Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мавориди таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва пайвастани бархе аз онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони кишвар рӯзи шанбеи 27 май аз афзоиши мизони ҷиноят дар миёни ҷавонон, таҳсили ғайриқонунии онҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва ширкати бархе аз ин афрод дар набардҳои Сурия ва Ироқ ибрози ташвиш намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба 370 ҷавоне ишора кардааст, ки "дар муассисоти таълими динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонда нашудаанд". Ба гуфтаи ӯ, аз ин ҷумла, 36 нафар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда ва дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

Раисиҷумҳурӣ ба ниҳодҳои дахлдор дастур додаст, ки "барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешида ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла, ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд".

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки пас аз маъракаи бозгардондани беш аз 3 ҳазор ҷавони тоҷик аз мадориси исломӣ дар Миср, Эрон, Покистон ва кишварҳои дигари исломӣ дар соли 2010, чӣ гуна ин афрод тавонистаанд дубора ба ин мадорис баргарданд?

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 30 май ба Озодӣ гуфт, ки дар маъракаи бозгашти дастҷамъии донишҷӯёни тоҷик аз мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар солҳои 2010-2011 иддае аз ҷавонони тоҷик ба ватан барнагаштанд. Аз ин лиҳоз, имкон дорад афроди боқимонда ба ҷумлаи 370 нафар шомил шуда ва бахши аслиро ҷавононе ташкил додаанд, ки дар солҳои ахир аз роҳҳои гуногун ва ба таври ғайриқонунӣ ба мадориси исломӣ роҳ ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки мумкин аст теъдоди воқеии донишҷӯёни тоҷик дар муассисоти таълимии кишварҳои хориҷӣ аз рақамҳои расмии давлати Тоҷикистон ба маротиб бештар бошад.

Ба эътиқоди Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабии Тоҷикистон, умдатан ҷавонон бо баҳонаи дарёфти кор ба Русия рафта ва дар он ҷо аз ҷониби гурӯҳҳои мазҳабӣ барои таҳсил дар мадориси исломӣ ташвиқ мешаванд. Аз ин лиҳоз, мушаххас кардани теъдоди воқеии ин гуна ҷавонон душвор хоҳад буд.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳодизода, ваъдаҳои мақомоти Тоҷикистон барои бо таҳсилу кор фаро гирифтани беш аз 3 ҳазор ҷавоне, ки 6 соле қабл аз мадориси кишварҳои исломӣ баргашта буданд, иҷро нашуд. Зеро Донишкадаи исломӣ, ки солона ҳудуди 300 нафарро ба таҳсил қабул мекунад, имкони бо таҳсил фаро гирифтани ин теъдод ҷавононро надошт. Дар паи мушкилоти таҳсил, дарёфти кор ва хатари ҷалби иҷборӣ барои хидмат дар артиш, ин афрод аз тариқи Русия дубора ба мадориси кишварҳои исломӣ баргаштаанд.

Ӯ гуфт: "Бар асоси арзёбии коршиносони хориҷӣ, бештари ҷавонони тоҷик ба ҳангоми таҳсил дар мадориси динӣ ва маросими ҳаҷҷ ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ҷалб мешаванд. Кишварҳои арабӣ, назири Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва Аморати Муттаҳидаи Араб барои ҷалби ҷавонон ба суфуфи гурӯҳҳои тундрави "Салафӣ" ва террористӣ миллион доллар масраф мекунанд. Донишҷӯёни мадориси исломӣ низ стипендияи калон мегиранд ва ин амр низ онҳоро ба мадрасаҳои динӣ ҷалб мекунад".

Дар ҳамин ҳол, Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 30 май ба Озодӣ гуфт, ки имкон дорад аз донишҷӯёни тоҷик дар мадориси динии кишварҳои хориҷӣ дар кори таблиғи идеяҳо ё ғояҳои бегона дар миёни ҷавонони кишвар истифода шавад.

Худойбердӣ Холиқназаров

Худойбердӣ Холиқназаров

Ҷаноби Холиқназаров гуфт: "Таъсири ҷавононе, ки ба таври ғайриқонунӣ, яъне, бидуни иҷозаи давлат дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба ҷавонони кишвар бояд қатъ шавад. Онҳо худашон мераванд, таҷриба надоранд, эҳтимол дар оянда аз онҳо истифодаи ғаразомез шавад".

Худойбердӣ Холиқназаров рӯзи 5 маи соли ҷорӣ дар як ҳамоиш низ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки "донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷро бештар ба ҳайси гумоштаҳо ё эмиссарҳо омода мекунанд". Аз ин лиҳоз, ӯ аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон даъват карда буд, ки "пеши роҳи онҳоро бигиранд".

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ниҳодҳои дахлдор ва хонаводаҳои ҷавонон хостааст, то барои баргардондани донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон роҳандозии "корҳои фаҳмондадиҳӣ" миёни донишҷӯёни муқими кишварҳои хориҷиро аз роҳҳои муассир барои ҳалли ин мушкил арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар як соли охир даҳҳо нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба хонаҳои худ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бозгаштаанд.

Зимнан, дар моҳи феврали соли гузашта Умедҷон Эмомов, мудири бахши дин дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 26 сокини шаҳри Кӯлоб бо шумули 3 зан бо талошҳои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сӯҳбатҳои телефонии падару модаронашон аз Эрон ва Миср ба ватан бозгаштаанд.

Тибқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба падару модарон фишор овардаанд, то онҳо фарзандони худро барои бозгашти фаврӣ ба ватан розӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG