Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди собиқи президент дар Вена боздошт шуд


Роҳат Алиев
Роҳат Алиев

Собиқ домоди президенти Қазоқистон ва дипломати пешини ин кишварро дар Австрия ба ҳабс гирифтанд.

Тибқи иттилои Хабаргузории Франс пресс, Роҳат Алиев, собиқ шавҳари духтари калонии президенти Қазоқистон Дариға Назарбоева ва собиқ сафири ин кишвар дар Австрия шоми панҷшанбе 5-уми июн дар шаҳри Вена ба ҳабс гирифта шуд. Ҷузъиёти ҳабси Роҳат Алиев то ҳол шарҳ дода нашудааст. France-Press аз қавли ҳимоятчии собиқ домоди президент хабар медиҳад, ки Роҳат Алиев худашро довталабона ба мақомоти қудратии Австрия таслим кардааст. Гузориш дода мешавад, ки Роҳат Алиев, бо ҷурми одамрабоӣ ва куштор гунаҳкор дониста мешавад.

Додгоҳи Қазоқистон Алиевро бо ҷурми қатли ду корманди бонки «Нурбанка» Жолдас Тимралиев ва Айбар Ҳасенов дар соли соли 2007, ки ҷасадҳо соли 2011 ёфт шудааст, гунаҳкор медонад. Остона қаблан аз ҳукумати Австрия истирдоди Алиевро, ки дар Қазоқистон дар ғайбаш бо ҷурмҳои ҷиноӣ ба мӯҳлати тӯлонӣ ҳукми ҳабс бароварданд, талаб намудааст.

Собиқ дипломат ва сиёсатмадори фирории Қазоқистон дар кишвари худ на танҳо бо ҷурми куштор ва одамрабоӣ, инчунин бо гумони таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ, кӯшиши табодулоти давлатӣ ҳам гунаҳкор дониста шудааст. Додгоҳи Қазоқистон бо ин ҷурмҳо Алиевро дар мурофиаи додгоҳӣ дар ғайбаш ба 20-соли зиндон маҳкум кардааст.

Моҷарои нахустини миёни Алиеву Назарбоев соли 2001 сар зад, вақте гурӯҳҳои наздик ба раиси ҷумҳур ба вай иттилоъ доданд, ки домодаш бо ҳадафи барканор кардани Назарбоев талош дорад, ба обрӯи вай зарба занад. Дар мусоҳибаҳои худ ҳафтаи ҷорӣ Роҳат Алиев гуфт, ки Назарбоев вайро барои хоҳиши ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар муҷозот мекунад. Аз нигоҳи таҳлилгарон, ахиран ба дунболи тағйир додани Қонуни асосии Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев роҳи худро барои раҳбарии бардавоми кишвар боз кард ва ҳоло мехоҳад аз рақиб ва дар айни замон, мухолифи аслии худ ба ин мақом раҳо шавад. Роҳат Алиев 44 сол дошта, гуфта мешавад, бо кӯмаки раиси ҷумҳур ва падарарӯси худ дороиҳояшро ба чандин миллард доллар расонидааст.

Ҳамчунин моҳи январи соли 2014 марде, ки барои созмондиҳии куштори Алтинбек Сарсенбай уғлу-яке аз мухолифони сиёсии Қазоқистон ва ду нафари дигар аз ҳамроҳони вай муттаҳам мешавад, гуфта буд, ки вай дар ин куштор фармони Роҳат Алиев-домоди вақти Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишварро иҷро кардааст.

Ин марди муттаҳамшуда Рустам Иброҳимов ном дорад ва ин кушторро дар соли 2006 анҷом дода буданд. Иброҳимов барои ҳабси абад маҳкум шудааст ва рӯзи душанбе дар бозпурсии такрорӣ изҳор дошт, ки ҳоло мехоҳад ҳақиқатро бигӯяд, зеро худро шарманда эҳсос мекунад ва одами дигар барои ин куштор зиндонӣ шудааст.

Эржан Отембаев-раҳбари пешини дафтари порламони Қазоқистон барои ин куштор соли 2006 муттаҳам шинохта шуда буд ва гуфтанд, ки вай дастури ин кушторро содир кардааст. Барои ҳамин вайро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Вале моҳи ҷорӣ мурофиаи такрории Отембаев оғоз шуд ва бозпурсиҳо нишон медиҳад, ки ин дастурро Роҳат Алиев содир кардааст.
XS
SM
MD
LG