Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон панҷ шартнома имзо мекунад


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷараёни як мулоқоте дар соли 2011

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷараёни як мулоқоте дар соли 2011

Дар нимаи дуюми рӯзи чоршанбе сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркманистон шурӯъ мешавад.

Дар нимаи дуюми рӯзи чоршанбе, 19 август сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркманистон шурӯъ мешавад. Ин сафар ду рӯз идома мекунад. Дар барномаи сафари президент ба Ашқобод, мулоқоти раиси ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов дар назар аст. Инчунин, бар тибқи иттилои расмӣ, қарор аст дасти кам панҷ созишномаи ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба имзо расад. Қарор аст мулоқоту музокироти асосии раҳбарон рӯзи 20 август дар Ашқобод ҷараён гирад.

Як манбаи расмӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «фардо мулоқот бо президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар пушти дарҳои баста ҷараён мегирад ва баъди ин, як нишасти васеи аъзои ҳукумат дар назар аст. Дар паи он Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни кори сотхмони «шаҳраки Олимпӣ» дар ҳудуди пойтахти Туркманистон шинос хоҳад шуд. Соли 2017 дар Туркманистон баргузории бозиҳои Панҷуми осиёӣ дар назар аст ва ин маҷмааи варзишӣ ба ҳамин муносибат бунёд мешавад», гуфт мусоҳиби радиои Озодӣ. Қарор аст дар ҷараёни сафари Раҳмон ба Ашқобод, созишномаҳои ҳамкорӣ бо Туркманистон дар соҳаи нақлиёт, энергетика, фарҳанг, маориф, бахши иҷтимоӣ ва тиҷорат низ имзо шавад.

Дар барномаи расмии президентони ду кишвар иттилое дар робита бо баррасии вазъи амниятии минтақа дар ростои таҳдидҳои эҳтимолии Толибон аз марзҳои шимолии Афғонистон зикр нашудааст. «Дар ин замина мо танҳо баъди пахши изҳороти расмии ҳарду президент дар поёни сафари расмии Раҳмон ба Ашқобод огоҳ хоҳем шуд», гуфт як намояндаи расмии ҳукумати Тоҷикистон. Бар тибқи иттилои манобеи радиои Озодӣ, президентро дар ин сафар асосан намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Бар тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ мизони ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркмакнистон беш аз 55 миллион долларро ташкил додааст. Афзоиши тиҷорат 16,6 дар сад буда, тавре хабаргузории «Авеста» таъкид мекунад, 98 дар сади ҳаҷми умумии ин маблағ аз ҳисоби содироти мол аз кишвари Туркманистон ҳосил мешавад. Туркманистон, ки аз оғози солҳои касби истиқлолият худро дар қаламрави шӯравии пешин ҳамчун кишвари бетараф ё «нейтрал» дар баробари созмонҳои сиёсиву иқтисодии минтақавӣ муаррифӣ кардааст, ҳамзамон яке аз ҳамсояҳои наздик ва ҳам қобили эътимоди Тоҷикистон аст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин кишвар маҳалли зисти садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон гардид, ки аз оташи ҷанг дар қаламрави ин кишвар паноҳ ёфтанд. Феълан ҳарду кишвар ҳамроҳ бо Афғонистон талош доранд барномаи азими бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро амалӣ созанд, ки дар ҳаракати молу коло дар ин қаламравҳо бо фирор аз қаламравҳои кишвари дигари ҳамсоя – Ӯзбакистон мусоидат хоҳад кард. Вале боз ҳам масъалаи ноамниҳо дар Афғонистон аз мушкили ҷиддии амалишавии ин тарҳ гардидааст.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин аз тарҳи лӯлаи гази Туркманистон-Чин умеди зиёд доранд, ки соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва Ширкати саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» баста шуда, эҳтимолан мушкили бегазии Тоҷикистонро ҳал хоҳад кард. Вале яке аз мушкилоти ҷиддии пеши роҳи ҳамкориҳои густардатари ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ набуди марзи мустақим байни онҳост.

XS
SM
MD
LG