Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмон бо генерал Вотел


акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фармондеҳи фармондеҳии марказии нирӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Л. Вотел сӯҳбат аз ҳамкориҳои низомии ду кишвар рафтааст.

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фармондеҳи фармондеҳии марказии нирӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Л. Вотел сӯҳбат аз ҳамкориҳои низомии ду кишвар рафтааст. Сайти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот, ки рӯзи 15 июн дар Қасри миллат баргузор шуд, масоили ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Раҳмон гуфт, ки «Тоҷикистон ҳамкории худро бо ИМА дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа бахусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон арзёбӣ намуда таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад”. Дар ин мулоқот, бино ба иттилои расмӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кӯмаки байналмилалии молиявии ИМА, ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои дигари баландпояи ИМА дар ин охирҳо ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои низомиву амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъкид мекунанд. Дар суханронии рӯзи 9 июнаш дар баробари Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси Амрико Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба афзоиши мизони кӯмакҳо ба кишварҳои минтақа даъват кард.

Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард, ки барои будҷаи соли 2017 ба мизони кӯмакҳои Департаменти давлатӣ барои Қирғизистон 51,8 миллион доллар (39 % бештар), барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар (44 дар сад бештар назар ба соли гузашта), 11,6 миллион доллар барои Ӯзбакистон (9 % бештар), барои Қазоқистон – 8,8 миллион доллар (5 % бештар) ва барои Туркманистон 4,8 миллион доллар (43 % бештар) муқаррар шавад. Розенблюм гуфтааст, ки як бахши кӯмакҳо ба Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи омодагии касбии низомиёни тоҷик дар амри мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ, муқобила бо таҳдидҳои мисли қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҷангиёни хориҷӣ равона мешавад.

XS
SM
MD
LG