Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи саломатии нимҳимоятгари "Регар" беҳбуд меёбад


Раҳмоналӣ Баротов, нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ" дар бемористон

Раҳмоналӣ Баротов, нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ" дар бемористон

Раҳмоналӣ Баротов, нимҳимоятгари дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, дар як садамаи нақлиётӣ сахт ҷароҳат бардошта буд.

Раҳмоналӣ Баротов, нимҳимоятгари дастаи футболи Лигаи олии Тоҷикистон - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, дар як садамаи нақлиётӣ сахт маҷрӯҳ шудааст.

Дар торнамои бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» хабар дода шудааст, ки баъд аз зуҳри рӯзи 1-уми ноябр Раҳмоналӣ Баротов дар мошини худ дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ӯро бо ҷароҳати вазнини мағзи сар ба шӯъбаи реаниматсионӣ ё эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа бурданд ва дар он ҷо футболбозро ҷарроҳӣ карданд. Ба гуфтаи пизишкон, ҳоло саломатии ӯ рӯз ба рӯз беҳтар мешавад.

Нимҳимоятгар Раҳмоналӣ Баротови 25-сола, қаҳрамони дукаратаи кишвар ва барандаи чаҳоркаратаи Ҷоми Тоҷикистон, барандаи дукаратаи Ҷоми раиси АФК буда, ба ғайр аз тими «Регар-ТадАЗ» дар дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хайр» (Ваҳдат) бозӣ кардааст. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG