Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Ситоди марказии ИМА генерал Ллойд Остин баргузор шуд.

Дар Душанбе рӯзи 27 август мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Ситоди марказии ИМА генерал Ллойд Остин баргузор шуд. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар масоили амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба зарурати таҳкими сулҳу субот дар минтақа таъкид карда гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар ин ришта бо вазъи Афғонистон иртиботи қавӣ дорад.

Ллойд Остин ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд додааст. Нирӯҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии НАТО охири соли 2014 Афғонистонро тарк карда масъулияти таъмини амният дар ин кишварро ба дӯши нирӯҳои миллии ин кишвар вогузор карданд. Генерали амрикоӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар ростои таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.

Дар ин мулоқот ҳамчунин доир ба вазъи сиёсиву амниятии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳои доғи мисли Ховари Миёна сӯҳбат шудааст.

Тафсилоти бештари диду боздидҳои генерали амрикоӣ феълан дар даст нест. Қарор аст ӯ то шоми имрӯз музокироти худро бо мақомоти Тоҷикистон анҷом дода кишварро тарк кунад. Дар мулоқоти ӯ бо президент ҳамчунин сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт низ ширкат дошт.

Сафари фармондеҳи ситоди марказии ИМА ба Тоҷикистонро як сафари корӣ арзёбӣ мекунанд.

Масъулони сафорати ИМА дар Душанбе мегӯянд, сафари генерал Ллойд Остин ба Тоҷикистон ҷанбаи ошноӣ дошта ва фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар дидор бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомию фанниро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи ин масъулон, генерал Ллойд Остин ба унвони фармонедҳи ситоди марказии артиши Амрико аз замони ба ин мақом таъин шуданаш дар се соли пеш ба кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон сафарҳо анҷом медиҳад. Дар ҷараёни ин сафарҳо роҳҳои густариш додани равобиту ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. ИМА ба густариш ва тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқаманд аст ва дар таҳкиму тақвияти нирӯҳои мусаллаҳ ва марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмакҳои худро дареғ нахоҳад дошт. Ин аст, ки муддати чанд соли ахир ИМА, ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нирӯҳои мусаллаҳи он кӯмакҳои фаннӣ, аз ҷумла, таҷҳизоту муҳимот ироа мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG