Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба фурудгоҳи низомии "Айнӣ" чархболҳои ҷангӣ мефиристад


Вазорати дифои Русия гуфт, ки ба пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон чархболҳои ҷангӣ мефиристад. Ин тасмим баъди як рӯзи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин эълон шуд.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки ба пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон чархболҳои ҷангӣ мефиристад. Теъдоди чархболҳо ва сабаби интиқоли онҳо ба Тоҷикистон маълум нест, аммо Ярослав Рошупкин, намояндаи Ҳавзаи марказии низомии Русия ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, онҳо чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ буда, дар фурудгоҳи низомии "Айнӣ", дар 15-километрии ғарби Душанбе, ҷойгир хоҳанд шуд.

Ин тасмим 7 октябр, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ эълон мешавад, ки дар он оқои Раҳмон аз даргириҳо дар наздикии марзи кишвар бо Афғонистон шадидан нигаронӣ кард.

"Даргирӣ дар 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷараён дорад"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар тӯли беш аз 60%-и марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон даргириҳо ҷараён доранд. Ӯ гуфт, "вазъи шимоли Афғонистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва ин нигаронкунанда аст. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамзамон марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳисоб ёфта ва хатар ба марзҳои Тоҷикистон ин хатар ба ИДМ аст." Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Ин аст, ки ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, "дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт."

Дар ҳамин ҳол, Владимир Зайниддинов -- роҳбари маркази иттилоотиву таҳлили Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 7 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳои узви ин созмон тибқи талаби мақомоти зирабти Тоҷикистон ба онҳо кумакӣ фаннӣ ва низомӣ мерасонанд. Ба қалви ӯ, "ин кумакҳо бо назардошти дархости ҷониби Тоҷикистон минбаъд ҳам расонида мешаванд."

Ҷаноби Зайниддинов афзуд, ин кумакҳо иборат аз аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ аст, аммо бинобар сиррӣ будани ин маълумот аз ироаи ахбори бештар доир ба номгӯи ин таҷҳизот худдорӣ варзид. Ӯ гуфт, онҳо тасарруфи шаҳри Кундуз ва муқовимати нерӯҳои давлати Афғонистонро бо Толибон бо таваҷҷуҳ назорат мекунанд ва дар наздикии 70-километрии марзи Тоҷикистон сурат гирфитани ин ҳаводисро "барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ меииндоранд".

Вай афзуд, "тавре размоиши нерӯҳои зудамали СПАД нишон дод, артиши Тоҷикистон ва СПАД барои бартараф кардани ҳамагуна кӯшишҳои рахнаи марз ва ноамн кардани минтақа қодиранд."

Кумаки низомии Русия бар ивази қафаси тилоии ЕВРАЗЭС
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Ҳукумати Афғонистон ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон карда буд, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.

Муҳаммад Аюби Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки нерӯҳои амниятии афғон ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ҷанҷӯёни Толибон пас аз суқути шаҳр вориди тиллофурӯшиҳо, дӯконҳо ва хонаҳои мардум шуда, ба ғоратгарӣ даст задаанд. Пас аз як рӯз нерӯҳои давлатӣ амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Кундузро оғоз карданд ва бинои фармондеҳии амният ва зиндони Кундузро ба тасарруф дароварданд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Афғонистон таъкид шуда буд, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расида ва ин шаҳр аз дасти гурӯҳи Толибон озод шуд. То ба ҳол қисмати бештари шаҳри Кундуз аз дасти ҷангиёни Толибон озод шудааст, вале дар қисматҳое аз шаҳр даргириҳои пароканда идома дорад.

Ин сӯҳбати чоруми Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин тайи чор моҳи охир аст. Ӯ тобистони соли ҷорӣ ҳангоми сафараш ба шаҳри Уфа бо раиси ҷумҳури Русия мулоқот анҷом дода, баъдан онҳо дар ҷараёни ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе дидор карданд. Дидори дигари онҳо 4 сентябр, баъди ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва муовини вазири дифои Тоҷикистон дар Душанбе ва Ваҳдат сурат гирифт. Он вақт оқои Путин аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳифзи субот ҷонибдорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG