Пайвандҳои дастрасӣ

Рашид Олимов: Аз мақоми сафир ба курсии дабири кулли Созмони Шанхай


Рашид Олимов

Рашид Олимов

Сиёсатмадори 63-солаи тоҷик Рашид Олимов баъди 10 соли кор аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Чин ва намояндаи Душанбе дар Созмони Шанхай озод карда шуд.

Рӯзи 12 январ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рашид Олимовро “ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Чин ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай озод кард.

Дар ахбори расмӣ ба кадом мақоми нав рафтани ин сиёсатмадори собиқадор баъди 10 сол сафирӣ дар Пекин чизе гуфта намешавад. Аммо Рашид Олимов дар моҳи июли соли 2015 дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Уфаи Русия ба ҳайси дабири кулли ин созмон муаррифӣ шуда буд. Ӯ дар ин мақом барои се соли оянда намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро, ки аз июни 2012 дабири кулли Созмони Шанхай буд, иваз кард.

Дар сомонаи расмии Созмони ҳамкориҳои Шанхай гуфта мешавад, ки Рашид Олимов аллакай ба кор дар мақоми дабири кулли ин созмон сар кардааст ва рӯзи 11 январ, барои мисол, нахустин мулоқоташро ҳам бо Гун Сзянвей, мудири иҷроияи Мушовараи ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар қораи Осиё сӯҳбат доштааст.

Рашид Олимови 63-сола аз зумраи сиёсатмадорони собиқадорест, ки устухони худро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар обу оташи сиёсат обутоб додааст.

Олимов Рашид Қутбиддинович 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ва соли 1990 Академияи илмҳои ҷамъиятии вобаста ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС)-ро хатм кардааст.

Рашид Олимов баъди хатми донишгоҳ як сол дар иттифоқи касабаи ин муассиса кор карда, аз соли 1976, баъди издивоҷ ба духтари Муҳаммад Осимӣ, президенти вақти Академияи улуми Тоҷикистон, ба кори “комсомол” (ВЛКСМ) – қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими коммунист гузашт. Нуқтаи авҷи карйераи Рашид Олимов раҳбарии маркази матбуоти Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Маскав дар соли 1985 буд. Баъди ин дар соли 1986 Рашид Олимов ба мақоми котиби якуми комсомоли Тоҷикистон расид.

Соли 1988, бо гузаштан аз синни “комсомолӣ” Рашид Олимов дар синни ҳамагӣ 33 котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Фрунзе (ҳоло – Ибни Сино)-и шаҳри Душанбе ва дар нахустин интихоботи алтернативӣ дар соли 1990 аз ҳавзаи Фрунзе вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар Шӯрои олӣ раҳбарии Кумитаи ҷавононро бар ӯҳда дошт. Дар иҷлосия 16-уми Шӯрои олӣ дар поёни соли 1992 дар пайи ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон Рашид Олимов нахустин вазири хориҷа дар ҳукумати ӯ шуд.

28 декабри соли 1994 Рашид Олимов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин гардида, баъди 10 соли кор дар Ню-Йорк ва “гузарондан”-и ибтикорҳое, чун Соли обу Даҳсолаи об, дар соли 2005 сафири Тоҷикистон дар Пекин шуд. Иттифоқан дар даврае ки Чин ба бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфт.

Рашид Олимов зан ва ду писар дорад. Писаронаш – Фирдавс ва Олим – дар Пекин дар ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ кор мекунанд. Ӯ соли 2014 дар Академияи дипломатии Маскав дар мавзӯи “Ҳамкории стратегии Тоҷикистону Чин дар соҳоти байналмилаливу сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарӣ” рисола ҳимоя карда, унвони доктори улуми сиёсиро ба даст овард.

Онҳое ки Рашид Олимовро мешиносанд, эътироф мекунанд, ки ӯ дар замони Шӯравӣ комсомолу коммунисти хеле фаъолу ақидатманд буд, вале дар миёни номенклатураи он замон кордонтар ба назар меомад.

Умед Бобохонов, муассиси медиа-ҳолдинги “Азия Плюс” дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ аз ҷумла аз ибтикори «Минтақаи сулҳ» дар замони раҳбарии комсомоли Тоҷикистонро бар ӯҳда доштани Рашид Олимов ёдоварӣ кард, ки минтақаи орӣ аз ҷангу низоъ эълон кардани параллели 38-умро ба ҳадаф дошт. Дар рӯи ин параллел шаҳрҳое, чун Душанбе, Вашингтон, Токио, Истамбул ва Исфаҳон ва ҳатто хатти ҷабҳаи байни ду Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Мақомоти комсомол барои таблиғи ин ташаббус, ки аз номи донишҷӯе бо исми Мунира Набиева матраҳ шуда буд, ҳатто Далер Назаров, овозхони он замон ҳанӯз ҷавону умедбахшро ҷалб карданд ва ӯ таронаи маъруфи “Телефони сулҳ”-ро навишт.

Таронаи "Телефони сулҳ"-и Далер Назаров:

Умед Бобохонов мегӯяд, Рашид Олимов дар мансабҳои дигар низ ҳамеша азмаш ба ташаббускориро ҳифз кардааст: “Аз 10 соле ки дар СММ кор кард, ташаббусҳои Соли обу Даҳсолаи об, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод шуд, низ ба номи Рашид Олимов бармегардад.Дар канори Пекин дар баҳори соли 2006 бо ташаббуси Рашид Олимов 125 дарахти навъҳои “Мирсанҷалӣ” ва “Бобоӣ” як боғи зардолу сохтаанд. Ҳар сол дар мавсими гули зардолу сокинону меҳмонони Пекин ба тамошои ин боғи тоҷикӣ меоянд ва сафорати Тоҷикистон дар ин боғ ҳар сол маъракаи қироат ягон шоир ё адибро доир мекунад, ки бо номи “Абрикосовые чтения” маъруф шудааст. Ин мавзӯъ дар наққошии “Боғи зардолу”-и рассоми тоҷики муқими Амрико Фаридун Неъматзода, ки соли гузашта Тоҷикистон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин тақдим кард, тасвир шудааст. Зимнан, идеяи ин асарро ҳам Рашид Олимов дода буд.”

Онҳое ки Рашид Олимовро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳамчунин ба забони русӣ шеъру наср ҳам менависад, вале то ҳол дар ягон ҷо чоп накардааст. Аммо дар яке аз саҳифаҳои Интернет як эссеи ӯ бо номи “Сӯзани сеҳрнок ва зардолуи мӯъҷиза” ( Волшебная Игла и Чудо-Абрикос») нашр шудааст.

Ӯ ҳамчунин бо суханрониҳои пурҳарораташ дар солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 дар ёдҳо мондааст. Яке аз ҳамкорони давраи “комсомол”-и Олимов бидуни бурдани ном гуфт, ки ӯ ба ҳар суханрониаш бо як масъулияти тамом омодагӣ медид ва чанд рӯз дар хона дар пеши оина чи гуна сухан рондану кай даст ҷунбондан ва ҳатто ҳаракати лабонашро машқ мекард.

Мунтақидон аммо мегӯянд, Рашид Олимов дар асл аз хайли кадрҳои шахшудаест, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ба ақидаи онҳо, Олимов ҳамеша ба равиши об ҳаракат мекард ва як сабаби асосии чунин муддати тӯлонӣ боқӣ мондани ӯ дар арсаи сиёсии “сархӯр”-и Тоҷикистон ҳамин аст.

Тазоҳуроти феврали соли 1990 дар Душанбе

Тазоҳуроти феврали соли 1990 дар Душанбе

Онҳо ба рӯйдодҳое ишора мекунанд, ки берун аз тарҷумаи ҳоли расмии Рашид Олимов мондааст. Аз ҷумла ба ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990, ки Олимов ва як зумра аз мақомоти дигари ҳизби коммунист алайҳи истеъфои раҳбарони аввали ҷумҳурӣ – Қаҳҳор Маҳкамов, Изаттуло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев – маърака сохтанд ва ҷараёни Пленуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистонро алайҳи Бӯрӣ Каримов ва намояндагони дигари эътирозгарон гардонданд.

Рашид Олимов ҳамин тавр, дар поёни соли 1990 дар нахустин интихоботи президент дар парлумон дар муқобили Раҳмон Набиев аз номзадии Қаҳҳор Маҳкамов ҳимоят кард, вале баъди нокомии ГКЧП дар августи соли 1991 ба лагери Раҳмон Набиев гузашт. Бо ин вуҷуд, ӯ дар аҳди Набиев чандон рӯи хуше надид. Дар поёни соли 1992 Рашид Олимов дигарбора ба ҳукумат баргашт ва ин дафъа дар ҳукумати Раҳмон.

Рашид Олимов дар замони Шӯравӣ низ яке аз номзадҳои эҳтимолии клани он замон ҳокими Хуҷанд ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон шумурда мешуд. Баъди соли 1992 ҳам бахусус дар матбуоти Русия Олимовро ҳатто “номзади эҳтиётӣ” ва як навъ алтернативаи Маскав дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон рақам мезаданд. Аммо Олимов баъди соли 1992 ҳеҷ гоҳ аз доштани кадом амбитсияи сиёсие дарак надодааст ва аз сӯҳбат бо матбуот низ ҳамеша парҳез мекунад. Ҳамин ба даҳон об гирифтанаш, ба ақидаи нозирони умур, ҳамон “сад тило”-ест, ки умри сиёсии дарози Рашид Олимовро таъмин мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG