Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: "Ба интихоботу оромии кишвар хиёнат накунед"


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба парлумон. Кохи Сомон. 23 январ

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба парлумон. Кохи Сомон. 23 январ

Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба ду палатаи Маҷлиси Олӣ гуфт, набояд "ба умеди хоҷагони хориҷӣ" шуд ва интихоботи ояндаи порлумониро ба оташандозию ноамнӣ кашонд.

Дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба интихоботи 1-уми март гуфт, агар дар баргузории он камбудҳое рӯй диҳад, бояд ба сохторҳои салоҳиятдор муроҷиат кард ва набояд оромию амниятии кишварро баҳам зад. Вай гуфт, вазифаи давлат таъмини амният аст ва "онҳое, ки ба умеди хоҷагони хориҷӣ шуда, ба рӯйи оташ равған мерезанд, аввалин шуда, аз кишвар фирор хоҳанд кард."

“Дар ин ҷо такрор карданӣ нестам. Ман дар равандҳои демократӣ ба сиёсат ворид шудам. Марҳамат... Озодие, ки ҳоло ҳаст. Ташаббус доред? Мардумро фиреб додан даркор нест. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фиреб карда майдонҳоро пур кардем, оқибаташ ба чӣ оварда расонд”,-таъкид дошт ӯ.

Ҷаноби Раҳмон афзуд, бидуни кадом “шантаж” бояд ҳама камбудиҳо ислоҳ шуда, зиёне ба мардуму кишвар нарасад: “Мо на як бору ду бор интихобот гузарондем. Ҳеч гоҳ хиёнат кардан даркор нест. Такя ба ҳамин сарзамини аҷдодӣ кунед. Ҷойнамозро партофта, рӯ ба қибла овардед, дар ҳаққи ҳамин сарзамин дуо кунед. Дар ягон давлати дигар моро интизор нестанд. Онҳое, ки дар ҷанги шаҳрванди фирорӣ буданд, медонанд. Ман инро расман огоҳ карда истодаам.”

Раҳбари давлати Тоҷикистон пешниҳод кард, ба хотири таҳкими амният музди кори кормандони риштаҳои амниятӣ ва ҳифзи тартибот боло бурда шуда, ин ниҳодҳо бо василаҳои зарурӣ таъмин карда шаванд.

Ин бори дувум аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар паёмҳои расмии худ ибораи "хоҷагони хориҷӣ"-ро ба забон меорад ва шаҳрвандони кишварро ҳушдор медиҳад, ки ба умеди ин хоҷагон ва пули онҳо нашаванд. Аммо ба гунаи рӯшан гуфта нашудааст, ки киро дар назар дорад.

Ба ақидаи Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ба Радиои Озодӣ: «Агар президент ин гуна паём медода бошад, якумаш, бояд мушаххас кунад, ки бо ибораи «хоҷагони хориҷӣ» киро дар назар дорад. Ин Созмони Милали Муттаҳид аст ё ягон давлати абарқудрат ё шаҳрвандҳои хориҷӣ, кист? Вақте мушаххас нашуд, ин аллакай мояи нобоварӣ ва хилофи мантиқ аст. Дуюмаш ин ки ҳар як давлат, ҳар сарвари давлат вақте ки сухан мегӯяд, вай масъулият доштанаш даркор. Агар президент ё ҳар шахсе, ки далел надорад, умуман ҳуқуқи чунин чизро гуфтан надорад, махсусан президент, ки тибқи модаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вай кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ. Ман ҳамчун раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта метавонам, ки дар давоми фаъолияти ин ҳизб он ягон ҳомии хориҷӣ надорад, ягон хел маблағ нагирифтааст, аз ягон давлат, аз ягон созмони байнулмилалӣ, аз ягон шаҳрванди хориҷӣ. Агар Ҳизби сотсиал-демократ ягон «хоҷаи хориҷӣ» ё маблағ медошт, имрӯз дар чунин вазъи молӣ ва иқтисодӣ қарор намедошт.»

ҲАҚИҚАТИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Вай аз таърихнигорон хост, воқеияти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-ро ба ҷомеа пешкаш кунанд. Зеро, гуфт ӯ, "ҳастанд онҳое, ки он давраро фаромӯш кардаанд ва ба ҷои шукронаи ин ватани таърихӣ ва ин миллати солор, ба хотири чаҳор тангаи ҳароми хоҷагони хориҷии худ дар пайи ноором кардани кишваранд."

Вай афзуд, "бори дигар такрор мекунам, шукронаи ин миллати солор, шукронаи ин Ватан, тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллӣ кунед. Бинед, давлатҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ бақувват буданд, ба хуну хок оғӯшта шуданд, порча-порча шуданд. Мову шумо як бор аз сар гузарондем. Бо умеди хоҷаҳои хориҷиятон нашавед.”

Ҷаноби Раҳмон аз институтҳои Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва факултаҳои ҷомеашиносӣ хост, ба таҳқиқи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, тавсеаи дидгоҳи дунявӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

"БА СУРИЯ АЗ МУҲОҶИРАТИ КОРӢ МЕРАВАНД"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иштироки баъзе аз ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳам ишора кард. Ӯ гуфт, аксари ин ҷавонон аз тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба он ҷо рафтаанд ва аз волидайн хост, нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошанд. “Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳонӣ падару модарони муҳтарамро ба таълиму тарбияи фарзандон ҷалб карда, таъкид менамоям, бомасъулият бошанд”,-афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон илова кард, “волидайн ва калонсолон бо чунин ҷавонон дар алоқа бошанд, зеро чуноне дида истодаед, аксари онҳое, ки ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ташкилоти террористӣ афтоданд ва ҳоло як қисмашон дар ҷангҳои даҳшатноки Ироқу Сурия мебошанд, онҳое ҳастанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аз рӯзи таваллуд ба тарбия машғул шудан даркор. Шумо ҳоло як қисми наворҳоро тамошо кардед. Магар ин мусулмонӣ аст?”

БАРҚ -- МУШКИЛИ РАҚАМИ 1

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ аз пешрафтҳои иқтисодӣ ситоиш кард, вале афзуд, "ба иллати бӯҳронҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, сиёсӣ ва молиявӣ бояд ба истеҳсоли бештар ва кам кардани воридот" даст ёбад. Ҳамзамон ӯ камбуди барқ дар Тоҷикистонро мушкили рақами яки кишвар донист ва гуфт, бебарқӣ яке аз монеаҳои рушди кишвар мебошад. Вай афзуд, бебарқӣ дар ҳаёти иҷтимоии сокинон низ мушкил эҷод кардааст. “Ин мушкили рақами яки Тоҷикистон аст”,-таъкид дошт оқои Раҳмон.

Ҷаноби Раҳмон дар идома гуфт, бо ин вуҷуд мақомот тамоми талоши худро хоҳанд кард, то ин мушкил рафъ гардад. “Каме ҳам бошад, беҳтар шуда истодааст”,-гуфт ӯ ва идома дод, “пештар дар шабонарӯз аз 2 то 4 соат барқ мегирифтем. Худи ҳамин шабу рӯз ба мардум зиёда аз 12 соат барқ дода мешавад. Ғайр аз он ки маркази ҳамаи шаҳрҳои мамлакат бо барқ таъминанд. Ғайр аз он, ки ҳамаи корхонаҳо, соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ бо барқ таъминанд.” Вай гуфт, вале рафъи мушкили бебарқӣ танҳо вазифаи ҳукумат набуда, балки сокинон ҳам барои сарфи нерӯи барқ аз технологияҳои каммасрафи барқӣ кор бигиранд.

Президент зикр кард, ки 22 миллион киловат-соат барқи Тоҷикистонро теелфонҳои мобил "хӯрдаанд".

АФЗОИШИ МАОШ

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ ваъда кард аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони будҷавиро афзоиш хоҳад дод. Ӯ гуфт, “аз ҷумла, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ - 15 фоиз, маориф - 20 фоиз, соҳаи ҳифзи ҷитимоӣ ва собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва меҳнат - 25 фоиз ва ҳадди ақалл ва ниҳоии нафақа то 20 фоиз боло бурда мешавад. Музди ҳадди ақалли маош аз 250 то 400 сомониро ташкил хоҳад дод.” Ӯ афзуд, барои амалӣ кардани ин иқдом аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад.

"2015 - СОЛИ ОИЛА"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ никоҳи хешутаборӣ байни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор донист. Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба 18 ҳазор кӯдаки маъюб дар кишвар ишора кард, ки аксари онҳо “ҳосил”-и никоҳҳои хешутаборианд. Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хост, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат пешниҳод тарҳи қонунро пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, дар синфҳои болои мактабҳои таҳсилоти умумӣ одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Раиси ҷумҳур дар ин росто пешниҳод кард, ки соли 2015 “Соли оила” эълон шавад.

Ӯ дар масъалаи ҳифзи тандурустӣ хитоб ба масъулони Вазорати беҳдошт гуфт, бояд коре кард, ки дигар аз президент сар карда, то вакилони парлумон барои табобат ба хориҷа нараванд, балки дар дохили кишвар бо табобат фаро гирифта шаванд.

"КӮЧ"-И ПАЁМ

Ҳар сол паёмҳои президенти Тоҷикистон ҳамчун барномаи кори ҳукумати ӯ дар моҳи апрел садо медоданд. Вале мақомоти давлатӣ мегӯянд, ба далели тағйири соли молиявӣ дар Тоҷикистон ин сана ба 23 январ "кӯчонда" шуд.

Қаблан ба нимаи дуюми апрел таъин шудани рӯзи паёми солона, зоҳиран ба он бастагӣ дошт, ки дар солҳои интихоботи парлумонӣ имкон дода шавад, ҳарду палатаи парлумон интихоб шаванд ва ба кор сар кунанд. Дар чунин солҳо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёмашро бо табрики вакилони нави парлумон шурӯъ кардааст. Имсол ӯ паёмашро ба вакилоне хоҳад расонд, ки ҳамагӣ баъд аз ду моҳ, дар аввали моҳи март ваколаташон ба поён мерасад.

Паёми солонаи раисиҷумҳур одатан аз маҷмӯи эъломияҳои муҳими Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои кори ҳукумат дар як соли гузашта, дастовардҳои он ва барномаҳои оянда иборат аст. Ҳарчанд бахшҳое аз он аз сол ба сол тақрибан такрор мешаванд, ҳар сол чанде аз масъалаҳои умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ дар он ҷойгоҳи бештар касб мекунанд.

Барои намуна, дар паёми соли гузаштааш раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 бор калимаи “занон”-ро истифода бурд. Бахши умдаи паём ба ширкати васеътари занон дар умури давлат рабт дошт.

Агар дар паёми солҳои 2002 ё 2005 ибораи “ҷойҳои нави корӣ” ягон бор садо надода бошад, дар соли 2014 ҳафт ва як пеш аз он 11 бор ба гӯш расидааст. Вале, зоҳиран, басомад ё чандомади вожаҳо ва ҳамчунон таъкиду диққати раҳбари давлат ба онҳо ба маъние нахоҳад буд, ки ҳукумати ӯ ин таъкидҳоро ба кори амалӣ васл хоҳад кард. Чунончӣ аз соли 2002 то 2014 вожаи “барқ” дар паёмҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 30 то 50 бор зикр шуд ва дар ҳамин муддат ибораи “рушди устувори иқтисодӣ” аз 49 то 81 бор.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG