Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақшаи барафроштани баландтарин милаи парчам дар ҷаҳон ва баста шудани масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ таваҷҷӯҳи бисёре аз нашрияҳои ғарбиро ба Тоҷикистон ҷалб кард.

Бархе аз онҳо дар ин росто аз Рашт ва Камароб низ ёдовар шуданд. "Ню Йорк Таймс", "Гордиан" ва "Дейлӣ Телеграф", аз ҷумла, хабари баландтарин сутуни парчамро болотар аз ҳамоиши сарвазирони Созмони Шонгҳой дар Душанбе ҷой додаанд. Як маҷаллаи интернетӣ танзомез гуфтааст, "парчам барои он ин қадар баланд хоҳад буд, ки аз Камароб низ дида шавад."

Аммо бидуни танз низ бархе аз расонаҳо зимни хабари парчаме, ки акнун бояд дар баландии 165 метр бар фарози Душанбе парафшон гардад, аз рӯйдодҳои моҳҳои охир дар кӯҳҳои барфпӯши водии Рашти Тоҷикистон ёдрас шудаанд.

Зоҳиран "Рашт" ва "Камароб" аз вожаҳое хоҳанд буд, ки боз борҳо дар матбуоти Ғарб паҳлуи номи Тоҷикистони соли 2010 қарор хоҳанд гирифт.

БАРХЕ АЗ ПОСУХҲО

Барои сокинони Тоҷикистон як нукта рӯшан аст, ки тирамоҳи имсол дар Рашт фоҷиаи миллӣ рӯй дод, аммо нукоти зиёди марбут ба ин фоҷиа ба иллати пардаи асроре, ки онро печидааст, ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин бархе аз пурсишҳои муҳим посухи хешро дарёфтаанд.

Нашрияи "Нигоҳ" ин ҳафта аввалин бор акси Аловуддин Давлатов ё Алии Бедакиро мунташир кард, ки ба "Ҳазрат" дар навори видеоии нашркардаи торнамои "Daily Mition" шабоҳати зиёд дорад. Дар ҳоле ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқи ин наворро эълом надоштааст, он, агар навори сохта набошад, нахустин далели ҳузури мусаллаҳон дар кӯҳистони кишвар буда метавонад.

Дар ин навор, ки, зоҳиран, бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст, 6-7
нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои афғонии "пакул" доранд ва мехоҳанд, ба маҳалли муайяне расидаву ба раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми ҷанг диҳанд.

То маълум шудани ин навор, шубҳае мавҷуд буд, ки интиқоли нерӯҳои давлат ба Рашт бештар барои намоиши қудрат ва аз байн бурдани таҳшини талхи фирори бесобиқа аз маҳбаси Душанбест. Ба ёд орем, ки шаби 22-юми августи соли равон 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният, дар фосилаи начандон дур аз Кохи раёсатҷумҳурӣ ва манзили президенти кишвар бо қатли 6 зиндонбон фирор карданд.

Хабарнигорони хориҷӣ хеле талош кардаанд, пайвандеро миёни ин фирор, нахустин таркиши худкушона дар Хуҷанд ба таърихи 3-юми сентябр, оғози амалиёти ҳарбӣ дар водии Рашт ва ҳамчунин афзоиши фишор ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, доғ шудани масъалаҳои ҳиҷобу риш ва бозгардони донишомӯзони тоҷик аз кишварҳои исломӣ пайдо кунанд.

"БЕГОНАҲОИ МАРМУЗ"

Ба ақидаи Ҷон Ҳитерша аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё, ки дар бораи давраи пасоҷангии Тоҷикистон китобе мунташир кардааст, аз хориҷи Тоҷикистон омадани хушунат ва ё худҷӯшу дохилӣ будани он бисёр нукоти торики қазияро рӯшан мекунад. Худи ӯ бар ин аст, ки ишора ба террористони хориҷӣ як таблиғоти ҳукуматист. Аммо Мириам Элдер, ки ахиран аз Рашт дидан кардааст, дар "Global Post" менависад, аз чандин сокини маҳаллӣ дар бораи ҳузури "бегонаҳои мармуз ва ношинос" иттилоъ гирифтааст.

Барои бисёриҳо шигифтовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон таркиби ошӯбгарон ва дараҷаи таҳдиди онҳо ба амнияти мамлакатро махфӣ медоранд. Хатҳои мухобира бо минтақа аз замони ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мошинҳои ҳарбӣ дар 19-уми сентябр то 27-уми ноябр қатъ буданд.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Давлатмардон аз сӯҳбати ошкоро дар бораи Рашт худдорӣ мекунанд ва танҳо инро мегӯянд, ки вазъ мӯътадил буда, ҳукумат онро зери назорат дорад. Дар ҳоле ки ҳатто ба ҳисобҳои камтарин дар рӯйдодҳои Рашт аз нимаҳои моҳи сентябр то ҳоло ба камияш 65 низомии ҳукумат кушта шудаанд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саймӯъмин Ятимов, амалиёти Раштро як "муваффақият" меномад ва мегӯяд, он дар ҳоли фарҷомёбист.

Аммо маълум нашуд, вақте Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Амирқул Азимов ва раиси Маҷлиси Намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров аз мудохилаи кишварҳои савум дар умури Тоҷикистон мегуфтанд, киро дар назар доштанд. Бо вуҷуди чунин талафоти нерӯҳои давлат ҳеҷ яке аз онҳо таҳдиди хешро амалӣ накард.

Дар моҳи октябр ҷасади шаш нафаре, ки ҳукумат онҳоро ситезаҷӯ меномад, дар бемористони марказии шаҳраки Ғарм ба намоиш гузошта шуд. Аҳолии маҳаллӣ 5 нафари онҳоро нашинохт, аммо ҳувияти як сокини ноҳияи Рашт маълум гашт. 14-уми ноябр дар ин ҷо боз ду нафар кушта шудаанд, ки ҳукумат якеро сокини шаҳри Душанбе ва дувумиро аз ноҳияи Исфара номид. Гуфта шуд, яке аз онҳо узви Ҳаракати исломии Узбакистон буда, дар таркишҳои террористӣ ва қатли низомиён дар Душанбе дар солҳои 1995-99 ширкат кардааст.

Мақомоти давлат ду ҳамлаи полис дар ноҳияи Исфараро дар моҳи октябр амалиёти зидди "террористон"-и марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон номиданд. Таркиши худкушона дар дафтари полис дар шаҳри Хуҷанд дар 3-юми сентябр, аввалин ҳамлаи интиҳории пайравони ҳамин созмон шумурда шуд.

Ба ин тартиб, "бегонаҳои мармуз" ба эҳтимоли зиёд фиристодагони ин ҳаракат буда метавонанд, вале дар он ҳолат таҳдидҳои мақомоти аршади Тоҷикистон дар бораи ифшои номи тарафи савум, ки мехоҳад, вазъро дар ин кишвар нороом кунад, аҳамияти хешро гум мекунад. Ҳатто замоне ки Ҳаракати исломии Узбакистон расман масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯш гирифт, касе дар Душанбе ба ин изҳорот таваҷҷӯҳ накард. Пас "бегона"-и асосии "мармуз" ҳамоно мояи ҳадсу тахмин боқӣ мемонад.

ҲУКУМАТ ВА ИСЛОМ

Агар вазъ дар дохили Тоҷикистон орому мӯътадил бошад, ҳеҷ "бегонаи мармуз" аз берун наметавонад, дасти худро то Рашту Камароб бирасонад. Вале дар дохил тафоҳум ва эътироф вуҷуд надошта, ихтилоф ва тафриқа то рафт вусъат мегиранд.

Ҳарчанд аксари расонаҳои ахбори оми Ғарб хушунатҳои охир дар Тоҷикистонро муборизаи байни як ҳукумати дунявӣ ва тундгароии исломӣ мешуморанд, муаллифи китоби "Тоҷикистони баъд аз низоъ", Ҷон Ҳитерша аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба ин баҳо шубҳае дорад. Вай мегӯяд, барои ҳама гуна фармондеҳ ё афроди норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ҷалби пайравон бо истифода аз ислом ба маротиб осонтар аст.

Мушкил, ба ақидаи Ҳитерша, он ҷост, ки ҳукумати Тоҷикистон тарзи муносибат ба дингарои мардуми хешро намедонад ва ба шеваҳои бархӯрди замони Шӯравӣ пойбанд мондааст. Аз сӯи дигар, афзоиши нуфузии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар дар пасманзари нокомиҳои ҳукумат, Душанберо водор кардааст, ки ситезаҷӯии исломӣ ва исломи сиёсиро бо ҳам махлут кунад ва ҳадаф қарор диҳад.

Ҳизби мазкур ба интихоботи порлумонии моҳи феврал бо омодагии бештар ва корбурди шеваҳои нави таблиғи сиёсӣ ворид шуд ва чашми мақомотро тарсонд. Агар тақаллуб ва хилофкориҳо дар ин раъйдиҳӣ ин гуна густарда намебуд, ҲНИТ метавонист, курсиҳои бештареро дар порлумон ба даст орад.

Бо назардошти ин вазъ, махфӣ мондани ҷузъиёти амалиёт дар Рашт ва ба ин ё он шакл пайванд додани бархе аз ситезаҷӯён бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон метавонад, бахше аз сиёсати умумӣ бошад.

ДУРНАМОИ ФАРОЯНД

Афроди каме дар Душанбе мавҷудияти мусаллаҳон дар кӯҳистони Раштро таҳдиди ҷиддӣ ба ҳукумати Раҳмон медонанд. Дастикам дар шароити феълӣ. "Ман фикр намекунам, ончӣ дар Рашт иттифоқ меафтад, ба сари худ барои режим як таҳдиде бошад," мегӯяд сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс.

"Онҳо аз он размандагони мусаллаҳе нестанд, ки қадами баъдияшон
Кеннетс Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон
ҳаракат ба сӯи Душанбе ва ё ҳамла ба ҳукумат дар ҷои дигар бошад. То ҷое ки мо муайян карда тавонистем, он дар ҳамон маҳалле дар водии Рашт маҳдуд карда шуд."

Сафир дар гуфтугӯ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ, Фарангис Наҷибуллоҳ ва Ҷеймс Курчик, ки ахиран ба Тоҷикистон сафар карданд,
мегӯяд, вазири умури хориҷӣ ба ӯ гуфтааст, ҳамаи мушкилот дар Рашт ва дар шимол, дар Суғд ҳал шуд. "Хеле хуб, ман метавонам ба Ғарм сафар кунам," пурсидааст сафир аз вазири умури хориҷӣ ва дар посух шунидааст, ки "бояд каме мунтазир шуд."

Дур аз Душанбе ва Рашт, махсусан дар вилояти шимолии Суғд, бисёриҳо дар бораи амалиёти ҳарбӣ дар Рашт чизи каме шунидаанд. Дар ҳақиқат талошҳои пардапечии иттилоотии ҳукумат дар ин ҷо натиҷа додаанд.

Мадина, муаллимаи мактаб дар Конибодом, мегӯяд, ба хабарҳои телевизион бовар дорад ва аз "ҳалокати сарбозони бегуноҳ", ки дар кадоме аз мавзеъҳои Рашт аз тири террористон кушта шудаанд, ғамгин гаштааст. Аммо вай натавонист, ҷузъиёт ё мӯҳтавои амалиётеро, ки дар Рашт идома дорад, ба ёд орад.

Хабарнигорони "Озодӣ" ӯро дар бозори чиноиҳо дар Хуҷанд диданд, ки чизе харидорӣ мекард. Монанди бисёре аз рустоиён, Мадина мегӯяд, ба интернет дастрасӣ надорад ва пулаш барои мавҷгири моҳвораӣ намерасад. Телевизиони давлатӣ ягона манбаи иттилоъст. Табъан, Мадина ба шарҳи ҳукуматии рӯйдодҳо бовар дорад.

РӮҲИЯИ АВОМ

Мустафо мегӯяд аз ноҳияи Ғафуров буда, дар донишгоҳе дар Хуҷанд таҳсил мекунад. Вай мегӯяд: "Бисёре аз одамон танҳо замоне аз рӯйдодҳои Рашт хабар ёфтанд, ки аз Рашт ҷасади сарбозонро оварданд." Ба ақидаи Мустафо, мардуми Тоҷикистон намехоҳанд, дар кишвар ҷанги наве сар занад ва умедворанд, ки ҳукумат "террористонро дар Рашт маҳв мекунад."

Ҳамзамон Мустафо мегӯяд, вай аз ҳукумати Раҳмон низ чандон розӣ нест. Дар тафовут бо насли калонсолтар, ки аз Раҳмон барои эҷоди сулҳ дар кишвар сипосгузоранд, Мустафо хеле ҷавонтар аз он аст, ки ҷангро дар ёд дошта бошад. Вай мегӯяд, аз гузашта дида "имрӯз ва оянда муҳимтаранд."

Мустафо меафзояд: "Раҳмон ҳамдиёрони худро аз минтақаи ҷанубии Кӯлоб ба сари ҳокимият овард ва онҳо ҳамаи мансабҳо сердаромадро ишғол карданд, ҳамаи корҳоро ба дасти худ гирифтанд." Ин шикваест, ки дар ҳар гӯшае аз Тоҷикистон, кишваре, ки дар он маҳалгароӣ ба сиёсат таъсири сангин дорад, метавон шунид.

Бештари риштаҳои асосӣ дар Тоҷикистон дар дасти афроди наздик ба президент, хешу табор, ё ба камияш, ҳамшаҳриёни кӯлобии ӯ қарор доранд. Мансабҳои муҳими давлатӣ, монанди сардорони раёсатҳои минтақаии полис, додситонҳои вилоятӣ ва раҳбарони ниҳодҳои андозу гумрук, сарварии донишгоҳҳо ва ҳокимияти ҳамаи чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар дасти зодагони Кӯлобанд. Тоҷикон ин ҳолатро маҳалгароии давлатӣ меноманд.

Рӯҳияи ом дар Душанбе ва маҳалҳои дигар ба гунаест, ки агар таҳдиде ба ҳукумати Раҳмон вуҷуд дошта бошад, он аз мусаллаҳони муҳосирашудаи водии Рашт не, балки аз нороҳатии мардум дар баробари маҳалгароии афзояндаи ҳукуматдорон ва фасоди фарогири худи режим сар хоҳад зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG