Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҷаббор Раҳмонов: «Дастур набуд, аммо рейд буд»


Абдуҷаббор Раҳмонов - ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Абдуҷаббор Раҳмонов - ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ректори ДДОТ дастури танзими тарзи кафшпӯшии донишҷӯёну омӯзгоронро беасос хонд ва гуфт, ки «ман ҳеҷ гуна дастуре дар ин замина надодаам.»

Ба ин далел ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бозтоби ин мавзӯъро дар бархе аз расонаҳо ҳангомаҷӯӣ хонд ва гуфт, «бозтоби ин масъала, ки нодуруст инъикос шудааcт, маро ба унвони масъули як ниҳоди омӯзгории кишвар сахт асабонӣ кард. Як чиз боиси тааҷҷуб аст, ки чаро баъзе хабарнигорон омаданд ва вазъи аслиро аз мо пурсиданд, аммо расонаҳои дигар чизе аз забони донишҷӯён фаҳмиданд, ҳамонро гирифтаву ҳангома сохтанд?»

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки ҳар баҳор онҳо ба тартибу низом дар либоспӯшии донишҷӯён диққат медоданд ва рейдҳое ҳам мегузаронанд. Зеро, ба таъкиди ректори ДДОТ, «ба ҳар ҳол инҷо Донишгоҳи омӯзгорӣ аст ва бояд донишҷӯ, сарфи назар аз он ки духтар аст ва ё писар, дар пӯшидани либос ва рафтори худ намунаи ибрат бояд бошад.»

Ректори ДДОТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «чаро расонаҳо дар бораи пешравиҳои донишгоҳ, аз ҷумла густариши интернету дастрасии донишҷӯён ба он дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хабару гузоришҳо таҳия намекунанд, аммо аз як масъалаи кучаку ночиз ва беасос ҳангома месозанд?»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00


Ин дар ҳолест, ки ба иттилои хабаргузориҳо, дирӯз, чаҳоршанбеи 27-уми март, аксарияти донишҷӯдухтароне, ки бо пойафзоли пошнааш паст ё бепошна ба дарс омаданд ва иҷозаи вуруд ба донишгоҳро пайдо накарданду ночор ба хонаҳояшон баргаштанд. Чандин донишҷӯдухтар, аз ҷумла бо муроҷиат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бинобар пошнаи пасти пойафзолашон аз даромадгоҳи донишгоҳ иҷозаи вуруд пайдо накардаанд. Ба қавли онҳо, худи ректор дар даромадгоҳи донишгоҳ истода, ба тафтиши шеваи либоспӯшии донишҷӯён назорат кардааст.

Бархе аз омӯзгорони ДДОТ низ гуфтанд, рӯзи 27-уми март дарт донишгоҳ рейди тафтиши сарулибоси донишҷӯён ҷараён гирифт. Ба қавли бархе аз хабаргузориҳо, баргузории рейдро худи ректор дар гуфтугӯ бо онҳо тасдиқ кардааст. Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Шӯрои занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" таъкид дошт, ки фармони мазкур аз ҷониби ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф дар бораи сару либоси ягона бароварда шудааст.

Вай афзуд: «Аз ин ки мо омӯзгор тайёр мекунем, мехоҳем донишҷӯёни мо ҳамавақт зебову намунаи дигарон бошанд. Ҳоло духтарон пойафзолҳои «мокасинка» мепӯшанд. Якум ин ки ин намуди зоҳирии ҳамон духтарро дар ҳақиқат безеб мекунад. Барои ҳамин мо талаб кардем, ки пошнаи пойафзолашон як миқдор баландтар бошад. Чунки ҳам қадду қоматро хушрӯ нишон медиҳад, ҳам шахс ба худ як боварӣ пайдо менамояд.»

Дар шарҳи мавзӯъ баъд аз нашр шудани матлаби радиои "Озодӣ" даҳҳо нафар "тамаркузи беш аз ҳадд"-и сарони донишгоҳро ба сарулибоси донишҷӯён танқид карданд. Аммо рӯзи баъд даҳҳо нафар аз донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шарҳи матлаб аз дастури ректори донишгоҳ ва талошҳои танзими сарулибоси донишҷӯён ҳимоят намуданд.
XS
SM
MD
LG