Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухтор Аблязов озод шуд


Мухтор Аблязов дар байн. Шаби 9 декабри 2016
Мухтор Аблязов дар байн. Шаби 9 декабри 2016

Мухтор Аблязов, аз мунтақидони ҳукумати Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва аз ҳокимони дарозумри минтақа, аз боздоштгоҳе дар Фаронса озод шудааст. Раҳоии ӯ ҳамагӣ баъд аз чанд соати лағви истирдодаш аз Порис ба Русия дар рӯзи 9 декабр сурат гирифт. Мадина Аблязова, духтари ин бонкдори собиқ, аксҳои дар ҳоли озодии ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, ки дар канори хонавода ва вакилони дифояш дида мешавад.

Мухтор Аблязов дар канори хонавода ва вакилони дифоъ
Мухтор Аблязов дар канори хонавода ва вакилони дифоъ

Қаблан, дар моҳи сентябри соли гузашта, Фаронса ризоят дода буд, Мухтор Аблязов ба Русия ё Украина истирдод шавад. Азбаски Фаронсаву Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ дар бораи интиқоли гумонбаронро надоранд, Порис наметавонист Аблязовро мустақим ба Остона таслим кунад.

Мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дуздии миллиардҳо доллари "БТА Бонки Қазоқистон", ки раҳбарияшро дар ихтиёр дошт, айбдор мекунанд. Аблязов баъди дар ихтиёри ҳукумати Қазоқистон қарор гирифтани ин бонк дар соли 2009 кишварашро тарк кард ва то соли 2011 дар Бритониё ба сар бурд. Раиси пешини шӯрои мудирони БТА Бонки Қазоқистон аз тобистони соли 2013 дар яке аз маҳбасҳои Фаронса нигаҳдорӣ мешуд.

Вай дар Русияву Украина низ барои дуздии пул муттаҳам дониста мешавад. Вале худаш ин иттиҳомотро қабул надорад ва борҳо гуфтааст, ки айбномаи ӯ сохта буда, ангезаи сиёсӣ дорад. Нилс Мелсер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, низ рӯзи 7 декабр аз Порис хоста буд, ки аз истирдоди Аблязов худдорӣ кунад, чун, ба гуфтаи ӯ, ин мухолифи қазоқро дар Русия ва, ҳамин тавр, ватанаш шиканҷа интизор аст.

Акси Нурсултон Назарбоев дар рӯи пули миллии Қазоқистон
Акси Нурсултон Назарбоев дар рӯи пули миллии Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, тобистони имсол ба синни 76 расидааст ва аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ аст. Ӯ дар 39-солагӣ котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон ва соли 1984, дар синни 44 раиси Шӯрои вазирони Қазоқистон таъин шуд ва соли 1990 дар порлумон президенти ин ҷумҳурии ҳанӯз Шӯравӣ интихоб шуд.​

Вай 1 декабри соли 1991 дар нахустин интихоботи саросарии раёсатҷумҳурии Қазоқистон, ки бидуни рақиб гузашт, бо касби 98,7 дарсади овозҳо пирӯз шуд. Соли 1995 замони раёсати ӯро тавассути як раъйпурсӣ тамдид карданд. Назарбоев ҳамин тавр, бо касби аксарияти кулли овозҳо дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2005, 2010 ва 2015 ғолиб эълон шуд ва замони раёсаташро то соли 2020, ки ба синни 80 хоҳад расид, тамдид кардааст.

Дар соли 2010 Қазоқистон қонун дар бораи раисиҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони Элбаси – Пешвои миллат дода шуд.

Мунтақидонаш Назарбоевро ба он айбдор мекунанд, ки дар тақсими мансабҳои давлатӣ ба хешу табори худ, аз ҷумла ба фарзандону домодҳо ва ҷиянҳояш бартарӣ медиҳад ва шахсиятпарастиро дар Қазоқистон авҷ додааст. Дар бораи Назарбоев дар Қазоқистон садҳо китоб навишта шуда, моҳи апрели соли равон филми панҷум аз силсилафилми “Роҳи пешво” ба намоиш даромад. Ин силсилафилм роҳи зиндагии президенти Қазоқистонро аз овони кӯдакӣ то имрӯз қисса мекунад ва гуфта мешавад, серияҳои навбатиаш ҳанӯз дар роҳанд.

XS
SM
MD
LG