Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: "Ҳанӯз дар бораи номзадиям қарор қабул накардаам"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ дар Бруссел ба пурсиши Радиои Озодӣ посух дод.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, ҳанӯз дар бобати ширкаташ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Вай афзуд, “аммо ҳамчун президент, ки кафили амали конститутсия аст, кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистодаи соли 2013 дар Тоҷикистон шаффоф ва озоду демократӣ гузаронида мешавад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00
Линки мустақим

Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар нишасти хабарии муштаракаш бо раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дар Бруссел баён дошт.

Ин суол аз тарафи хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳоле дода шуд, ки ҷаноби Шултс низ дар муқаддимаи нишасти хабарӣ гуфт, тарафҳо дар қатори чандин масъалаи муҳим омодагиҳои Тоҷикистонро ба интихоботи президентии соли 2013 низ баррасӣ карданд. Мартин Шултс дар ин бора гуфт: "Мо дар сӯҳбатҳои худ ҳамчунин ба масъалаи интихоботи моҳи ноябр дахл кардем. Изҳори умедворӣ кардем, ки ин интихобот ростин ва одилона хоҳад буд. Мо таъкид кардем, ки риояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон хеле муҳим аст."

Дар ҳамин ҳол президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистон бояд "фурсате барои пешбурди демократия ва плюрализми сиёсӣ" ё чандгонагии афкори сиёсӣ дар ин кишвар бошад. Вай афзуд, ки дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва зарурати таъмини ҳуқуқҳоеро, ки қонун кафолат додааст, баррасӣ кардааст. "Ман махсусан ба озодии ҷамъомад ва озодиҳои динӣ таъкид кардам," -- гуфт раиси Шӯрои Аврупо.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин нишаст аз мизони ҳамкориҳои кишвараш ва Иттиҳоди Аврупо ситоиш кард ва афзуд: "Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои он дар бахши такомули равандҳои ислоҳоти демократӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, дар соҳаҳои гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятӣ қайд кард."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим

Раиси порлумони Аврупо Мартин Шутлс ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки равобити ду тараф дар солҳои оянда густариш пайдо хоҳад кард.

Дар дидори президенти Тоҷикистон ва дабир кулли НАТО низ ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон то поёни соли 2014 баррасӣ шуданд. Видеои нишасти хабарии марбут ба ин гуфтугӯҳоро ин ҷо метавонед дид:


XS
SM
MD
LG