Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар бозиҳои олимпӣ шикаст хӯрд


Рақобати Ҷаҳон Қурбонов бо Яҳё Элмекачари
Рақобати Ҷаҳон Қурбонов бо Яҳё Элмекачари

Муштзани 26-солаи тоҷик, Ҷаҳон Қурбонов, аз дасти Яҳё Элмекачари (Тунис) мағлуб шуда, аз медали олимпӣ бенасиб монд.

Варзишгари тоҷик - муштзан Ҷаҳон Қурбонови 26-сола дар вазни то 81 килограмм дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яҳё Элмекачари (Тунис) мағлуб шуд ва аз идомаи муборизаҳо бенасиб монд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки аз ин рақобатҳо мушоҳида мекард, дар як сӯҳбати телефонӣ аз Лондон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷаҳон тамоми талошашро ба харҷ дод, вале муваввафақ нашуд. "Рақобат хеле бад гузашт, рости гап умеди мо дигар буд. Хуб, ин майдони варзиш аст, ҳама мубориза мебаранд. Касе пурқувват аст, дастболо мешавад", - гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, рӯзи 30-юми июл ҳамроҳ бо Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари дигари маъруфи тоҷик – Расул Боқиев ҳам натавонист барои медалҳои аслии бозиҳои олимпӣ рақобат кунад. Лаҳзаҳое пеш аз шурӯи рақобати Ҷаҳон Қурбонов дар муштзанӣ, Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар сабқати дзюдо дар вазни то 73 килограмм нахуст дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Даниэл Виллямс (Бритониёи Кабир) рақобат кард. Паҳлавони тоҷик дар муддати 4 дақиқаю 39 сония ба рақибаш Наврӯз Ҷӯрақобилов буд, ки ӯ дар даври муқаддамотӣ бар След Довабобо (Норвегия) дар муддати 1 дақиқаю 10 сония ғалабаи соф (иппон) ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар муддати 2 дақиқаю 26 сония бар рақибаш ғалабаи соф (иппон) ба даст овард.



Дар даври чаҳорякниҳоӣ Расул бо Рики Накая (Ҷопон) рақобат кард. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷом пазируфт. Расул Боқиев дар ҷараёни сабқат ду огоҳӣ гирифт ва аз ин рӯ ба рақибаш юко (имтиёз) дода шуд.

Баъд аз ин, Расул Боқиев муборизаро барои нишони биринҷӣ идома дод, вале ноком гашт. Рақиби ӯ Уго Легранд (Фаронса) буд. Расул дар ин рақобат низ 2 огоҳӣ гирифт ва ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев гуфт, ба назари ӯ, "довар ҳаққи Расулро хӯрдааст": "Аз аввали қувваозмоӣ шоҳиди рақобатҳо будам ва барои Расулҷон мухлисӣ мекардам. Хеле ҳунарнамоии зебо кард. Вақте ӯ рақиби бритониёии худро мағлуб кард, хеле шод шудем. Рақиби дуюмаш, ки аз Узбакистон буд, ӯро ҳам бо як ҳунари зебои паҳлавонии худ мағлуб кард. Шахсан фикр мекунам, дар даври сеюм рақобат бо варзишгари фаронсавӣ доварон ҳаққи Расулҷонро хӯрданд. Чунки нерӯи ҳардуи онҳо баробар буд. Расулҷон дастгирӣ наёфт. Ҳамаи мо зиқ шудем, хаста шудем ва умедворем, ки дар мусобиқаҳои оянда Расулҷон пирӯз мешавад ва барои Тоҷикистон шогирдони хубро тарбия хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Рӯҳияи худи Расул чӣ тавр буд?

Муҳаммадшо Абдуллоев: "Ростӣ гап, вақте ба чеҳраи Расулҷон нигоҳ мекардам, дар назарам зиқ буд, нороҳат ва хаста буд. Вақте ба ӯ нигоҳ мекардам, шодравон падараш пеши чашмам меомад."

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ рӯзи 27 июл дар шаҳри Лондон шурӯъ шуданд. Дар рӯзи аввали мусобиқот дар Олимпиадаи Лондон ду варзишгари тоҷик низ ба шикаст рӯбарӯ шуда буданд. Сергей Бабиков дар сабқати интихобии тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О (Кореяи Ҷанубӣ) бо 688,2 имтиёз бо медали тилло сарфароз гашт. Лука Тескони (Италия) бо 685,8 имтиёз бо медали нуқра мукофотонида шуд. Андриа Златич (Хорватия) бо 685,2 имтиёз соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Собирҷон Назаров дар сабқати бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG