Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаби Мирзо: «Аъзои воқеии ҳизби демократи Тоҷикистонро ба ҳам меорем»


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо сухангӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ин таъйинот дар нахустин нишасти Шӯрои сиёсии ҳизб баъди дар Вазорати адлияи Тоҷикистон тасдиқ шудани ҳайати раҳбарияти нави ин созмони сиёсӣ сурат гирифт. Ин созмон мегӯяд, ки дар садади таъсиси вебсайт ва ҳам эҳёи нашрияи «Адолат» мебошад. Ин дар ҳолест, ки раҳбари пешини ҳизб Масъуд Собиров бо ирсоли як нома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки дар таҷдиди назар кардани Вазорати адлия дар нисбати ин ҳизб кӯмак намояд. Тибқи як қарори аъзои ҳизби демократи Тоҷикистон, ки онро баъди баррасии думоҳа ҳафтаи гузашта Вазорати адлия низ пазируфт, раҳбари нави ҳизб Саидҷаъфар Исмонов интихоб ва Оинномаи ҳизб низ аз нав сабти ном шудааст. Раҷаби Мирзо ба чанд саволи радиои Озодӣ посух дод:

Озодӣ: Раҷаб, оё шумо бовар доред, ки воқеан ҳам аъзои парокандаи Ҳизби демократро ба ҳам меоред?


Раҷаби Мирзо: Ман на танҳо бовар дорам, балки шахсан барои ба ҳам овардани аъзои воқеии ҳизби демократи Тоҷикистон талоши зиёд ба харҷ додам. Таи шаш соли охир мо талоши хеле зиёд ба харҷ додем ва ҳатто таҳқири зиёдро аз ҷониби Масъуд Собиров таҳаммул кардем ва наздаш рафтем. Вай чунон рафтор мекард, ки гӯё супоришеро иҷро мекард ва барояш беамалии ҳизб барояш мувофиқтар аст. Вай намехост, ки аъзои воқеии ҳизби демократ ба ҳам биёянд. Ва дар охир ҳамин тавр ҳам шуд. Вай бо муовинаш Ҳайдулло Абдуллоев танҳо монд. Баъди қарори Вазорати адлия ӯ чандин бор мавқеашро дигар кард. Аввал гуфт, ки ӯ омода аст ба ҳайси як узви қатории ҳизб санадҳоро таслим кунад, аммо пагоҳаш изҳороти ягона муовинаш пахш шуд, ки ин тасмими Вазорати адлияро ғайриқонунӣ эълон кард. Ва имрӯз дидем, ки ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон номае пешниҳод карда аз ӯ хостааст, ки дар бознигарии тасмими Вазорати адлия барояш кӯмак кунад. Аз ҳамин гуна вокунишҳои зидду нақизи Масъуд Собиров мешавад гуфт, ки ӯ воқеан ҳам аз доираҳои берун аз ҳизб идора мешавад.


Озодӣ: Назари ҷиноҳи дигари Ҳизби демократ – ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба раҳбарияти нави ҳизб чӣ гуна аст, оё имкони оштӣ ва бозгардондани онҳо вуҷуд дорад?


Раҷаби Мирзо: Мешавад гуфт, ки дар дохили Ҳизби демократ аслан мафҳуми «ҷиноҳ» дигар вуҷуд надорад. Ҳамчунин, гурӯҳе, ки то соли 2006 ҳизбро таҳти раҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров мешинохт, ба ғайр аз чанд нафар, аз ҳамин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо аллакай дар ҷаласаҳои шӯро ва ҳам фаъолияти ҳизб ҳузури густардае нишон медиҳанд. Танҳо мавқеи Раҳматулло Валиев ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров барои мо номуайян аст. Қабл аз тасмимгирии худ мо бо онҳо чандин маротиба вохӯрдем ва онҳо ба мо вариантҳои худро пешниҳод карданд. Дар ниҳоят Раҳматулло Валиев гуфт, «ман на ҷонибдорам, на муқобил». Дигар аъзои Ҳизби демократ, аз ҷумла, аз ҷиноҳи Искандаров, бо мо ҳастанд.

Озодӣ: Барномаҳои ҳизб дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат чӣ аст?

Раҷаби Мирзо: Дирӯз аввалин нишасти Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор шуд. Чанд тасмим гирифта шуд. Аз ҷумла, бозсозии созмонҳои маҳаллӣ, дубора боз шудани сайти интернетии ҳизби демократи Тоҷикистон, эҳёи дубораи рӯзномаи «Адолат».
Озодӣ:
Ҳизби демократ оё барои интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр аллакай номзади худро дорад?

Раҷаби Мирзо: Азбаски мушкилоти дохилии ҳизби мо хеле зиёд аст, нахуст мехоҳем як фазои умумии кориро зинда кунем, байни созмонҳои маҳаллӣ робитаро барқарор кунем, онҳо конфронсу маҷлисҳои худро баргузор кунанд, ва баъдан, дар пешорӯи интихоботи президентӣ анҷумани навбатии ҳизбро барпо кунем ва дар он ҷо мавқеи ҳизб дар интихобот масъалагузорӣ хоҳад шуд.


Озодӣ: Раҷаб, дар маҳфилҳо дар атрофи Ҳизби демократ гапу хабар хеле зиёд аст. Аз ҷумла, мегӯянд, ки дар пушти тағйироти ҳизбии шумо мушаххасан номзади эҳтимолии интихоботӣ аз доираҳои ҳоким истодааст. Бархе исми шаҳрдори Душанберо ном мебаранд. То куҷо ин шоеаҳо дуруст аст?


Раҷаби Мирзо: Ба ҳеҷ ваҷҳ ман гуфта наметавонам, ки ин шоеаҳо ҷо доранд. Агар касе мехоҳад бигӯяд, ки касе аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ин ҳизбро чун абзори сиёсии худаш истифода кунад, фикр мекунам, ки дар сабти номаш душворӣ пеш меомад. Ҳоло ҳам, ки тасмими Вазорати адлия оид ба эътирофи мо бо таъхири зиёд даст дод, сабабаш ин буд, ки онҳо воқеан ҳам мехостанд бидонанд, ки мо чӣ мехоҳем ва чӣ кор карда метавонем. Он шоеаҳое, ки шумо мегӯед ва дигар хабарҳо ҳам ба гӯши мо мерасад ва вақте як созмони сиёсӣ ҳанӯз ба пои худ мустаҳкам қарор надорад, ингуна ҳолатҳо пеш меояд.

Озодӣ: Солҳои 1990 Ҳизби демократ яке аз нирӯҳои муқтадири сиёсӣ буд, вале ихтилофҳои дохилӣ нақши ин ҳизбро дар солҳои охир хеле камранг кард. Оё ин ҳизб зарфияти эҳёи он нирӯ, тавон ва нуфузи қаблиашро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дорад?

Раҷаби Мирзо: Ҳоло мо ингуна ваъдаҳои баландпоя карда наметавонем, чун фазо соли 1990 нест. Фазо ҳатто соли 2006 нест. Ҳоло мо ягон чизи болобаланд ваъда намекунем, вале мегӯем, ки дар рӯйдодҳои сиёсии Тоҷикистон нақши боризе хоҳем дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG