Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии нусхаи нодири “Шоҳнома” дар Маскав


Дар китобхонаи адабиёти хориҷии Маскав як китоби 400 сол пеш хаттотишудаи “Шоҳнома” ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар Китобхонаи адабиёти хориҷии шаҳри Маскав, маъруф ба “Иностранка”, намоишгоҳи вижае бо номи “Эроншиносӣ дар оинаи китоб” оғоз ба кор кард. Светлана Горохова, раҳбари Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи адабиёти хориҷии Маскав рӯзи 29 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин намоишгоҳ, ки то 4 май давом хоҳад кард, даҳҳо намунаи китобҳои нодир, аз ҷумла дастнависҳо ва китобҳое, ки дар қарнҳои миёна бо дасти хаттотони маъруфи ҳавзаи Эрону хиттаи Бухоро хаттотӣ шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Қурбоналӣ Идрисов, раиси Бунёди эроншиносии Маскав ва яке аз ташаббускорони намоишгоҳи “Эроншиносӣ дар оинаи китоб” рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ин намоишгоҳ китоби Садриддин Айнӣ дар бораи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳаст, ки ҳанӯз дар солҳои 50 дар Маскав нашр шуда буд. Чанд китоби академики тоҷик Абдуғанӣ Мирзоевро ҳам ба намоиш гузоштаем. Китоби нодире дар бораи забони язғуломӣ ҳам ҳаст аз забоншиноси маъруфи рус Эделман бо номи «Язгуламский язык». Бори аввал дар инҷо дастнависи китоби шарқшиноси маъруфи рус Семёнов дар бораи рисолаи дар илми мусиқӣ навиштаи Зайналобуддин Ҳусайнӣ, аз мусиқашиносҳои маъруфи асрҳои 15 ва 16-ро ҳам ба тамошо гузоштем. Хулоса, эроншиносӣ дар ин намоиш ба маънои васеъаш гирифта шудааст ва танҳо бо ҳудуди Эрони имрӯза маҳдуд намешавад.”

Муаррифии "Шоҳнома"-и нодир дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим

Китобҳое, ки дар намоишгоҳи “Эроншиносӣ дар оинаи китоб” ба маърази тамошо гузошта шудаанд, аксаран аз хазинаи китобҳои нодири Китобхонаи адабиёти хориҷӣ, Бунёди эроншиносӣ ва маъхазҳои дигари китоб ҷамъоварӣ шудаанд.

Қурбоналӣ Идрисов
Қурбоналӣ Идрисов

Аммо Қурбоналӣ Идрисов гуфт, як китоби аз ҳама нодире, ки бори аввал дар қаламрави Русия ба маърази тамошо гузошта мешавад, тарҷумаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба забони феълан азбайнрафтаи қипчоқист: “Ин китоб бисёр як сарнавишти аҷибу ғариб дорад. “Шоҳнома” дар асри 16 бо дастур ва фармони Қонсуъа Ал-Ғурӣ, ки аз сулолаи мамлукҳои Миср аст, аз забони форсӣ ба забони қипчоқӣ тавассути Саид Шариф ном хаттоте тарҷума шуд. Дасти рӯзгор нусхае аз тарҷумаи ин “Шоҳнома” ба забони қипчоқиро ба ҳудуди Тоҷикистони имрӯза овард. Ин дастхати бозмонда аз асри 17 дар Ганҷинаи осори хаттии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон маҳфуз аст. Ин китоб дар Лондон барқарор карда шуд ва дар Туркия аз нав ба нашраш расонданд.”

Ин тарҷумаи нодири “Шоҳнома” ба забони қипчоқиро дар вақташ ховаршиноси шинохтаи тоҷик Амрияздон Алимардонов пайдо кардааст. Ин китоб аз 2 ҷилд ва 428 саҳифа иборат буда, дар баробари достонҳои “Шоҳнома” шеъри пурсарзаниши Фирдавсӣ дар ҳаққи Султон Маҳмудро ҳам дар бар мегирад.

Забони қипчоқӣ, ки аксари забонҳои туркии муосир аз он сарчашма мегиранд, дар асрҳои миёна дар дарбори мамлукҳои Миср фаровон истифода мешуд. Гуфта мешавад, тарҷумаи “Шоҳнома” ба ташаккули баъдии забони қипчоқӣ ва забонҳои туркии муосире, ки аз он ба дунё омаданд, нақши фавқулодда бозӣ кардааст.

“Шоҳнома” бузургтарин достонест, ки ба қалами як нафар тааллуқ мегирад. Ин китоб таъриху ривоятҳои сарзамини Эрон аз аҳди бостон то замони ба ин мулк роҳ ёфтани лашкари Исломро дар бар мегирад.

"Шоҳнома" ба забони испанӣ
"Шоҳнома" ба забони испанӣ

Абулқосими Фирдавсӣ ин шоҳасарашро дар тӯли 35 сол – аз соли 976 то 1011 навишта, дар замони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тамом кардааст. Аммо Султон Маҳмуд “Шоҳнома”-ро ба таври муносиб пазироӣ накард ва Фирдавсӣ аз алам шеъри пурмасхарае дар ҳаққи ӯ навишт.

Шоире ин моҷароро дар як байт чунин хулоса кардааст:

Гузашт шавкати Маҳмуду дар ин замона намонд

Ҷуз ин фасона ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.

Аммо Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”-аш инак беш аз ҳазор сол боз аз бузургтарин шоирони нафақат адабиёти форсӣ, балки адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ба қавли худи ӯ:

Биноҳои обод гарданд хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Дар соли 1992 дар маркази шаҳри Душанбе ҳайкали Фирдавсиро гузоштанд. Ҳоло ин ҳайкал дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе ҷойгир шудааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чанд муассисаи ҳунариву боғҳо дар ин кишвар низ ба номи Фирдавсӣ гузошта шудаанд.

XS
SM
MD
LG