Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамазон Абдулатипов - раҳбари нави Доғистон


Рамазон Абдулатипов

Рамазон Абдулатипов

Сафири собиқи Русия дар Душанбе Рамазон Абдулатипов кафили раиси ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон таъйин шуд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 28 январ раҳбари Доғистон, яке аз ҷумҳуриҳо мухтори минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолиро иваз кард. Муҳаммадсалом Муҳаммадовро дар мақоми раисиҷумҳури Доғистон Рамазон Абдулатипов иваз мекунад, ки аз моҳи майи соли 2005 то поёни соли 2008, тайи севуним сол сафири Русия дар Душанбе буд.

Муҳаммадсалом Муҳаммадов, ки 48 сол дорад, фарзанди Муҳаммадалӣ Муҳаммадов – раҳбари Доғистон дар солҳои 90 – буд ва аз моҳи феврали соли 2010 ба курсии падараш нишаста, се сол бар Доғистон раҳбарӣ кард. Рамазон Абдулатипов ба фарқ аз ин пешгузаштаи ҷавонаш 66 сол дошта, карйераи сиёсиаш ҳанӯз аз замони Шӯравӣ оғоз мегирад.

Фарзанди нӯҳуми раиси колхоз

Ӯ фарзанди нӯҳуми хонавода ва падараш раиси колхоз буд. Абдулатипов аз аварҳо - қавми бузургтарини Доғистони серқавм – намояндагӣ мекунад ва ҷолиб ин аст, ки Донишгоҳи Доғистонро соли 1975, вақте синнаш алакай ба 30 мерасид, ва он ҳам ғоибона хатм кардааст. То замони бозсозии Михаил Горбачёв карйераи ӯ дар сатҳи ноҳияву шаҳр ва устодии донишгоҳ маҳдуд монд, вале дар соли 1988 ӯро ба Маскав, барои кор дар шӯъбаи равобити миллии КМ ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карданд. Ҳамчун одами Маскав ӯ соли 1990 аз ҳавзаи Буйноқи Доғистон вакили парлумони Русия интихоб шуд ва ба саҳнаи “сиёсати калон” роҳ ёфт.

Абдулатипов раиси Шӯрои миллатҳо – яке аз ду маҷлиси парлумони Русия - интихоб шуд ва то замони мунҳал шудани Шӯрои олии Русия аз сӯи раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин дар моҳи октябри соли 1993 дар ҳамин мақоми баланд ифои вазифа мекард. Дар солҳои 90 Абдулатипов як муддат вакили Дума ва аз соли 1997 муовини сарвазир дар умури миллатҳо буд. Дар ҳукумати Евгений Примаков дар соли 1998 ба мақоми вазири сиёсати миллии Русия расид ва як сол дар ин симат кор кард.

Рамазон Абдулатипов 23 майи соли 2005 сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ин замоне буд ки Русия дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201-умаш дар Тоҷикистон то соли 2014 ба ин кишвар ваъдаи қариб 2 миллиард доллар сармоягузорӣ дод ва аз ҷумла ширкати “РусАл” бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун ва як корхонаи нави алюминсозӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

Юсуф Абдусаломов ба ҷои ... Роғун

Аммо ҳеҷ кадоми ин ваъдаҳо ба иҷро нарасид ва севуним соли сафорати Абдулатипов дар Душанбе бештар бо ҳамин тарҳҳои дар рӯи коғаз боқимонда ва сӯҳбатҳои гармаш дар бораи дӯстии ду кишвар дар ёдҳо мондааст. Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар кори сафирии Абдулатипов ҳарф бештар буд, то амал. Аммо инки бо вуҷуди даст кашидани РусАл аз барномаҳои сармоягузориаш дар Тоҷикистон равобити Маскаву Душанбе дар он давра ба таниши ҷиддие напечид, аз дастовардҳои шахси Абдулатипов унвон мешавад. Дар ҳамон давраи сафорати ӯ буд, ки тими олимпии Тоҷикистон бо ду гуштигири доғистонӣ – Юсуф Абдусаломов ва Зелимхон Юсуфов – “тақвият” шуд ва Абдусаломов дар Бозиҳои олимпии Пекин дар соли 2008 барои Тоҷикистон нахустин нишони нуқраи олимпиро овард.

Абдулатипов баъди рафтанаш аз Душанбе ҳам нисбат ба ояндаи равобити Тоҷикистону Русия хеле хушбин боқӣ монда, дар мусоҳибае, ки ҳафтае пеш бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дошт, гуфт, тавофуқоти ҳосилшуда дар мулоқоти моҳи октябари руасои ду ҷумҳурӣ Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ҳатман иҷро хоҳанд шуд: “Тавофуқот дар бораи имтиёз ба муҳоҷирон ва содироти сӯзишвории Русия ба Тоҷикистонро президент Путин ба имзо расондааст. Фикр мекунам, ҳар қарордодеро, ки раисони ҷумҳур имзо кардаанд, барои мақомоти расмии ҳамаи зинаҳо қонун дониста мешавад. Ҳамин гуна ҳам бояд бошад, ҳам барои ҷониби Русия ва ҳам барои ҷониби Тоҷикистон”.

Аммо ба фарқ аз сафирони қабливу баъдии Русия, ҳисоби Абдулатипов тайи замонаи сафораташ танҳо рӯи ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар мукотибаҳои маҳрамонаи Амрико, ки Викиликс нашр кардааст, як гилояи Муҳиддини Кабирӣ ҳам ҳаст, ки мегӯяд, аз замони ба сафорат расидани Абдулатипов, дарҳои сафорати Русия ба рӯи мухолифини тоҷик комилан баста шудааст.

Баъди Душанбе: Аз ректории донишгоҳ то курсии раёсати Доғистон

Рамазон Абдулатипов баъди баргаштанаш аз Душанбе, ректори Донишгоҳи фарҳангу ҳунари Маскав шуд ва соли 2011 аз рӯйхати ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” вакили Дума интихоб шуд. Моҳи августи соли 2012 дар торнамои Думаи давлатии Русия маълумоте нашр шуд, ки мегуфт, Абдулатипов дар Тоҷикистон ҳам соҳиби молу мулк аст ва аз ҷумла 3127 метри мураббаъ замину 122,2 метри мураббаъ манзили зист доштааст. Қонунҳои Тоҷикистон ба атбоъи хориҷӣ ҳаққи моликият намедиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон дар ин бора, ки оё сафири собиқи Русия барои кадом хидматҳояш ва таҳти чӣ шароите соҳиби ҳам замин ва ҳам манзил шудааст, шарҳе надоданд.


Абдулатипов Муҳаммадсалом Муҳаммадовро иваз мекунад

Абдулатипов Муҳаммадсалом Муҳаммадовро иваз мекунад

Рамазон Абдулатипов инак дар шароите барои раҳбарӣ ба зодгоҳаш – Доғистон – эъзом мешавад, ки ин ҷумҳурӣ чанд сол боз ба як ҷабҳаи асосии набарди байни нирӯҳои амниятӣ ва чирикиҳои исломӣ табдил ёфтааст. Фасод, таборгароӣ ва қавмгароӣ дар ин ҷумҳурӣ, ки ватани қариб 40 қавму халқ шинохта мешавад, дар баробари талошҳои то ҳол ноком барои фурӯ нишондани доманаи муқовимати афзояндаи чирикиҳои исломӣ аз масоили умдаест, ки Абдулатипов дар Махачқалъа бо он дастбагиребон хоҳад шуд.

Мушкилоти Доғистон чунон печида аст, ки ба бовари таҳлилгарон, гумон аст, ки Абдулатипов бо он шевае, ки хоси ӯст ва чунин ҷавлони тӯлониаш дар арсаи сиёсати Русияро таъмин карда буд, яъне тарҷеҳ ба ҳарф додан, то ба амал, битавонад ба ҳалли ин масоил ба осонӣ даст биёбад. Аммо он чи ки дар Доғистон ба сӯди ӯ кор мекунад, ба ақидаи Биёқай Муҳаммадов - сардабири нашрияи "Черновик" - ин аст, ки Абдулатипов тайи тақрибан 25 соли охир берун аз ин ҷумҳурӣ кору зиндагӣ карда, ба бозиҳои сиёсии нухбагони маҳаллӣ чандон олуда набуд ва аз касе дар дохили ҷумҳурӣ ба истилоҳ “қарздор” нест.

Таҳлилгарони доғистонӣ мегӯянд, комёбӣ ё нокомии маъмурияти Абдулатипов дар Доғистон маҳз ба ҳамин бастагӣ дорад, ки ӯ ин фосила ва мустақилияташ аз элитаҳои маҳаллиро то куҷо нигоҳ хоҳад дошт? Руслан Гареев - таҳлилгари доғистонӣ ба Озодӣ - гуфт, ба Абдулатипов мушкилтарин минтақаи Қафқози шимолӣ расидааст ва агар ӯ дар ин сарзамини мушкилзо як такягоҳи муҳками иҷтимоӣ пайдо накунад, метавонад боз ҳамон роҳеро тай занад ки пешгузаштаҳояш дар ин мақомро дар ниҳоят бадному сарнагун кард. То чанд рӯзи дигар маълум хоҳад шуд, ки Рамазон Абдулатипов дар Махачқалъа кадом роҳу шеваеро пеш хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG