Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон. Эъдоми Райҳона Ҷабборӣ баъд аз 6 соли боздошт


Райҳона Ҷабборӣ.

Райҳона Ҷабборӣ.

Райҳона Ҷабборӣ, зани 26-солаи эронӣ, ки аз шаш сол ба ин тараф ба иттиҳоми қатли як корманди амниятӣ дар зиндон ба сар мебурд, субҳи рӯзи шанбе эъдом шудааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳукми қасоси Райҳона Ҷабборӣ саҳаргоҳи рӯзи шанбе бо ҳузури наздикони Муртазо Сарбандӣ -- маъмури амниятии кушташуда ва ҳамчунин хонаводаи Райҳона Ҷабборӣ иҷро шуд. Хабаргузории ИРНА ҳамчунин иттилоияи додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳронро мунташир кардааст, ки қатли Муртазо Сарбандӣ аз сӯи Райҳони Ҷаббориро шарҳ додааст. Дар ин маълумотнома далелҳои рад шудани дифои хонум Ҷабборӣ ва ҳамчунин ҷузъиёти ин парванда дарҷ шудааст. Райҳона Ҷабборӣ дар замони анҷом додани қатл 19 сола буд ва аз 20 солагӣ дар зиндон ба сар мебурд.

Ба иҷро даромадани ҳукми эъдоми Райҳона Ҷабборӣ дар ҳолест, ки рӯзи гузашта модари ӯ гуфта буд, "охирин мулоқот" бо духтарашро анҷом додааст. Шӯъла Покравон, модари Райҳона Ҷабборӣ, дар гуфтугӯ бо радиои Кумитаи байналмилалӣ алайҳи эъдом гуфта буд, ки ин мулоқот дар зиндони шаҳри Рай анҷом шуда ва хонаводаи Райҳона ва худи ӯ санадҳоеро имзо гузоштанд, ки ин мулоқотро "охирин мулоқот"-и онҳо бо якдигар сабт карда буд.

Хонум Покравон ҳамчунон гуфта буд, ки рӯзҳои ахир бо хонаводаи Сарбандӣ тамос доштаанд ва ибрози умедворӣ карда буд, то ин хонавода аз эъдоми духтараш сарфи назар карда ва "қаҳрамони достон" бошанд. Анҷоми охирин мулоқот бо зиндонии маҳкум ба эъдом дар Эрон, маъмулан ба маънии эъдом дар 24 соати оянда аст.

Райҳона Ҷабборӣ, ки акнун 26-сола мебошад, муттаҳам мешуд, ки ҳафт сол пеш Муртазо Сарбандӣ, як корманди пешини Вазорати иттилоот ё истихборотии он кишварро дар хонаи ӯ ба қатл расонидааст. Райҳона Ҷабборӣ дар додгоҳ гуфта буд, ки бо хоҳиши худ ба хонаи Муртазо Сарбандӣ рафта буд, вале сипас барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ҷинсии ӯ ба худ, Муртазо Сарбандиро бо корд ба қатл расонидааст.

Аммо дастгоҳи қазоии Эрон дар ниҳоят ҳукм кард, ки хонум Ҷабборӣ натавонистааст исбот кунад, ки қатлро барои дифоъ аз худ анҷом додааст ва ӯро ба эъдом маҳкум кард. Хонаводаи кушташуда ҳам ӯро афв накарданд ва ҳамин тариқ ӯ эъдом шуд.

Бисёре аз фаъолон ва созмонҳои эронии мудофеи ҳуқуди башар хостори бахшиши Райҳона Ҷабборӣ шуда буданд. Раиси парлумони Аврупо низ дар номае, ки ба Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ё парлумони Эрон навишт, хостори таваққуфи иҷрои ҳукми эъдоми Райҳона Ҷабборӣ ва "муҳокимаи одилона"-и ӯ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG