Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон аз вазирон баррасии "имкониятҳои СҲШ"-ро хост


Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷии СҲШ

Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷии СҲШ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хост, сиёсатҳои ин эътилофро ҷавобгӯи таҳдидҳои ҷаҳонӣ гардонанд.

Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 31 июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриТоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро мулоқот кард. Он гуна, ки хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ин мулоқот дар бинои Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони котиботи СҲШ ва кишварҳои узв -- Чин, Русия, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози сӯҳбат вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро хайра мақдам гуфт ва ба кори нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе барор хост. Вай изҳор дошт, ки СҲШ ҳанӯз имкониятҳои зиёде дорад, ки истифода нашудаанд ва роҳандозии онҳо яке аз вазифаҳои Тоҷикистон ҳамчун раиси даврии созмон хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки дар давоми мавҷудияташ СҲШ ба ғайр аз таъкиди манфиатҳои Русия ва Чин кори амалие анҷом надодааст, вале солҳои охир ду узви асосии созмон талош доранд, ба он моҳияти низомӣ диҳанд. Таъсиси маркази зиддитерорристии созмон ва чанд размоиши ахир дар қаламрави кишварҳои узв далели ин нукта буда метавонанд. Ба ақидаи коршиносон СҲШ бештар як эътилофи ташрифотӣ буда, ҳамкории аъзои он бештар дар заминаи паймонҳои дуҷониба ҷараён мегиранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нақши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар густаришу тақвияти ҳамкориҳо ва таъмини амният дар минтақа таъкид карда ва фаъолияти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро барои фаъолияти ин созмон ба манзури боло бурдани ҷойгоҳи ин созмони бонуфуз муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор масоили рушди Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва дигар мавзӯъҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шудааст.

Дар дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Сергей Лавров, Ван И, Эрлан Абдилдаев, Абдулазиз Комилов, вазирони корҳои хориҷии Руси, Чин, Қирғизистон, Узбакистон ва Аскар Мусинов, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳузур доштанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар чаҳорчӯби Панҷгонаи Шонгҳой дар соли 2001 ташкил шуд ва ба узвият он Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек, раёсати даврии СҲШ ба Тоҷикистон гузашт. Ба ин далел қарор аст, ки саммит ё нишасти сарони кишварҳои СҲШ низ дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG