Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар сел шабона меомад, ҳамаи моро мебурд..." (ВИДЕО)


Атфоли раштӣ дар истироҳатгоҳи Суғд

Атфоли раштӣ дар истироҳатгоҳи Суғд

Ҳудуди шаст наврас аз минтақаи Рашт, ки шоҳиди фаромадани ярч ва омадани сел дар рустои Ҳалқа ва Бедак буданд, барои истироҳат ба вилояти Суғд рафтаанд.

Бо як дастури ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 60 наврас аз ду рустои селзадаи Ҳалқа ва Бедаки ноҳияи Рашт ба вилояти Суғд барои истироҳат рафтанд. Ба гуфтаи масъулони Раёсати маорифи вилояти Суғд, ин наврасон, ки аз 8 то 15 сол доранд, то аввалҳои моҳи сентябр, яъне то оғози соли нави таҳсил дар осоишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қарор хоҳанд дошт.

Абдухалил Қодиров, намояндаи идораи маорифи Рашт, ки наврасони раштиро ҳамроҳӣ мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “он наврасоне, ки асосан лоиқ ба меҳнати ҷисмонии сахт, аз қабили сохтмони манзил нестанд, онҳоро ба истироҳатгоҳҳо овардем, вале бародарони онҳо ҳамроҳи волидайнашон аз пайи сохтмони хонаҳои нав дар деҳаҳояшон ҳастанд.” Ба гуфтаи Қодиров, аксари манзилҳои истиқоматии ин наврасон дар пайи сел пурра тахриб шудаанд.

Ба ин тартиб, ин наврасон аз ҷониби Раёсати маорифи Суғд бо ғизо таъмин шуда ва бо таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта мешаванд. Сайфулло Раҳматов, муовини мудири Раёсати маорифи вилояти Суғд дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, “ин наврасон зери назорати пайвастаи мо ҳастанд ва талош хоҳем кард, ки онҳо дар ин ҷо худро мисли хонаву маҳаллаи худашон эҳсос кунанд.”

Ба таъкиди Раҳматов, рӯзҳои наздик ҳудуди 100 наврасу кӯдаки дигар аз вилояти Бадахшон ба Суғд хоҳанд омад ва ҳамроҳи ҳамсолони раштиашон дар ин осоишгоҳ истироҳат хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони раёсати маорифи Суғд наврасоне, ки аз вилояти Бадахшон меоянд, то моҳи январи соли оянда дар ин ҷо мемонанд ва на танҳо истироҳат мекунанд, балки таҳсил низ хоҳанд кард.

Аммо бо гузашти се ҳафта аз сел, кӯдакони раштӣ бо даҳшат аз он офати табиӣ ёд мекунанд. Таҳмина Носироваи 10-сола, аз рустои Ҳалқа, бегоҳирӯзии 20 июл омадани селро аз бобояш шунидааст, ки бо воҳима ҳама наберагонашро ишора ба гурехтан кардааст. “Бобоям гуфтанд, ки тез гурезед ва ман чанд бор афтида, шитобон ҷониби як чойхонаи маҳалламон рафта. Ҳамроҳи дигар дугонаҳоям ҳамонҷо шиштем. Баъд дидем, ки хонаи моро сел бурд ва ман ҳамроҳи хоҳару акаҳоям ба хонаи амакам рафтем ва баъди ду-се рӯз барои мо ҳам хайма сохтанд.”

Вале Субҳиддин Сияров, навраси 14-сола мегӯяд, чун дид, ки сел меояд, ба ҷониби кӯҳ гурехта, ҷонашро ба саломат бурдааст. Ин ҳамсӯҳбати навраси мо гуфт, “вақте ҳамон ҳолатро ба хотир меорам, хеле ғамгин мешавам. Шукри Худованд, ки рӯзона омад. Агар дар шаб меомад, ҳамаи моро об мебурд ё дар таги хок мемондем. Хонаи мо низ тамоман хароб гардид ва ҳозир акаҳоям машғули сохтани хонаи нав ҳастанд.”

Шоҳрух Ҳакимови 10-соларо падараш ҳангоми омадани сел гирифта шитобон ба ноҳияи Ғарм, ба хонаи пайвандонаш бурдааст, то ки фарзандаш аз офати табиӣ осеб набинад. Пас аз як рӯз, ки Шоҳрух ба хонаашон меояд, мебинад, ки ҳамаи бозичаву ашёи дарсиаш зери хок мондаанд ва бо вуҷуди ҷустуҷӯи зиёд онҳоро пайдо карда наметавонад. Вале ӯ аз он ки ба Хуҷанд барои истироҳат омадааст, бисёр хушҳол аст.

Рӯзҳои 16-23 июл бо сабаби обшавии пиряхҳо дар чанде аз деҳаҳои вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт сели харобиовар омад, ки дар натиҷа садҳо хонаро вайрон ва ҷони 8 нафарро гирифт. Ярче, ки шоми 20 июл манзили зисти 60 сокини деҳаи Бедак ва Ҳалқаи ноҳияи Раштро пахш кард, ба нақли сокинони ин деҳот, то панҷ метр баландӣ дошт.

Ҳамакнун бо қарори ҳукумати Тоҷикистон то 6 ноябр осебдидагони офати табиӣ дар вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт бояд соҳиби манзили зист шаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман тахриб шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG