Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрулло Раҷабалиев бо ордени Шӯрои олимпии Осиё қадрдонӣ шуд


Дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи Ассамблеяи кулли 34-уми Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуд, ки дар кори он ҷониби Тоҷикистон ҳам ширкат кард.

Дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи Ассамблеяи кулли 34-уми Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуд, ки дар кори он ҷониби Тоҷикистон ҳам ширкат кард. 15-16 сентябр дар шаҳри Ашқобод - пойтахти Туркманистон - ҷаласаи Ассамблеяи кулли 34-уми Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуд. Дар ин ҷаласа ҳудуди 600 нафар намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии 62 кишвар - 45 кишвари Осиё ва 17 кишвари Уқёнус - ширкат намуданд. Ин ҷаласа зери раёсати Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, барпо гардид.

Дар ин ҷаласа омодагии Ашқобод ба Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунароҳи размӣ баррасӣ шуд. Ба ҳайати Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, Акбар Ғуломов, ноиби раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Нарзулло Латифов, мушовири Кумитаи миллии олимпӣ ва президенти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, шомил буданд. Дар маросими кушоиши ин ҷаласа Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ва президенти Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ба ҳозирини паём фиристод ва дар бораи омодагии Ашқобод ва умуман Туркманистон ба ин бозиҳо гузориш дод.

- Мо мекӯшем, ки Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Ашқобод на танҳо чорабинии бузурги варзишӣ, инчунин иди ҳақиқии байналмилалии сулҳу дӯстӣ гардад, - иброз дошт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.

Баъдан ба ҳозирин наворе, ки аз ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ омода шуда буд, ба намоиш гузошта шуд. Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешавад. Дар ин бозиҳо беш аз 5 ҳазор варзишгар аз 62 кишвари дунё дар 21 намуди варзиш барои 218 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд. Намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Шӯрои олимпии Осиё ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ бо шаҳраки олимпии Ашқобод шинос шуданд.

Ин шаҳрак, ки бо маблағи наздик ба 5 миллиард доллар сохта шудааст, 157 гектарро дар бар мегирад. Дар шаҳрак 30 иншооти варзишӣ бунёд меёбад ва дар айни ҳол 90 дарсади он барои баргузории мусобиқаҳо омода аст. Раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар маросими кушоиши ҷаласа ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ордени Шӯрои олимпии Осиёро тақдим кард. Бо ин мукофоти олии Шӯрои олимпии Осиё, инчунин, намояндагони кумитаҳои миллии олимпии Кореяи Шимолӣ, Молдив, Тоҷикистон ва яке аз кишварҳои Уқёнус сарфароз шуданд.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа, минҷумла дар Тоҷикистон, ба дарёфти ин орден ноил шуд. Дарвоқеъ, Баҳрулло Раҷабалиев баъд аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дувумин шахс аз Тоҷикистон мебошад, ки бо ин мукофоти олии Шӯрои олимпии Осиё мукофотонида шудааст.

Дар Ассамблеяи кулли ШОО дар Ашқобод Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ азнав ба вазифаи раиси Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд. Вай аз соли 1991 раҳбари ин ташкилоти пурнуфузи варзишии қора мебошад, ки 45 кумитаи миллии олимпиро дарбар мегирад. Мӯҳлати нави ваколати ӯ соли 2019 ба анҷом мерасад.

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳи кувайтӣ, инчунин президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии футбол ((FIFA) мебошад.

XS
SM
MD
LG