Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муттаҳамони куштори Алиев аз ҷавобгарӣ озод шуданд


Додситонии шаҳри Вена бо ҳукми додгоҳи маҳаллӣ, ки ду ҳамутоқи Роҳат Алиевро дар таҳдиди куштори ӯ бегуноҳ номидааст, норозӣ буда, аз болои ин ҳукм шикоят мебарад.

Додситонии шаҳри Вена бо ҳукми додгоҳи маҳаллӣ, ки ду ҳамутоқи Роҳат Алиевро дар таҳдиди куштори ӯ бегуноҳ номидааст, норозӣ буда, аз болои ин ҳукм шикоят мебарад. Бо қарори додгоҳ ин ду нафар, ки аз ҷониби Алиев дар таҳдиди куштор айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон шудаанд. Додгоҳе дар шаҳри Вена рӯзи 4 август ҳукм кард, ки ду марде, ки ҳамроҳ бо Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон дар боздошт нигаҳдорӣ мешуданд, сафед карда шаванд. Дар гузашта Алиев ин нафаронро дар таҳдид ба ҷонаш айбдор карда ба вакили дифояш гуфта буд, ки аз ҷонаш ҳарос дорад.

Роҳат Алиев пеш аз марг гуфтааст, ки ин нафарон аз ӯ пул талаб мекарданд ва чандин бор таҳдид кардаанд, ки агар хости онҳоро иҷро накунад, тарзе кушта мешавад, ки онро чун худкушӣ арзёбӣ мекунанд. Ҷасади Роҳат Алиеви 52-сола рӯзи 24 феврал соати 7:20 ба вақти маҳаллӣ дар ҳаммоми ҳуҷраи тоқае, ки ӯ нигаҳдорӣ мешуд, пайдо шуд. Тафтишот гуфт, ки Алиев худро ба дор овехтааст. Вале ин хулосаро вакили дифои ӯ ҳамеша мавриди шубҳа қарор дода гуфтааст, ки Роҳат Алиев аслан дар фикри қасди ҷони худ набуд ва ният дошт барои озодиаш аз боздошт мубориза барад. Алиев дар моҳи июни соли 2014 аз ҷониби полиси Австрия ба боздошти муқаддамотӣ гирифта шуд.

Охири соли 2014 ӯро дар куштори ду раҳбари собиқи «Нурбонк» дар соли 2007 гумонбар эълон карданд вале як моҳ пеш аз шурӯи мурофиаи додгоҳӣ ҷасади ӯро пайдо карданд. Котиби матбуотии додгоҳи Вена Кристина Залтсборн ба бахши Қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ дар бораи шикояташ аз болои додгоҳ ба таври шифоҳӣ хабар дода, акнун чор ҳафта фурсат дорад, ки шакли хаттии шикояташро ироа кунад. Айни замон, вакили дифои Роҳат Алиев Клаус Айнедтер мегӯяд, додгоҳ ба он хотир ин ду мардро сафед кард, ки шаҳодати дигаре дар заминаи гунаҳгор будани онҳо надошт.

«Роҳат Алиев дигар зинда нест ва дар ин парванда шоҳиди асосӣ ҳам дигар вуҷуд надорад. На видео, на аудио, на шоҳид, ки вуҷуди таҳдидҳоро ба ҷони Алиев тасдиқ кунад, дар даст нест. Аз ҳамин хотир, додгоҳ ин нафаронро сафед кард». Дар ҳоле, ки исми ҳамутоқони Алиев маълум нест ва вакили дифои яке аз онҳо таъкид мекунад, ки аз ифшои ҳуввияти зерҳимояаш бо хости ӯ худдорӣ мекунад, барои матбуот танҳо синну соли гумонбарон маълум асту бас: яке 41 ва дигаре 20-сола мебошанд.

Гуфта мешавад, ки ин мардҳо барои ҷиноятҳои сангин боздошт шуда, ҳамроҳ бо Алиев дар зиндони Йозефштадт нигаҳдорӣ мешуданд. Дар додгоҳ муттаҳамон таҳдиду тамаъҷӯиро дар нисбати Роҳат Алиев рад кардаанд. Матбуот мегӯяд, ки марди 41-сола гуфтааст, ки забони англисиро намедонад ва аз ҳамин хотир, бо Алиев ҳамсӯҳбат шуда наметавонист, дар ҳоле, ки худи Алиев забони олмониро хеле бад медонист. Вале ба гуфтаи вакили дифои Алиев, онҳо пайваста бо зерҳимояаш омада сӯҳбат мекарданд ва кӣ будани ӯро хуб медонистанд.

Вакили дифоъ гуфт, ки ба Алиев чандин бор таъкид кардааст, ки худро аз ҳамаи дигарон дур гирад ва бо ягон нафари бегона сӯҳбат ва эътимод накунад. Ҳоло танҳо нафаре, ки ба худкушии Алиев бовар намекунад, ҳамин вакили дифоъ Клаус Айнедтер аст. Роҳат Алиев, сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия ва ҳамсари духтари калонии президент Нурсултон Назарбоев – Дариға Назарбоева - барои азхудкунии маблағҳои зиёд, куштори ду раҳбари собиқи «Нурбонк» Ҷолдас Темиралиев ва Айбар Ҳасенов дар соли 2007 ва ҳамчунин хилофкориҳои дигар айбдор мешуд. Худи Алиев ҳамеша иттиҳомоти кушторро рад карда дар замони зиндагиаш дар Вена як китоби фошкунандаи аъмоли Нурсултон Назарбоевро бо номи «Крестный тесть» нашр кард. Июли соли ҷорӣ дар Вена додгоҳ ду нафари дигар – собиқ афсарони КГБ Алнур Мусоев ва Вадим Кошлякро, ки аз рӯи парвандаи «Нурбонк» муҳокима мешуданд, озод кард. Ин нафарон аз иттиҳоми ширкат дар куштори ду раҳбари «Нурбонк» ҳам сафед шуданд.

XS
SM
MD
LG