Пайвандҳои дастрасӣ

7 узви як оила барои қатли тилофурӯшҳо ба зиндон рафтанд


Ҳафт узви оилаи Раҳматовҳо - сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов - ба ҷурми қатли аъзои як хонаводаи тилофурӯш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Додгоҳи вилояти Суғд ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳоро ба ҷурми қатли хонаводаи Бобоевҳо, ки ба тиллофурӯшӣ машғул буданд, ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, ки 29 январ дар толори додгоҳи вилояти Суғд ва таҳти чораҳои шадиди амниятӣ эълон шуд, Олим Раҳматов ба ҳабси якумрӣ, Адиба Раҳматова ба 30 сол, Сарвиноз Раҳматова, Қиёмиддин Раҳматов, Адҳам Раҳматов, Ваҳҳоб Раҳматов – 28 сол ва Валӣ Раҳматов ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Муҳиддин Раҳматови 49-сола, яке аз гумонбарони аслии қатли хонаводаи тилофурӯшҳо, ки ҳамроҳи дигар аъзои хонаводааш дар ҳабси пешакӣ қарор дошт, моҳи сентябри соли гузашта дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд бар асари “сактаи дил” даргузашт.

Ҷӯрабек Шерзода, масъули парвандаи ин афрод гуфт, ки аъзои оилаи Раҳматовҳо инчунин барои ғорат ва нигаҳдории аслиҳа айбдор шудаанд.

Ҳодисаи куштори хонаводаи Бобоевҳо, ки ба фурӯши тило машғул буданд, моҳи июни соли 2013 рух дод. Дар он ҳодиса тамоми аъзои хонаводаи соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев - худи ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбек, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, кушта ва хонаашон оташ зада шуд.

Танҳо моҳи августи соли 2015 мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки гумонбарони аслии ин кушторро мушаххас кардаанд. Тибқи иттилои расмӣ, аввалҳои моҳи ҷорӣ аз шаҳри Екатеринбурги Русия бо дархости сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон ду узви дигари хонаводаи гумонбар дар қатли Бобоевҳо - падару писар Олим (44-сола) ва Қиёмиддин (20-сола) Раҳматовҳо истирдод шуданд. Онҳо дар пайгарди қонун қарор доштанд.

Дар моҳи августи соли гузашта 3 узви хонаводаи Раҳматовҳо – Муҳиддин ва фарзанди ӯ – Адҳами 20-сола ва падарбузурги ин оила – Ваҳҳоб Раҳматов дастгир шуданд. Тибқи иттилои ниҳоди тафтишотӣ, як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тилоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45-миллиметра дарёфт ва мусодира карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти оилаи Раҳматовҳо бо намоиши як навор эълон дошт, ки оилаи Раҳматовҳо дар куштори 7 сокини ҷавоҳирфурӯши Суғд ва ғорату раҳзании тиловориву ҷавоҳирот ва пули онҳо ба маблағи беш аз яку ним миллион сомонӣ айбдор дониста мешаванд. Дар ин навор Ваҳҳоб Раҳматови 75-сола мегӯяд, фарзандаш ба вай як аслиҳаи Калашниковро дода, пинҳон кардани онро хоҳиш кард ва ӯ онро ба халоҷо (туалет) партофтааст.

Бино ба маълумоти пулис, Муҳиддин Раҳматови фавтида соли 1999 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қазони Русия барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон ба 10 соли ҳабс маҳкум гардида, соли 2004 аз зиндон раҳо шудааст.

Бародараш – Олим Раҳматови 44-сола низ бо ин ҷурм қаблан ду маротиба, дар солҳои 2010 ва 2012 ҳабс шуда буд.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нишасти хабариаш моҳи июли соли 2015 ҷузъиёти боздошти аъзои оилаи Раҳматовҳоро шарҳ дода гуфта буд, Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов, тайи тақрибан даҳ соли охир ба "шикор"-и асосан тоҷирони маҳсулоти заргарӣ ва кормандони мубодилаи асъор машғул будаанд. Ба қавли генерал Назарзода, ин хонавода дар ин муддат 7 нафарро кушта, 1 миллиону 600 ҳазор сомонии тоҷирон ва кормандони мубодилаи асъорро тасарруф кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG