Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсифи Путин аз 60 фоиз рушди тиҷорати Русия бо Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин шаби гузашта дар ҳошияи нишасти Шанхай масоили ҷамъшуда дар равобити Тоҷикистону Русияро баррасӣ кардаанд.

Руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин шаби панҷшанбе дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе мулоқоти алоҳидае барпо карданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили вобаста ба мушорикатистратегии ду кишвар мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, таҳкими амну субот дар минтақаи Осиёи Миёна ва масъалаи тақвияти марз бо Афғонистон аз масоили дигари мавриди гуфтугӯи оқои Путин бо Раҳмон будааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба рушди иқтисодӣ ва сармоягузор ва ба тасвиб расонидани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маводи сухти Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаи танзими муҳоҷирати корӣ таъкид кардаанд. Сомонаи расмии раисиҷумҳури Русия менависад, ки Путин дар ин дидор аз сатҳи “рушди хеле муваффвақ”-и равобити дуҷониба тавсиф кардааст: “Мо дар натиҷагирии моҳҳои январ-июли соли равон рушди табодули молу коло дар ҳаҷми беш аз 60 фоизро мушоҳида мекунем. Ин як нишондиҳандаи хеле таъсирбахш аст.”

Раҳбари Русия гуфт, “мо ҳоло муфассал сӯҳбат мекунем ва бидуни шак, мавзӯҳое ҳаст, ки бояд рӯяш бештар кор кунем ва ин нишондиҳандаҳоро боз ҳам беҳтар намоем.”

Эмомалӣ Раҳмон ба навбаи худ гуфтааст, “фикр мекунам, масъалаои ба қадри кофӣ зиёде ҷамъ шудаанд, ки бояд баррасӣ кунем. Вале ин масъалаҳои хубанд, масъалаҳои марбут ба рушду пешрафти муносибатҳои моянд.” Ӯ афзуда, ки чорчӯби нишасти Созмони Шанхай барои баҳси масоили равобити Тоҷикистону Русия имкони изофиеро фароҳам меорад.

Путин ҳамчунин гуфт, ки дар Русия нисбат ба Тоҷикистон ҳамчун ба як “шарик ва муттаҳиди хеле наздик муносибат мекунанд” ва равобити Тоҷикистону Русия табиати стратегӣ доранд.

Владимир Путин рӯзи 11 сентябр дар раъси як ҳайат ҷиҳати ширкат дар чаҳордаҳумин нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди Душанбе шуд. Дар ин нишаст раёсати давраии Созмони ҳамкории Шанхай аз Тоҷикистон ба Русия хоҳад гузашт.

Таассуфи Раҳмон ва Каримов аз ҳамагӣ 2 млн $ шудани тиҷорати ду кишвар

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зӯҳри 11 сентябр бо президенти Узбакистон Ислом Каримов вазъи муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.

Акс аз president.tj

Акс аз president.tj

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни мулоқоти Раҳмон ва Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, дидори раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон дар фазои созанда ва самимона сурат гирифт ва ду тараф аз пешрафтҳое, ки ахиран дар равобити дуҷониба ба даст омадаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд ва умедвор шудаанд, ки ин раванд идома ва густариш хоҳад ёфт. Аммо ин манбаъ гуфт, дар мулоқот баъзе масъалаҳои дигар низ баррасӣ шуданд, ки ӯ дар ҳоли ҳозир аз ифшои ҷузъиёташон худдорӣ мекунад.

Аммо бино бар иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бо таассуф зикр шудааст, ки гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки равобит бо Узбакистон барои Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, Тоҷикистон "ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдор аст”.

Бино бар ин манбаъ, сарони ҳарду давлат бо изҳори умед ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори боварӣ кардаанд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя бартараф хоҳанд шуд.

Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Каримов ва Раҳмон дар 6 соли охир буд.

Дар бораи натоиҷи мулоқоти Раҳмон бо Назарбоев дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Русия номида, зикр намуд, ки кишвараш “ҳамеша дар паҳлуи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома хоҳад кард”.

Бино ба охирин хабар, шоми 11 сентябр раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ вориди Душанбе шудааст. Таъхири Карзай боис шуд, ки нишасти сарони 3 кишвари форсизабон - Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон - аз шоми 10 сентябр ба рӯзи баъд гузошта шуд. Аммо то ҳол замони мушаххаси ин мулоқоти сегона гуфта нашудааст.

Видеои расидани Ислом Каримов ба Душанбе

ПУТИН ВА КАРИМОВ

Ин нахустин дидори президентҳои Русия ва Узбакистон Владимира Путин ва Ислом Каримов пас аз суқути ҳукумати Янукович дар Украина ва ишғоли Қрим аз тарафи Русия буд. Дар ин байн Каримов дар бораи амалкардҳои Маскав дар Украина изҳороти интиқодомез дода буд. Зоҳиран бо ишора ба ин Каримов дар суҳбат бо Путин батакрор калимаи "ориентир" ё нишонаи раҳнаморо ба забон овард. Вай гуфт, вақте мулоқоту гуфтушунидҳо бо фосилаи зиёд ба вуқӯъ меоянд, кас дар ҳоли ошуфтагӣ ба сар мебарад ва ориентирро гум мекунад. Раисиҷумҳури Узбакистон изҳори умедворӣ кард, ки дар гуфтугӯи рӯбарӯ мешавад ба ҳамаи саволҳо посух ёфт ва ориентирро "ҳис кард". Ислом Каримов аз он низ шиква кард, ки барои мулоқоташ бо Путин ҳамагӣ ним соат дода шудааст. Путин дар посух гуфт, ин эҳтимолан ба танбалии ёварони ду раҳбар бастагӣ дорад ва ӯ барои ҳамсуҳбаташ ҳеч гуна маҳдудияти замонӣ надошт ва нахоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба расонаҳо гуфтааст, ки дар мулоқоти ӯ, ки бори сеюм тайи соли равон бо Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, масоили тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва низомӣ – сиёсӣ баррасӣ мешаванд, бахусус, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 – и Русия ҷойгир аст ва ҳарду кишвар узви СПАД (ОДКБ) ҳастанд.

Созишномаи пойгоҳи низомии 201 - Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2013 имзо шуд. Ба дунболи он боз ду созишномаи миён Русияву Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ва як созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Бо гузашти як сол аз имзои ин созишномаҳо иддае аз коршиносон бар инанд, ки ҳарчанд ҳузури пойгоҳи низомии Русия то соли 2041 ба таври собит тамдид шуд, созишномаҳои муҳоҷират ва маводи нафтӣ интизориҳои Тоҷикистонро бароварда накарданд.

Видеои расидани Владимир Путин ба Душанбе

Бино ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон, то нимсолаи аввали соли равон 109 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ ва ё ронда шудаанд. Маводи нафтии Русия низ тайи чанд моҳи ахир ба қиматҳои то имзои созишнома, ки бо пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон мерасид, баробар шуд. Ширкатҳои нафтрасон аз президенти Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома даъват карданд, ки дар мулоқоташ бо Владимир Путин дар Душанбе ин мавзӯъро ҷиддан матраҳ кунад, вагарна пас аз нимаи дуввуми моҳи сентябр қимати маводи нафтӣ дар Тоҷикистон боло меравад, аз ҷумла, бензини навъи АИ 92 аз 5 сомониву 90 дирами имрӯз ба 7 сомониву 20 дирам боло хоҳад рафт.

Бино ба иттилои ёвари президенти Русия, Владимир Путин дар Душанбе ҳамчунин бо Ислом Каримов, президенти Узбакистон мулоқоти рӯ ба рӯ хоҳад дошт. Вай гуфтааст, дар ин вохӯрӣ асосан масоили иқтисодӣ матраҳ мешаванд, зеро Русия шарики асосии тиҷоратии Ӯзбакистон аст. Юрий Ушаков ҳамчунин тахмин задааст, ки дар ин мулоқот сиёсати Ӯзбакистон бо як қатор ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.

Узбакистон, ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки низ узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Дар ҷашни истиқлоли Қирғизистон президент Алмосбек Атамбоев Узбакистонро ба кӯшиши ноамн кардани кишвараш муттаҳам карда буд, ки газро ба ҷануби Қирғизистон қатъ карда, мехост вазъи сиёсиро аз эътидол берун кунад. Тоҷикистону Узбакистон низ солҳо ба ин сӯ вориди як мухолифатҳои умдае, бахусус бар сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG