Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони ду деҳаи ноҳияи Рашт, ки бар асари обхезиҳои ахир хисороти зиёд дидаанд, ҳоло талош доранд ашёи рӯзғорашонро аз зери лой берун кунанд.

Ярче, ки шоми 20-уми июл манзили зисти 60 сокини деҳаи Бедак ва Ҳалқаи ноҳияи Раштро пахш кард, ба нақли сокинони ин деҳот, то панҷ метр баландӣ дошт. Аз ҳамин хотир, ҳоло барои сокинони аз зери лой берун кардани чизу чораи рӯзғор кори осоне нест. Дар миёни мардони зиёд, писарбачаи 8-соларо надида намешавад, ки се рӯз аст мехоҳад тамоми бозичаҳои худро аз зери харобаҳо берун кунад. Назрихӯҷа Сироҷов ҳам сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт аст ва ӯ низ аз омадани сел ба хонадонашон хеле нороҳат шудааст.

Вай мегӯяд, ноумед нест ва бисёр мехоҳад, ҳадди аққал дучархаашро аз зери овор берун кунад. Барои кӯмак модарашро ҳам даъват кардааст. Назрихӯҷа мегӯяд, вақте сел ба рустои онҳо омад, ҳамроҳ бо модараш дар саҳро буд. Зарнигор Маҳмадова, модари ин наврас мегӯяд, дар саҳро буданд, ки болои деҳ абри сиёҳ пайдо шуд ва борони пуршиддате ба боридан шурӯъ кард. Пас аз як соати боридан пораи кӯҳе лағжид ва ба самти деҳ ҳаракат кард. Ӯ гуфт, «ҳама бо доду фарёд мардумро барои гурехтан даъват карданд.

Касе чизу чораашро нагирифт ва ҳар кас ҷонашро гирифта гурехт». Деҳаи Бедак ва Ҳалқа, ки аксари сокинонашон аз ин офати табии зиён диданд, паҳлӯи ҳам қарор доранд. Ярче, ки боиси харобии ин ду деҳ шудааст, тақрибан ду километр болотар қарор доштааст. Сайраҳмон Ёқубов, сокини деҳаи Бедак мегӯяд, ин ярч бо худ оби зиёд надошт ва хеле оҳиста ҳаркат кард. Ба гуфтаи ӯ, ин ярч дар таркиби худ сангу чӯб дошт, ки суръати ҳаркаташро сусттар мекард ва ин омил боис шуд, то сокинон имкони фирор пайдо кунанд. “Аз дараи Лояк ва Ҳалқа аз бари кӯҳ пораҳои намкашидаи кӯҳ лағжида ба поён омад.

Вақте мо мардумро огоҳ мекардем, ҳама дар таҳлука афтода буд. Гову молашон ва чизу чораашон зери лой монд”, гуфт ӯ. Комиссиюни вижа, ки аз ҷумла бо расонидани кӯмаки башарӣ ба мардум машғул аст, то охири моҳи ҷорӣ бояд ҳаҷми хисороти моддии мардумро ҳисобу китоб кунад. Дар деҳаи Бедак як нафар ҳам қурбони ин ярч шудааст. Мустақима Ҷалолова мегӯяд, вақте онҳоро огоҳ карданд, ки аз боло ярч меояд, ӯ набераҳои хурдсолашро ба ҷои амн бурд ва хост дувумбора барои бурдани фарзанди маъюби 27-солааш баргардад, ки бе кӯмаки дигарон роҳ гашта наметавонист, вале аллакай дер шуда буд.

Аз хонаи ӯ дигар нишоне аз хонааш намонда буд. Вай мегӯяд, ҷасади фарзандашро дар фосилаи 100 метр дуртар аз зери лой пайдо карданд. Ҳоло хонум Мустақимаву набераҳояш ва даҳҳо сокини дигари осебдида шабро дар хонаи хешу таборашор рӯз мекунанд. Ҳарчанд, дар канори деҳа хаймаҳо насб шудаанд, вале то ҳол касе он ҷо маскун нашудааст. Масҷиди ин деҳ ба ошхонаи мувақатии сокинони осебдида табдил ёфтааст. Кӯмакҳои расида аз манотиқи гуногуни кишвар дар ин масҷид ба сокинон тақсим мешавад.

Риёҷиддин Тоҷиддинов, раиси деҳаи Ҳалқаи ноҳияи Рашт гуфт, ҳоло мақомоти маҳаллӣ талош доранд, то шароити дохили хаймаҳо муҳайё шавад ва мардум аз хонаи наздиконашон то сохтани манзили нав ба хаймаҳо кӯчонида шаванд. Дар ним моҳи ахир бар асари обхезӣ ва фаромадани ярч даҳҳо деҳа дар вилояти Бадахшон низ зиён диданд. Дар паи офатҳои ним моҳи ахир 6 тан кушта шуд, садҳо тан аз ҷои зист маҳрум шудаанд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон то 6-уми ноябр зиёндидагон бояд соҳиби манзили зист шаванд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмак ба осебдидаҳо 100 миллион доллар дархост кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG