Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ш. Ганҷалзода: Эрон аз роҳи оҳани Ҳирот-Қошғар даст накашидааст


Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, Эрон аз сармоягузорӣ барои лоиҳакашии қисмати тоҷикистонии роҳи Қошғар-Ҳирот даст накашидааст. Теҳрон ваъда дода буд, 1 миллион доллар медиҳад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, хабари баъзе аз расонаҳо дар мавриди даст кашидани Эрон аз сармоягузорӣ барои лоиҳакашии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро рад кард. Ба ин роҳи оҳан Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дохил мешаванд.

Ганҷалзода мегӯяд, ки Эрон дар бунёди ин роҳи оҳан яке аз кишварҳои манфиатдор аст ва то кунун ҳам масъулияташро барои лоиҳакашии ин роҳ дар Тоҷикистон анҷом додааст. Ӯ рӯзи 8 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҷо ягон гап нест. Мувофиқи ҷадвал кор ҷараён дорад. Эрон барои лоиҳакашии ин роҳ дар Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо кардааст. Ҳоло як қисмашро гирифтаанд. Кор ҳал аст."

Аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон сустии кори бунёди роҳи Қошғар-Ҳиротро ба Қирғизистон марбут донист, ки ба гуфтаи ӯ то кунун мавқеашро дар бораи паҳноии ин роҳи оҳан мушаххас накардааст. "Ягона мушкиле, ки дар ин ҷо ҳаст, Қирғизистон аст. Аз миёни панҷ кишвар ҳоло фақат Қирғизистон мавқеи худро муайян накардааст. Мо ба ҳамин хотир вохӯрии коршиносонро, ки дар миёнаи соли ҷорӣ бояд баргузор шавад, дар Бишкек гузоштем. Шояд дар он ҷо ба масъала нуқта гузошта шавад,"--афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳои Ганҷалзода дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон 8 май бо такя ба манобеи худ дар Вазорати нақлиёт навиштанд, гӯё Эрон сармоягузорияш барои лоиҳакашии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро қатъ кардааст. Ба қавли расонаҳо, ширкати эронии “Метро” то кунун ҳамагӣ бист дарсади кори лоиҳакаширо анҷом дода, гуфтааст, ба далели қатъи сармоягузорӣ наметавонад ба кораш идома диҳад.

Эрон дар оғоз барои лоиҳакашии тарҳи сохтмони роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот як миллоин доллар кумаки биловаз ба Тоҷикистон ваъда карда буд. Баъдан дар ин бора миёни Вазорати роҳи Тоҷикистон ва ширкати “Метро”-и Эрон ҳам санаде ба имзо расида, соли 2010 аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шудааст. Дар гузашта Тоҷикистон аз он шикоят дошт, ки ҷониби Эрон таҳияи ин нақшаро ба дарозо мекашад ва баҳона мекунад, ки ба нақшаҳои вижаи геодезӣ, ки маҳрам дониста мешавад, дастрасӣ надорад.

Вале ҷониби Эрон дар масъалаи қатъи сармоягузорӣ барои лоиҳакашии роҳи Қошғар – Ҳирот ҳарфе нагуфтааст. Дарозии қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан 392 километрро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ҳар як километри он аз 8 то 10 миллион доллар зарур аст. Ба ин роҳ 16 километр туннел ва 47 пул низ дохил мешавад.

Эрон дар ҳоли ҳозир баъд аз Чину Русия аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол (Анзоби собиқ) ва якеи дигар – нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аст. Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури собиқи Эрон, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва бародаронаро ба роҳ монад, таҳким ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG