Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Дариға ба ҳунар ва сиёсат


Дариға, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон
Дариға, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон

Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон пас аз 4 соли хомӯшӣ дигарбора ба ду саҳна - ҳам саҳнаи ҳунар ва ҳам саҳнаи сиёсӣ бармегардад.

Ҳафтаи оянда рӯзи 14 декабр, Дариға Назарбоева, дар яке аз толорҳои мӯҳташами мусиқии шаҳри Алмаато бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон консерт хоҳад дод ва таронаҳои классикии хориҷӣ, қазоқӣ ва русиро хоҳад хонд.

Пештар аз ин Дариға рӯзи 1-уми декабр дар “Болшой Театр”-и Русия ҳунари овозхонии худро нишон дод ва консерташ ҳам “Салом Русия” унвон дошт. Аммо духтари 48-сола ва фарзанди калонии раиси ҷумҳури Қазоқистон зоҳиран бо консертдиҳӣ иктифо нахоҳад кард ва ҳунари худро дар саҳнаи сиёсӣ нишон хоҳад дод. Ӯро ҳизби ҳокими “Нуротан”-и Қазоқистон дар феҳрасти ҳизбии худ ворид кардааст ва ғолибан яке аз курсиҳои порлумони кишвар баъди интихоботи моҳи январ аз они ӯ хоҳад буд.

Падар ҳарф мезанад ва духтар мешунавад
Падар ҳарф мезанад ва духтар мешунавад
Дариға Назарбоева, чаҳор сол пеш баъди онки шавҳари собиқаш Роҳат Алиев дар чашми падарӯсаш бад шуд ва ба хориҷа гурехт, ба интихоби сахте рӯ ба рӯ гашт. Ё шавҳари расвову рондашуда, вале падари фарзандонашро интихоб кунад ва ё аз ӯ бурида дар сиёсат бимонад.

Дариға Назарбоева роҳи дуввумро баргузид. Ӯ чанд вақт вакили порлумон монд ва то баҳори соли 2007 бо модараш, раиси ҷумҳур Назарбоевро дар сафарҳои расмиаш ҳамроҳӣ мекард ва баъди пароканда шудани порлумон дар ҳамон сол дигар ба феҳрасти ҳизби ҳокими “Нуротан” роҳ наёфт.

Дар он замон таҳлилгарони қазоқ Дариға Назарбоеваро вориси эҳтимолии падараш медонистанд ва ҳоло бозгашти ӯ ба саҳнаи сиёсиро низ тасодуфӣ намедонанд. Досим Сатпоев, таҳлилгари сиёсии қазоқ дар ин бора мегӯяд: “Сӯҳбатҳо дар бораи вориси раиси ҷумҳур аз солҳои гузашта идома дошт ва рӯз ба рӯз муҳимтар мешавад. Аз ин рӯ ба андешаи ман ҳузури ӯ дар порлумон тасодуфӣ нест.”

Аммо Дариға Назарбоева дар солҳои баъдӣ ҳам ба истилоҳ бекор нанишаст ва раиси Бунёди нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон буд ва ҳоло дар ҳамин мақом ба феҳрасти ҳизбии “Нуротан” шомил шудааст.

Шавҳари ӯ Роҳат Алиевро, ки дар Аврупо паноҳ бурдааст, ба фасодкорӣ ва қатл муттаҳам мекарданд, вале Дариға Назарбоева, дар ин масъала
Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев
Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев
хомӯшӣ ихтиёр карда буд. Танҳо соли 2008 дар як нашрияи интернетӣ ӯ вазъи хешро чунин тасвир кард: “Андешаҳои ман тағйири ҷиддӣ нахӯрдаанд. Зиндагӣ ҳадди аққал як бор моро ҳамчун инсон имтиҳони ҷиддӣ мекунад, вале ин набояд мояи ноумедӣ шавад. Ин як ангезае барои дарс гирифтану хирадмандтару тавонотар шудан аст.”

Дариға Назарбоева то кунун дар бораи масъалаи ворисӣ эҳтиёткор будааст ва боре ҳам гуфтааст, ки “на ӯву на писаронаш” даъвои раёсати ҷумҳурӣ надоранд. Дариға Назарбоева, ки ду писару як духтар дорад, бозгашташро аз саҳнаи ҳунар шурӯъ кард, то дили ҳамватанонашро ба даст орад, вале вақт нишон хоҳад дод, ки духтари раиси ҷумҳури тақрибан 72-солаи Қазоқистон хоҳад тавонист, аз минбарҳои сиёсӣ низ дили мардуми кишварашро ба даст орад ё на.
XS
SM
MD
LG