Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон аз рушди реп ва майли ҷавонони тоҷик ба ин навъи мусиқӣ нигаронӣ кардааст.

Қудратулло Ҳикматов, раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон, аз ривоҷ ёфтани мусиқии рэп ва майли ҳарчи бештари ҷавонон ба ин навъи мусиқӣ изҳори ташвиш кардааст.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, қабл аз ифтитоҳи Анҷумани 12-уми оҳангсозони Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфтааст, агар рушди рэп ба ин шакл идома пайдо кунад, мардуми Тоҷикистон ҳуввияти миллии худро аз даст хоҳанд дод.

Хабаргузории "Интрефакс" ба нақли қавл аз ӯ менависад, “бештар аз он нигаронам, ки овозхонҳои ҳозира ба мусиқии ғайриҳирфаӣ таваҷҷӯҳ доранд ва ба он рӯ меоранд.” Вай илова кардааст, "намехоҳам, таронаҳои бемаъное, ки дар стили рэп иҷро карда мешаванд, баёнгари фарҳанги мардуми мо бошанд."

Рэп ҳамчун жанри таронасароӣ барои фарҳанги суннатии тоҷик бегона аст. Ин жанр дар пайи умумишавӣ ё глобализатсия дар Тоҷикистон паҳн шуд ва аввалин сарояндаҳои рэп дар Тоҷикистон 10 соли пеш рӯи саҳна омаданд.

Ин шеваи тозаи таронасароӣ он замон дар байни ҷавонон машҳур набуд, аммо дар ҳоли ҳозир ин жанри таронсароӣ миёни ҷавонони то бистола бештар тарафдор дорад. Оҳангсозон мегӯянд, вуруди наврасон ба ҷаҳони рэп мӯҳтавои онро ғайриқобили пахш ва сахтбаён кардааст. Ин аст, ки истифодаи таҳқир дар таронаҳои рэпсароён роҳи онҳоро ба радиову телевизион ҳам бастааст. Бо назардошти ин, мақомоти Вазорати фарҳанг ба ҳунарнамоии рэперҳо ё рэпсароён дар саҳнаҳои толорҳои консертӣ монеа эҷод мекунанд.

Рэпсароёни тоҷик дар бисёр маврид аз сарнавишти мардуми худ месароянд. Аз таърихи 20 соли ахир ва саргардониҳои тоҷикон дар Русия, ки ба мавзӯи ҳамагуна латифаҳои мардуми рус табдил шудаанд. Муҳоҷират, оворагӣ ва мурдан дар ғурбат, ин дардҳоеянд, ки ҷомеаи Тоҷикистонро гирифтор кардаанд ва ин дардҳоро шоиру овозхонҳои кӯчагии Тоҷикистон ба риштаи қофияву зарбҳо мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG