳиши қурби сомониро беш аз ҳама натиҷаи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия медонанд, ки боиси ба ҳисоби доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон шуд. Масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, беш аз 90 дарсади ин пул бо рубли русӣ фиристода мешавад ва ба ҳисоби рубл, ҳаҷми пулҳои интиқолӣ кам нашудааст. Вале азбаски дар як соли охир қурби рубл дар муқобили доллару евро тақрибан ду маротиба пойин рафт, фишори он ба қурби сомонӣ ҳам мушоҳида мешавад.

Қурби асъор дар моҳи сентябри соли 2014

Қурби асъор дар моҳи сентябри соли 2014

Қурби доллар дар муқобили сомонӣ аз моҳи сентябри соли 2014 ба ин тараф аз 5 сомонию 15 дирам то, инак, 7 сомонӣ, яъне беш аз 30 дарсад боло рафтааст.

Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.

Як моҳи пеш Бонки миллӣ эълон кард, ки ба бонкҳо ҳаққи мустақилона муқаррар кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро бармегардонад. Дар пайи ин қурби доллар, ки расман дар ҳудуди 6 сомонию 50 дирам “дармонда” буд, як каме ҷунбид ва ба 6 сомонию 70 дирам расид. Инак ба марзи 7 сомонӣ убур кардани қурби доллар нишон медиҳад, ки ин ҳама қуллаҳои қаблан фатҳкардаи доллари Амрико дар бозори асъори Тоҷикистон истгоҳи ниҳоӣ набудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG